Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи такмили ихтисос

554Кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи шуъбачаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилии факултети ғоибонаи Мактаби Олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Қарори мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1998 таҳти №2 КМ-1 тасдиқ шуда буд, таъсис ёфт. Аввалин маротиба моҳи апрели соли 1998 гурӯҳи кормандони шуъбаи мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори (ШМЗГҒМН) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбачаи мазкур барои баланд бардоштани савияи дониш аз курси якмоҳа гузаштанд. 

Аз соли 1998 инҷониб дар курсҳои такмили ихтисос бо шумораи умумии 1968 нафар кормандони ҷузъу томҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ гузаштаанд.
Аввалин сардори кафедраи такмили ихтисос полковники милитсия Абдуллоев Раҳматулло (2002-2003) буд. Сипас кафедраи мазкурро нафарони зерин роҳбарӣ намудаанд: полковники милитсия Абдуллоев Алиакбар (2003-2005); полковники милитсия Худоёрбеков Давлатбек (2005-2008); полковники милитсия Хайров Мадулло (2008-2012); полковники милитсия Азизуллоев Шукрулло (2012-2013); подполковники милитсия Эшахмадов Шомурод Ҳайдарович (2013-2014). Аз 18.09.2014 то 10.04.2020 н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия Ҳалимзода Дилафруз Додихудо, аз 28.10.2020 то ин ҷониб сарварии кафедра ба полковники милитсия Маъруфиён Баҳрулло Маъруф гузошта шудааст.
Айни ҳол дар кафедраи такмили ихтисос кормандони зерин кор ва фаъолият доранд: н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия Ҳалимзода Дилафруз Додихудо, подполковинки милитсия Шарифзода Умар Шариф, муаллими кафедра майори милитсия Раҳимзода А.Р., барои такмили донишу малакаи шунавандагони курси такмили ихтисос устодони пуртаҷрибаи Академияи ВКД аз он ҷумла номзадҳои илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода Ф.Р., Насуриён П.А., Амрудинзода М.А., Бухоризода Б., полковники милитсия Асламов Б.С., ҳамзамон қобили қайд аст, ки бо дастуру супориши муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мутахассисони пуртаҷрибаи раёсатҳои дахлдор ҷалб карда мешаванд, инчунин аз донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ олимон ва мутахассисон, ғайр аз ин намояндагони бо таҷрибаи мақомоти судӣ, прокуратура, агенти назорати маводи нашъаовар ва ғайра сафарбар карда мешаванд.
Нақшаи таълимии кафедра барои курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти маъмурӣ, таҳқиқ ва тафтишот аз тарафи Вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа бо сардори Академия аз 12 декабри соли 2017 тасдиқ гардидааст.
Мутобиқи талаботи стандарти давлатии барномаҳои корӣ ва таълимӣ тамоми фанҳои кафедра аз рӯи барномаи кафедраҳои Академия истифода бурда, бо тағйироту иловаҳо ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз рӯи самти фаъолияташон нақшаи таълимии фанҳо тартиб дода шуда, бо Раёсатҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
Дар кафедра фанҳои таълимие омӯзонида мешаванд, ки поягузори асосии тайёрии такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд. Таваҷxēҳи асосии кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Мавзӯъи илмии кафедра «Сиёсати давлат дар самти мубориза бар зидии ҷинояткорӣ» мебошад, ки барои солҳои 2016-2020 қабул карда шудааст. Аз тарафи омӯзгорони кафедра дар тӯли як соли охир зиёда аз 23 мақолаи илмӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ таҳия ва чоп шудааст. Ба ғайр аз корҳои илмӣ дар кафедра корҳои методӣ низ бурда мешаванд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...