Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

OSH 6585Таърихи шуъба аз давраи таъсисёбии Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶШС соли 1970 оғоз мегардад. Минбаъд шуъба фаъолияти худро аз 21 декабри соли 1991 дар сохтори Мактаби олии ВКД Ҷумурии Тоҷикистон давом додаст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 519 аз 30 декабри соли 2000 Мактаби олии ВКД Ҷумурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва шуъбаи таълим фаъолияти худро то инҷониб дар сохтори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодааст.
Аз лаҳзаи ташкил ва ташакули шуъбаи таълими Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шахсиятҳои зерин адои вазифа намудаанд:
- полковники милитсия Кияев Николай Крилович (1970 - 1973);
- подполковники милитсия Бочкарев Владимир Иванович (1973-1979);
- полковники милитсия Гиллер Мун Шимелевич (1979 - 1985);
- подполковники милитсия Бражников Анатолий Андреевич (1985 - 1992);
- полковники милитсия Негматова Светлана Ғаниевна (1992);
- полковники милитсия Невзоров Александр Алексеевич (1992 - 1993);
- полковники милитсия Тошматов Уктам Эргашевич (1993 - 1994);
- подполковники милитсия Худоёрбеков Давлатбек (1994 - 1997);
- полковники милитсия Шарипов Рустам Каримович (1997 - 2001);
- н.и.т., полковники милитсия Абдулов Аслам Мирович (2001 - 2005);
- н.и.ҳ., полковники милитсия Отабоева Лола Ортуковна (2005 - 2008);
- н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Раҷабов Равшан Муҳитдинович (2008 - 2009);
- н.и.тех., дотсент, полковники милитсия Ғафуров Миршафӣ Ҳомидович (2009 - 2012);
- н.и.ҳ., подполковники милитсия Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич (2012 - 2013);
- полковники милитсия Саидзода Саидшо Саид (2013 - 2015).
- н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода Абдуғафор Шер (2015 - 2020).
- номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло (2020-2021)
Айни ҳол сарварии шуъбаро полковники милитсия Саидзода Саидшо Саид ба уҳда дорад.
Шуъбаи таълим фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ «Дар бораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармонҳои сардори Академия ба роҳ мондааст.
Шуъба бевосита фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои Академияро оид иҷроиши санадҳои дар боло зикршуда назорат намуда, ҷобаҷогузории фаъолияти ҷузъу томҳои Академияро дар тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои мувофиқ ва тахассусҳо, инчунин банақшагирӣ, ташкил ва роҳбарии раванди таълимро амалӣ менамояд.
Таҷрибаи кории кафедраҳои Академия ва дигар муассисаҳои тахсилоти олиро таҳлил намуда, шаклҳои самаранок ва усулҳои нави таълимро ҷорӣ менамояд.
Уҳдадориҳо байни кормандони шуъба бо назардошти зарурияти таъмини ҳаматарафаи таълиму тарбия дар сохтори зерин амалӣ карда мешавад:
1. Сардори шуъба
2. Муовини сардори шуъба
3. Сарнозир оид ба идоракунии сифати таҳсилот
4. Сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машварат
5. Нозири калони маркази бақайдгирӣ ва машварат
6. Сарнозири маркази тестӣ
7. Нозири калони маркази тестӣ
8. Нозири маркази тестӣ
9. Муҳандиси таъминоти моддӣ-техникӣ
10. Муҳандис-барномасоз
11. Корманд мутахассис
12. Сардори китобхонаи махсус
13. Корманд мутахассиси калони китобхона
14. Корманд-мутахассиси китобхона
Бо мақсади амали намудани талаботи Барономаи милли оид ба ҷорӣ намудани омилҳои нави педагогӣ дар ҷараёни таълим дар шуъбаи таълим - шуъбачаи таҳлил, банақшагирӣ ва таъминоти иттилоотии раванди таълим созмон дода шудааст.
