Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ-ИЛМӢ ВА ТАБЪУ НАШРИ АКАДЕМИЯИ ВКД

001

Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори шуъба, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия, аъзои Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 13 сентябри соли 1989 дар н. Фархор таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Соли 2007 МТМУ № 17 бо номи Ё. Бегов дар н. Фархор ва соли 2014 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2014 то соли 2016 дар кафедраҳои «Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология»-и факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то 2019 дар адъюнктураи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург таҳсил намуда, соҳиби диплом дар самти «Ҳуқуқшиносӣ» гардидааст. 23 декабри соли 2019 рисолаи илмиашро зери роҳбарии профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург – Епифанов Борис Василевич дар мавзуи «Институти доғи судӣ аз рӯйи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон ва Россия» аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳоиҳуқуқшиносӣ) дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург ҳимоя намудааст. Аз соли 2020 то 2022 сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ ва аз соли 2022 то ин ҷониб дар вазифаи садори шуъба фаъолият менамояд.

Муаллифи беш аз 60 корҳои илмӣ ва таълимӣ мебошад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар нашр гардидаанд. Ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди илм, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ борҳо қадрдонӣ шудааст.

02

ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ-ИЛМӢ ВА ТАБЪУ НАШР ҳанӯз аз соли 1991, ки Мактаби миёнаи махсуси милитсия ба Мактаби олии милитсия табдил дода шуда буд, оғоз гардида, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзи ташкил ва ташаккули Шуъбаи илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии онро шахсиятҳои зерин аз ҳисоби муовини сардор оид ба илм ба уҳда доштанд:

- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Қурбонов Юрий Алиевич (1991-1997);

- номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Абдулов Аслам Мирович (1997-2002);

- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ. (2002-2007).

Соли 2007 ба воҳидикорииАкадемиятағйиротворидгардида, дар асоси он вазифаи сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ташкилёфт. Шуруъ аз соли 2007 роҳбарии шуъбаро шахсони зерин ба уҳда доштанд:

- СаидолимК.С. - номзади илмҳои филология, подполковники милитсия (2004-2006);

- ХокироевР.Г. - номзади илмҳои филология, дотсент, подполковники милитсия (2006-2013);

- ҒафуровМ.Ҳ. - номзади илмҳои техникӣ, дотсент, полковники милитсия (2013-2014);

- РаҳмадҷонзодаР.Р. - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия (2014-2016);

- Мансурзода А.М. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия (2016-2022).

Дар айни замон қисми илмиро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполконики милитсия Заробидинзода С.З. роҳбарӣ менамояд.

Барои рушди шуъба дар солҳои гуногун кормандони зерин саҳми худро гузоштаанд, ки дар қатори онҳо номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф.С. Хайруллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ А.Қ. Рустамзода, С. Миров, Р.М. Ҳаитова, Ҷ.З. Сафолов, Л.Ф. Ахмедова, Н.А. Валиёр, Ф.А. Убайдуллозода, М. Кенҷаева, Ф.Ю. Пулодӣ, М.К. Қодирова, Ҷ.Х. Одиназода, Ш. Одиназода, Б.А. Розиқзода, Ф.А. Буриев, Б. Баҳромзода, А.О. дудиева, О. Каримзода буданд.

Дар айни ҳол дар воҳидҳои кории Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони зерин фаъолият мекунанд:

- сардори Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Заробидинзода С.З.;

- котиби Шурои олимон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Абдурашидзода А.А.;

- сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Каримова Л.М.;

- ходими калони илм, майори милитсия Расулзод Л.;

- ходими илмӣ, майори милитсия Маҳинаи Нуралӣ;

- ходими илмӣ, лейтенанти калони милитсия Мирзоев М.М.

Шуъбаи илм фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ «Дар бораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармонҳои сардори Академия ба роҳ мондааст.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар навбати худ ду самти асосиро таъмин менамояд:

  • Таъминоти илмӣ ва методии ҷараёни таълим, ки он барои дар заминаи дастовардҳои илмӣ асоснок кардани раванди омӯзиш равона карда шудааст ва барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос хизмат мекунад;
  • Амалӣ намудани тадқиқоти бунёдӣ ва ё амалӣ дар соҳаи муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ.

Касбомӯзӣ дар Академия ҳамеша бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пайваст буда, дар заминаи навтарини дастовардҳо дар соҳаи ташкили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳадаф тавассути ба ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб кардани мутахассисони аълодараҷа – педагогҳо, олимон, кормандони амалӣ ба даст меояд, ки он аз нерӯи муқтадири илмӣ-педагогии Академия шаҳодат медиҳад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону профессорони Академия дар асоси санадҳои меъёрии давлатӣ ва идоравие, ки чунин навъи фаъолиятро дар муассисаҳои олӣ ва илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ба танзим медароранд, сурат мегирад. Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД раванди корҳои илмиву тадқиқотӣ ва баҳисобгирии натиҷаҳои онҳоро муайян карда, ба танзим медарорад.

