Кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори кафедра – Арипов Анвар Лутфиллоевич, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия, соли 2011 таҳти роҳбарии д.и.ҳ., профессор Божьев В.П. дар шурои диссертатсионии назди Академияи идоракунии ВКД Россия (ш. Москва) диссертатсияи номзадии худро дар мавзуъи: «Фаъолияти муфаттиш оид ба ҷамъ овардан ва тафтиши далелҳо дар тафтиши пешакӣ (тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон)», ҳимоя намудааст.
Кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ ниҳоди навтаъсиси Академия буда он, ба курсантону шунавандагон, донишҳоро дар самти кушодан ва тафтиши ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ содир мешаванд меомӯзонад. Ба таъсиси кафедра як қатор омилҳо, аз ҷумла рушд ва паҳншавии технологияҳо муосири коркарди иттилоот ва истифода шудани онҳо дар содир кардани ҷиноятҳо мусоидат намуданд. Дар замони муосир рушди технологияҳои иттилоотӣ ва паҳншавии таҷҳизоти коркарди он боиси он шудааст, ки чунин технологияҳо ба мақсадҳои ғайриқонунӣ, ба хусус барои содир кардани ҷиноят фаъолона истифода бурда мешаванд. Барои ба роҳ мондани муборизаи муввафақ ва самаранок бо ин гуна падидаҳои хавфноки ҷамъияти зарурати омӯзиши донишҳои назариявӣ оид ба истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ дар кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо ба миён меояд. Бо назардошти ин бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №27-м аз 25 феврали соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуда, роҳбарии он аз моҳи марти соли 2023 то айни замон ба зиммаи Арипов А. Л. вогузор карда шудааст.
Кафедра дар ҳайати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ташкилкунандаи корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ буда, аз фанҳои «Асосҳои амнияти иттлоотӣ» ва «Криминалистикаи компютерӣ» дарсҳои таълимиро дар факултетҳои 2 ва 6 мегузаронад. Аз рӯзи таъсис ба кор дар кафедра омузгорони ботаҷриба ва бомасъулият: Ташрифзода Ф.Х., Абдулҳамидзода А.А., Қувватзода С.К.,таъин карда шуда, ҳамзамон кормандони дорои дараҷаи илмӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла номзади илмҳои техникӣ Нӯъмонов Т.И., омӯзгорон Расулзод Л.Х. ва Каримзода О.Х. барои ҳамкорӣ ҷалб карда шудаанд.
Айни замон коллективи кафедра аз ҳайати зерин иборат аст: Арипов А.Л. – сардори кафедра, н.и.ҳ., полковники милитсия; Ташрифзода Ф.Қ., - дотсенти кафедра, подполковники милитсия; Ибодзода М., - муаллими калони кафедра капитани милитсия; Файзуллозода Д.Қ. – муаллими кафедра, лейтенанти милитсия. Инчунин омӯзгорони ҳамкор Нӯъмонов Т.И., - дотсент-ҳамкори кафедра номзади илмҳои техникӣ; омӯзгорони ҳамкор Расулзод Л.Х. ва Каримзода О.Х.