Шуъбача банақшагирии раванди таълимро дар асоси Стандартҳои давлатии амалкунанда, қарорҳои Шӯрои олимон ва супоришҳои роҳбарияти Академия таъмин менамояд; дар коркарду тайёр намудани Стандартҳои давлатии нави таълимӣ, нақшаҳои намунавӣ ва кории таълимӣ ҳама корҳоро мутобиқат менамояд; маълумотҳои ибтидоии кафедраҳоро оид ба банақшагирии сарбории таълимӣ, коркарди нақшаҳои мавзӯӣ аз фанҳои таълимӣ ва ҷобаҷогузории ҳайати профессорону омӯзгоронро омода менамояд; ҳуҷҷатҳои банақшагии Академия ва нақшаҳои мавзӯиро кор карда мебарояд; назоратро аз болои иҷроиши нимсола ва солонаи сарбории таълимии кафедраҳо амалӣ менамояд; омода ва коркарди ҷадвалҳои дарсиро барои тамоми намудҳои таҳсил назорат менамояд.
Дар айни ҳол дар воҳиди штатии шуъбаи таълим кормандони зерин кор ва фаъолият менамоянд:.- Саидзода С.С.сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия; –- сарнозир оид ба идоракунии сифати таҳсилот, Шерзода Г.О. майори милитсия; Мирзозода Э.Э. - сарнозири маркази тестӣ, подполковники милитсия; Холзода Б.М. - сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машварат, майори милитсия; Маҷидзода Н.С. - нозири калони маркази тестӣ, полковники милитсия; Амирбекзода Д.А. – нозири маркази тестӣ, капитани милитсия; Одиназода Ш.И. - нозири маркази бақайдгирӣ ва машварат, майори милитсия; Зоиров Ш.С. - муҳандиси таъминоти моддӣ-техникӣ, капитани милитсия;–Файзуллозода Ф. - корманд мутахассис, старшинаи милитсия; Шарипов М.А. - корманд мутахассиси калони китобхона, сержанти хурди милитсия; Шаҳобуддинзода Р.Ш. – сардори китобхонаи махсус, капитани милитсия.
Шуъбаи таълим дар якҷоягӣ бо факултетҳо ва кафедраҳо ҳамчун маркази муайян намудани самтҳои асосии стратегии инкишофи Академия, роҳҳо ва шаклҳои ҷорӣ сохтани раванди таълимӣ ба ҳисоб меравад. Бевосита фаъолияти таълимии факултетҳо ва кафедраҳои Академияро дар қарорҳо ва фармону дастурҳои расмӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ ба танзим дароварда, рафти онро назорат мебарад. Таҷрибаи хуб ва пешқадами дохилӣ ва беруниро дар соҳаи таълим таҳлил намуда, шаклу усулҳои самарабахши онро дар амал татбиқ менамояд.
Дар баробари масъалаҳои глобалии такмили ҷараёни таълим дар маркази диққати кормандони шуъба, инчунин масъалаҳое қарор доранд, ки ҳалли фаврӣ ва назорати доимиро талаб мекунанд.
Аз ҷумла;
- ташкил ва кушодани ихтисосҳои нав;
- бунёди асосҳои консептуалии инкишофи фаъолияти таълимии Академия;
- ҳалли проблемаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нави омӯзиш дар ҷараёни таълим;
- такмили ҳамаҷонибаи азхудкунии дарсҳо аз тарафи курсантон ва шунавандагон;
- банақшагирии илмии ҷадвали дарсҳои таълимии ҳар як фанни алоҳида дар курсҳо ва гурӯҳҳо;
- такмили дарс ва баланд бардоштани маҳорати педагогии омӯзгорони ҷавон ва ғайра.
Проблемаи воридшавии Академия ба системаи муосири маорифи ҷаҳонӣ доираи фаъолияти шуъбаи таълимро васеъ гардонида дар назди он вазифаҳои нав пеш мегузорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷустуҷӯи мунтазами шаклу усулҳои наву натиҷаовари таълимӣ, истифодаи технологияи пешқадам дар раванди таълим, алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, коркарди воситаҳои нави технологии раванди таълим, мутобиқ намудани раванди таълим ба навидҳои ҷомеа мебошад. Ҳайати кормандони шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Академия фаъолнокии худро нишон дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо тамоми донишу малакаи худро сарф менамоянд. Ҳамчунин онҳо вазифаҳои хизматии худро бо салоҳияти касбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ иҷро намуда истодаанд.

OSH 6580





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...