Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ

ЛАТИФ МУҲИБ ЛОҶВАРБЕК
(Латипов Муҳиб Лоҷварбекович)
Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ (2025)
Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол (2010),
Котиби генералии федератсияи волейболи Тоҷикистон (аз соли 2014)
Довари дараҷаи байналмилалӣ (2017)
Мураббии дараҷаи 1 байналмилалӣ (LEVЕL 1) (2022)
Аъзои Ассотсиатсияи волейболи Осиё (2021)
Подполковники милитсия (2021)
Латиф М.Л., соли таваллуд 17 августи соли 1987. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2006. Соли 2010 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2023 факултети 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ»-ро хатм намудааст. Солҳои 2010-2013 – омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2013-2019 – муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 12 марти соли 2019 бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуд.
Аз 11 июни соли 2025 дар вазифаи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ таъин гардид.
Курсҳои бозомӯзиро дар дохил ва хориҷи кишвар гузаштааст:
Курси кутоҳмудати доварӣ 2017 (Бангкок-Таиланд);
Курси роҳбарикунанда 2023 (Ургенч-Узбекистон);
Курси дараҷаи 1 байналмилалӣ 2022 (Душанбе).







































































































































