Натиҷаҳо ва самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷлисҳои кафедраҳо, маҷлисҳои якҷояи Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ бо кафедраҳо, Шӯрои олимон ва маҷлисҳои таъҷилии назди сардори Академия муҳокима мегарданд. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД аз самтҳои зерин иборат аст:

- гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

- гузаронидани тадқиқоти диссертатсионӣ (ҳам докториву ҳам номзадӣ);

- доир намудани конференсияҳою семинарҳо ва мизҳои мудаввар.

ШУРОИ ОЛИМОН. Шурои олимон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.

Бо мақсади дастаҷамъӣ (коллегиалӣ) баррасӣ намудани масъалаҳои фаъолияти асосӣ дар Академия органи басолоҳияти интихобӣ – Шурои олимон, таҳти роҳбарии сардори Академия таъсис дода шудаст.

Вазифаи асосии Шурои олимон ҳамоҳанг намудани нерӯи ҳайати профессорону омӯзгорон мебошад, ки барои таъмин ва такмили ҷараёни таълим равона карда шудааст.

Шурои олимон дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:

- раиси Шурои олимон – сардори Академия;

- котиби Шурои олимон;

- сардорони ҷузъу томҳои Академия;

- олимони Академия;

- намояндагони ҳайати педагогӣ ва илмие, ки дар ҷаласаи умумии коллектив интихоб шуданд.

Солҳои 2003-2012 котиби Шуро полковники милитсия Миров С.М. буд.

Ҳозир бошад, котиби Шуро олимон – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Абдурашидзода А.А. мебошад.

Нахустин раиси Шурои олимони Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ шодравон Ҷумаев Усмон Саломович (аз марти соли 1992 то январи соли 1993) буд. Ҳайати Шурои олимон дар ҳамон солҳо аз 17 аъзо иборат буд, ки аз онҳо 3 нафар доктор ва 9 нафар номзадҳои илм ба шумор мерафтанд.

Сипас, Шурои олимон аз январи 1993 то июли 2000 таҳти раисии сардори Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия (алҳол генерал-полковник), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Каҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович қарор дошт. Дар он солҳо ҳайати Шӯрои олимон аз 15 аъзо, 1 доктор ва 9 номзади илм иборат буд.

Баъди табдил ёфтани Мактаби олӣ ба Академияи ВКД, фаъолияти Шурои олимон аз июли 2000 то июли 2005 таҳти раёсати генерал-майори милитсия, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, шодравон Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович қарор дошт. Ҳайати Шурои олимон дар он солҳо аз 19 аъзо: аз ҷумла 3 доктор ва 13 номзади илм иборат буд. Сипас, солҳои 2005-2009 раёсати Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-майори милитсия шодравон Дӯстов Файз Дӯстович бар дӯш дотааст, ки ҳайати ҳамонвақтаи он аз 21 аъзо: аз ҷумла 2 доктор ва 14 номзади илм иборат буд.

Аз январи соли 2009 то декабри соли 2013 Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдуҳакими Шералӣ дошта, ки ҳайати он аз 21 аъзо: аз ҷумла 2 доктор ва 17 номзади илм иборат будааст.

Аз декабри соли 2013 то январи 2014 раёсати Шурои олимон Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода бар зимма дошт, ки ҳайати он аз 21 аъзо: аз ҷумла 3 доктор ва 18 номзади илм иборат буд.

Аз январи 2015 то моҳи феврали соли 2024 Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ фаъолият намуд,

Аз моҳи марти соли 2024 то ин ҷониб Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло қарора дорад, ки ҳайати он аз 23 аъзо: 4 доктор ва 19 номзади илм иборат мебошад.

Олимони Академия дар пешрафти илми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро гузошта, дар инъикоси воқеии таърихи милитсияи тоҷик, ки қаблан саҳифаҳои зиёди норавшан дошт, саҳмгузор мебошад. Хизматҳои олимони Академия ҳамчунин дар таъсиси осорхонаи ВКД, омода намудани маводи хронникавӣ-ҳуҷҷатӣ, ки баёнгари фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд, назаррас аст.

