Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор

547

Шарофзода Фирӯз Алиҷон - сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия


Таърихи кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор
Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор фаъолият мекунад. Баробари ташкил шудани факултети №5 соли 2009 масъалаи ташкил намудани ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда гузошта шуда, тадбирҳои аввалиндарҷа барои тайёр кардани мутахассисон андешида шуд.
Бо ин мақсад соли 2010 дар назди факултети №5-уми Академияи ВКД кафедраи фанҳои тахассусӣ таъсис дода шуд. Кафедраи мазкур дар замимаи кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети №3, ки курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД-ро аз рӯйи ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирӣ ва маҳви ҳолатҳои фавқулодда таълим медод, ташкил карда шуд. Роҳбарии кафедраи фанҳои тахассусӣ ба зиммаи полковники хизмати дохилӣ Ғаюров С.Ш. гузошта шуд, ки фаъолияти кории худро ҳамчун сардори кафедра аз соли 2010 то 2013 давом дод.
Ғаюров Саидмурод Шарифович аз соли 1997 то инҷониб фаъолияти меҳнатии худро ба тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони соҳаи бехатари аз сӯхтор бахшидааст.
Саҳми полковники мустаъфӣ Ғаюров С.Ш. дар инкишофу таъсисёбии кафедра калон буда, дар давраи фаъолияти педагогӣ муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошанд. Ғаюров С.Ш., ки дар самти оташнишонӣ фаъолияти бесобиқа дорад, барои шунавандагон ва курсанатони Академияи ВКД дастури таълимӣ ва китобҳои дарсӣ чоп намудааст.
Соли 2013 роҳбари кафедра подполковники хизмати дохилӣ Катиков Х.Б. таъин карда шуд.
Кафедраи фанҳои тахассусӣ соли 2013 ба ду кафедра ҷудо карда шуд, кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор ва кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда. Қайд кардан бамаврид аст, ки саҳми подполковники хизмати дохилӣ Катиков Х. дар поягузори сутуни кафедра ҳамчун мутахассисони соҳа бузург мебошад.
Аз соли 2015 то соли 2020 роҳбари кафедраи мазкур подполковники милитсия Сатторзода Абдуаҳад таъин карда шуд. Сатторзода А.С. аз соли 1998 фаъолияти педагогиро дар Академия пеш бурда, барои баланд бардоштани савияи дониши шунавандагон ва курсантон ҷиҳати технологияи замони муосир кӯшиш менамояд ва муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад. Сатторзода А.С. дар давраи фаъолияти кориаш якчанд китобҳо барномаҳо ва дустурҳои таълимӣ баровардааст.
Аз моҳи марти соли 2020 то моҳи июли соли 2020 сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор капитани милитсия Нуруллозода М. ба уҳда дошт, ки хатмкардаи факултети№ 5 Академияи ВКД мебошад. Дар давраи кутоҳи фаъолияташ якчанд барномаи кафедраро такмил ва иваз намудааст. Нуруллозода М., аълочии милитсия мебошад.
Аз моҳи июли соли 2020 сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхторро капитани милитсия Шарофзода Фируз Алиҷон ба уҳда дорад, ки хатм кардаи факултети №5 буда ихтисосаш муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор мебошад. Аз соли 2014 фаъолияти педагогиро дар Академия пеш бурда, барои баланд бардоштани савияи дониши шунавандагон ва курсантон ҷиҳати омода намудани кадрҳои бехатарӣ аз сухтор кӯшиш менамояд ва муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад.
Шарофзода Фируз Алиҷон «Унвонҷӯи Академияи миллии илмҳо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аълочии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар айни замон воҳиди кории кафедраро кормандони зерин ташкил медиҳанд: сардори кафедра, капитани милитсия Шарофзода Ф.А., муаллимони калони кафедра подполковники милитсия Сафарбекзода З.С. майори милитсия Саидзода Ф.М., муаллимони кафедра майори милитсия Назаров М.Г., капитани милитсия Раҳматшозода С.Р., капитани милитсия Ҳазратзода Ҷ.Т., лейтенанти калони милитсия Ҷамолиддинзода М.Ҷ., лейтенанти калони милитсия Муродзода С.С., лейтенанти калони милитсия Ибодов М.М., лейтенанти калони милитсия Иброҳимзода Ш.М., Файзуллозода М.Ҳ., ва корманд-мутахассис, сержанти калони милитсия Маҷонова Н. Инчунин дар кафедра нафарони зерин ба ҳайси муаллим-ҳамкор фаъолият мебаранд: н.и.ф.м., дотсент, Холмуродов Ф.; муаллими калони кафедра Назаров С.С., муаллими калони кафедра полковники хизмати дохилӣ Катиков Х.
Саҳми муаллимони ҷавон дар пешрафти таълиму тарбия бузург буда, пайваста ба такмил додани малакаи корӣ барои донишандӯзии шунавандагон ва курсантони Академия доимо кӯшиш мекунанд.
Мутобиқи талаботи Стандарти давлатӣ барномаҳои корӣ ва таълимии фанҳои кафедра барои ҳама тахассусҳои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона коркард ва таҳия карда шудаанд. Барномаҳои кории фанҳо ба тариқи пурра, талаботи сатҳи тахассусиро дар бар гирифта, ба талаботи сатҳи тайёрии ихтиссоси бехатарӣ аз сӯхтор аз рӯйи мундариҷа, ҳаҷм ва сарбории таълимот мувофиқ мебошанд.
Дар кафедра фанҳое таълим дода мешаванд, ки поягузо-ри асосҳои ихтиссоси бехатарӣ аз сӯхтор мебошанд. Шу-навандагон ва курсантон дар факултетҳои №3 ва №5-и Ака-демияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи фанҳои тахассу-сии зерин омӯзонида мешаванд:
- Таърихи хадамоти давлатии оташнишонӣ
- Тактикаи оташнишонӣ
- Гидравлика
- Тайёрии сафии оташнишонӣ ва касбӣ Автоматикаи зиддисӯхторӣ
- Бехатарии ҳаёт ва фаъолият
- Биноҳо, иншоотҳо ва уствории онҳо ҳангоми сӯхтор
- Назарияи аланга ва хомӯшкунии сӯхтор
- Пешгирии сӯхтор дар ҷараёнҳои технологӣ
- Пешгирии сӯхтор дар сохтмон
- Системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ ва алоқа дар ХДО
- Тайёрии наҷотдиҳӣ ҳангоми садамаҳо
- Техникаи оташнишонӣ
- Ташкили идоракунии ХДО
- Ташкили хадамот ва тайёрӣ
- Фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқӣ дар ХДО
- Хадамоти муҳофизат аз газу-дуд
- Электротехника ва пешгирии сӯхтор дар дастгоҳҳои электрикӣ
- Иқтисодиёти бехатарӣ аз сӯхтор
- Хадамоти муҳофизат аз газу дуд ва корҳои сафарбаркунӣ дар ХДО, Пешгирии ҷиноятҳо дар соҳаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва ғайраҳо.

 

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...