ФАЪОЛИЯТИ ТАБЪУ НАШР. Яке аз нишондодҳои муҳимми самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нашр намудани маводи илмию таълимӣ ба шумор меравад. Бо қувваи ҳайати профессорону муаллимони Академия шумораи зиёди китобҳои дарсӣ, монография, маҷмӯаи осори илмӣ, брошюраҳо, мақолаҳои илмӣ, маводи таълимӣ-методӣ таҳия шуда, даҳҳо пешниҳоду таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Шӯъбаи табъу нашр ва маҷаллаи илмиву назариявӣ «Осори Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Труды Академии Республики Таджикистан) мебошад.

Маҷалла тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишор мешавад.

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Осори Академия» нашрияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фарогирандаи бахшҳои ҳуқуқ, таърих, фалсафа, филология, иқтисод, информатика ва фанҳои дақиқ мебошад.

Дар маҷалла натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону олимон, омӯзгорони Академияи ВКД ва олимони ватаниву хориҷӣ нашр карда мешаванд.

Маҷаллаи илмӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтан таҳти № 335/МҶ-97 аз 1-уми марти соли 2024. Маҷаллаи илмӣ аз соли 1998 нашр мегардад.

Маҷаллаи илмӣ соли 2015 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шуд.

Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз 6-уми июни соли 2017 (аз моҳи июли с. 2023 аз нав ба қайд гирифта шудааст) маҷаллаи илмӣ ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризӣ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гарданд ва бо қарори Президиуми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2018 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии диссертатсияҳо аз рӯйи самти омода кардани докоторҳои фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантҳо, докторантҳо ба чоп расонда шаванд, ворид гардид.

Дар маҷалла мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешаванд.

Ҳамчунин, олимони барҷаста ва шинохтаи ҷумҳурӣ ва ҳам давлат-иштирокчиёни ИДМ ба ҳайати таҳририи «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» шомил карда шуданд, ки дар интихоб кардан, омода намудан ва баҳо додани асарҳо ва дигар корҳои илмӣ кӯмаки худро мерасонанд ва он чун кафолати сифатнокии маводди илмӣ баромад мекунад.

Тибқи Фармоиши КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 116 аз 24 октябри соли 2024, барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои назаррас дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, нашри маводи арзишманди илмӣ ва муаррифии неруи зеҳнии кишвар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии тақризшавандаи «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин «Маҷаллаи илмии тақризшавандаи беҳтарин»  дониста шуд.

ФАЪОЛИЯТИ ИМЛӢ.Дар Академияи ВКД таълиму тарбия пайваста ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷараён мегардад. Таҳияи барномаю дастурҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ дар меҳвари ҷустуҷӯ ва тадқиқоти олимони Академия қарор дорад. Дар 32 сол аз тарафи олимони Академияи ВКД зиёда аз 200 монография, 85 китоби дарсӣ, зиёда аз 600 васоиту дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 3000 мақолаҳои илмӣ, беш аз 2000 коркарду пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии идоравӣ ва фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 20 маҷмуи корҳои илмӣ ва ғайра таълиф шудаанд, ки натиҷаҳои он дар фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва фаъолияти амалиии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ татбиқ гардидааст.

Олимони Академия бевосита дар омода сохтани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зуроварӣ дар оила», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва ғайра фаъолона иштирок намудаанд. Дастовардҳои олимони Академияи ВКД аз ҷониби олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, кормандони амалии ҳуқуқтатбиқкунанда ва инчунин, аз ҷониби намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд.

Дастоварди бузурги олимони Академия – таълиф намудани «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки он дар ҳаҷми 880 саҳифа ба чоп расидааст.

Дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик таълифи пурра ва яклухти “Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин падида ва яке аз иқдомҳои нек мебошад. Падидаест, ки аввалин бор чунин китоб ба забони давлатӣ иншо шудааст ва ба табъ расонидани чунин китоб дар илми ҳуқуқи ватанӣ воқеаи фараҳбахш ба шумор рафта, дорои аҳаммияти калони илмию амалӣ мебошад. Чунин иқдоми олимони Академияи ВКД дар ҳамкорӣ бо судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парламенти Ҷумҳурӣ шоёни таҳсин аст. Зеро бори нахуст дар ҳаҷми пурра тафсири қонуни ҷиноятиро бо назардошти ақидаҳои арзишноки илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ва таҷрибаи пешқадами судии мамлакат омода ва чоп кардаанд.

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.Марҳилаи ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо болоравии нақши маориф, ки ба ҳолати он таъсири калон расонида ва асоси пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро муайян мекунад, маънидод карда мешавад. Беҳбудии ҷамъият, комёбиҳо ва натиҷаҳои инкишофи он қариб ба ҳамаи ҷабҳаҳо ва солиҳаҳои фаъолият аз дараҷаи маълумотнокии аъзоёни он вобастагии калон дорад.Дар шароити наздикшавӣ ва мутобиқкунонии низоми маорифи миллӣ бо мақсади ташкил додани фазаи ягонаи умумибашарии маълумоти олӣ бидуни ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмин кардани рақобатнокии муассисаҳои ташкилоти олӣ ноимконпазир аст. Маҳз, барои ҳамин, ҳамкории байналмилалӣ қисми ҷудонашавандаи фаъоляти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун воситаи муҳим дар таъминкунии сифати маълумоти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Инкишофи муносибатҳои шарикӣ бо донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таҳсилоти касбии олиро дар раванди таълим ба Академия имконият медиҳад. Барои Академияи мо инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои қудратии давлатҳо, бешубҳа, яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб ёфта, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.

Мақсаднокии асосии фаъолияти байналмилалии Академияи ВКД – ин баланд бардоштани сифати маълумот дар асоси ҳамкорӣ бо иттиҳоди академикии байналмилалӣ ба воситаи инкишофи барномаҳои таълимии муқоисашуда бо стандарти байналмилалӣ, истифодаи навоварии педагогӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди навтаъсис будани бахши робитаҳои байналмилалии Академия, аллакай 42 шартнома ва созишномаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расидааст. Алоқаҳои илмӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотии хориҷӣ ба роҳ монда ва мустаҳкам карда шуданд. Олимон ва мутахассисони Академияи ВКД дар зиёда аз 800 чорабиниҳои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидашуда ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Мустаҳкам намудани алоқаҳои тарафайн, пайдо намудани шаклҳои ғайрианъанавии ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, ҳаёти имрӯзаи байналмилалии Академияро муайян мекунанд. Барои ҳамин, Академияи ВКД дар оянда низ дӯстию ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монади Барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон, Сафорати ШМА дар Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (МОМ), Барномаи рушди Созмони Миллии Муттаҳид, Раёсати комиссари олии Созмони Миллии Муттаҳид оид ба корҳои гурезагон, Раёсати Созмони Миллии Муттаҳид оид ба маводи муҳаддир ва ҷинояткорӣ, Бюрои муҳофизати ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалии “Иттифоқи криминологҳо ва криминалистон”, “Инсон ва Адолат”, “Дунёи Ҳуқуқ” ва ғайраҳо ба роҳ монда, бо мадади ин ташкилотҳо дар Академия чорабиниҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳои хусусияти байналмилалидошта иҷро шуда истодаанд.

Ба туфайли ҳамкориҳо бо ин ташкилотҳо Академия барои такмил додани потенсиали илмӣ-педагогӣ ва базаи моддӣ-техникӣ таҷҳизоти зарурӣ мегирад.

Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон бо як қатор донишкадаҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, Академияи идоракунии ВКД Россияи (ш. Москва), Донишкадаи умумиросиягии такмили ихтисоси кормандони ВКД Россия (ш. Домодедово), ДонишгоҳҳоиВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург, Краснодар, Донишкадаҳои ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Белгород, Уфа, Барнаул, Ростов-на-Дону, Красноярск, Хабаровск, Иркутск, Академияҳои ВКД Россия дар ш. Нижний Новгород, Омск, Академияи Хадамоти давлатии зиддисухтории Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи офатҳои табиии Федератсияи Россия, Академияи ҳуқуқ ва идоракунии ХФИҶ Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Кирғизистон (ш. Бешкек), Академияи ВКД Ҷумурии Беларуссия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Молдова ба номи Штефан Чел Мааре, Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озорбойҷон, Комплекси таълимии политсияи ВКД Ҷумҳурии Арманистон, Академияҳои ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Алмато, дар ш. Костонай, дар ш. Караганда, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати холатҳои факулоддаи Ҷумҳурии Белорус, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия дар ш. Могилёв, Коллеҷи политсияи Қатар, Академияи Политсияи Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ғ. ҳамкорӣ мекунад.

Муносибатҳо ва ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилотии мо ҷузъи ҷудонашавандаи системаи маориф буда, барои дар оянда пайдо гардидани потенсиали таълимӣ мусоидат намуда, барои коркарди самтҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ имконият дода, якдигарфаҳмиро байни омӯзгорон ва олимони мамлакатҳои гуногун боз ҳам зиёд мекунад. Аҳамияти муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи маориф ва якҷоя кардан дар портали таҳсилоти ҷаҳонӣ моро ба дарк намудани роҳҳои нави ҳамкории мунтазам дар соҳаи маориф ҳавасманд мекунад.

Аз ин сабаб, Академияи ВКД Тоҷикистон дар оянда низ инкишоф ва мустаҳкам гардонидани ин соҳаи фаъолиятро ба нақша мегирад.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...