Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нуралиев Содиқҷон Шарифович
Таърихи таъсисёбӣ ва ташаккули кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Таърихи кафедраи ҳуқуқи ва фаъолияти маъмурӣ дар фаъолияти таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Азбар намудани фанҳои кафедра дар тайёрии омилҳои касбию ихтисосмандии корманди ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ кӯмаки босазое менамояд. Агар ба ибтидои таърихи кафедра назар афканем маълум мегардад, ки курсантон ва шунавандагон аз мактаби ин кафедра гузашта донишҳои азбарнамудаи хешро дар амалия, ба ҳайси кормандони МКД, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ амалан дуруст татбиқ менамоянд.
Имрӯз низ курсантону шунавандагони Академия бо имконият аз воқеияти таърихи, яъне соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанҳои кафедраи ҳуқуқи маъмури ва фаъолияти маъмуриро пурра аз худ намуда дар ташаккулёбии давлати ҳуқуқбунёд бо таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, баланд бардоштани эътибори қонун ва риояи қатъии он саҳми босазое хоҳанд монд. Таърихи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 бо таърихи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқаи ногусаста қарор дорад. Аз аввал кафедра ҳамчун сикли махсус соли 1970 дар сохтори мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС таъсис ёфт, ки Семенов Алексей Акимович дар солҳои 1970–1975 онро роҳбарӣ намудааст. Бояд қайд намуд, ки баъдан Семенов А.А., яъне аз 07.08.1984 то 23.12.1987 солҳо ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои дохилии ВКД РСС Тоҷикистон фаъолияти хизматӣ намудааст ва номбурда соли 1985 сазовори рутбаи олӣ генерал-майори милитсия гардидааст. Минбаъд роҳбарии сиклро то соли 1998 шахсони зерин: Лобачев В.П. (1975-1977), Олимов Г.М. (1977-1980), Носиров (1980-1983), Ҳикматов (1983-1985), Худоёрбеков Д. (1985-1986), Негматов (1986-1987), Сафронов (1987-1991),) Ҷонмаҳмадов Х. (1991-1998), Каримов А.М. (1998 – 2001), Абдураззоқов Р.Н. (2001-2003), Каримов А.М. (2004-2005), Гадоалиева Н. (2005-2007), Каримов А.М. (2007-2009), Насуров П.А. (2009-2015) , Имомёрбеков А. (2015-2019) ба зимма доштанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмуриро номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нуралиев С.Ш. ба уҳда доранд.
Кафедраи мазкур чӣ дар давраи фаъолияти Мактаби махсуси Душанбегии милитсия ва чӣ дар давраи Мактаби олии милитсия ва дар айни замон, яъне дар давраи фаъолияти таълимии Академияи ВКД миёни кафедраҳо яке аз ҷойҳои калидиро ишғол менамояд. Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ба тайёр намудани кормандон барои дастгоҳҳои оперативию хизматӣ ҳифзи тартиботи ҷамъиятии МКД фаъолияташро ба роҳ мондааст. Гарчанде, ки аз лаҳзаи таъсис аввалан дар доира (сикл) ва баъдан чун кафедра, ки ба замми он якчанд маротиба тағйири ном карда бошад ҳам, лекин вазифаю мақсадҳое, ки дар назди кафедра гузошта мешуданд, сари вақт ба хусус дар самти донишомӯзии курсантон ва шунавандагон ба таври лозимӣ ба анҷом расонида мешуданд.
Аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати омӯзгорони кафедра пайваста дониш, маҳорату малакаи касбии ҳазорон курсантону шунавандагон, инчунин кормандони амалии мақомоти корҳои дохилиро сайқал додаанд, ки дар ниҳоят онҳо донишҳои омӯхтаро дар амалия дилпурона татбиқ намудаанд. Қайд кардан бомаврид аст, ки сарвати қимматтарини таърих, ин шахсиятҳо мебошанд. Тақдир, фаъолият ва дастовардҳои эҷодии онҳо асоси таърихии фаромӯшнашавандаро ба вуҷуд меоранд, ки собиқ омӯзгорон, мутахассисон ва олимони кафедра ба онҳо тааллуқ доранд ва имрӯз фонди тиллоии коллективи кафедраро ташкил медиҳанд. Истифода аз чунин манбаҳои илмӣ омӯзгорони кафедра поквиҷдонона ва бо масъулияти баланд саҳми худро дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ гузошта истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 аз лаҳзаи ташкилёбиаш мутахассисони зиёди баландихтисос адои вазифа намудаанд, ки дар байнашон ветеранҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони амалии хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, олимон ва мутахассисони ҷавон, низ фаъолият намудаанд. Омӯзгорон фахр мекунанд, ки кафедра дар ҳайати чунин шахсиятҳо: Евгений Сергеевич Куропаткин, Яшкин Михаил Иванович, Т.Сатибалдиев, Виктор Петрович Лобачев, Владислав Петрович Барсюков, С.Г. Середа, В.Д. Петров, Владислав Петрович Борисов, Анатолий Андреевич Бражников, Худобанда Джонмамадов, Алексей Акимович Семенов, Григорянц Георгий Георгевич, Худоёрбеков Давлат Худоёрбекович, Саидов Изатулло Мирзосаидович, Абдуразаков Рифкат Ниёзович, Рустам Сотиволдиев, Л.В.Газарян, Сулайманов Абдухолиқ Латипович, Г.М.Олимов, Қаюмов Саъдулло, Ёров Қурбон, Каримов Азизбек Муазамович, Ғарибов Нуралӣ Пиракович, Воҳидов Қурбон Абосович, Т. Нажбудинов, Н.А. Бухориев, Хайруллоев Фаррух Саъдуллоевич, Глухов Андрей Николаевич, Каримов Ҳусейн Мухторович, Имомёрбеков Атобек ва дигарон фаъолияти педагогии хешро адо намудаанд.
Аз ин лиҳоз имрӯз кормандон, омӯзгорони кафедра бо сари баланд худро давомдиҳандагони сазовори кору фаъолияти собиқ омӯзгорони дар боло қайд гардида ҳисобида, пайваста баҳри баланд бардоштани малакаи дониш, маҳорати касбии хеш кӯшиш ба харҷ дода, дар таълиму тарбияи курсантону шунавандагон тамоми қобилияту истеъдоди омӯзгории хешро равона карда истодаанд. Боиси хурсандӣ аст, ки омӯзгорони Академия Каримов Ҳ.М. соли 2015 дар Донишгоҳи дустии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Административно-правовое регулирование ответственности должностных лиц в Республике Таджикистан», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, полковники милитсия Нуралиев С.Ш., соли 2018 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Административно-правовой статус сотрудника органов внутренних дел Республики Таджикистан (Сравнительно-правовой анализ)», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4, майори милитсия Валиев Н.Д. соли 2019 дар Донишгоҳи москвагии ВКД Федератсияи Россия ба номи В.Я. Кикоть рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Административно-правовое регулирование взаимодействия органов внутренних дел Республики Таджикистан с общественными объединениями» ва капитани милитсия Исмонзода С.М. соли 2020 дар Донишгоҳи москвагии ВКД Федератсияи Россия ба номи В.Я. Кикоть рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Административно-правовое регулирование контрольно-надзорной деятельности в области обеспечения безопасности дорожного движения Республики Таджикистан» аз рӯйи ихтисоси кафедра бо муваффақият ҳимоя намуда, айни замон, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ фаъолияти илмӣ-педагогии худро идома дода истодаанд.
Зиёда аз он муаллими калони кафедра майори милитсия Шарифзода П.Р. баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ–омӯзгорӣ ба адъюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дохил гардида, айни ҳол таҳсил карда истодааст. Омӯзгори калони кафедра майори милитсия Ғафурзода Д.А., баҳри сайқал додани дониши касбӣ айни ҳол дар курси 4-уми шуъбаи адъюнктураи Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Бояд ёдрас шуд, ки дар давоми солҳои охир аз тарафи омӯзгорони кафедра як қатор маводҳои таълимӣ дар шакли Албом – схемаи асосҳои идоракунӣ дар МКД – соли 2010 (Каримов А.М.), албом – схемаи сохтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – соли 2011 (Каримов А.М., Исмоилов У.Н.), дастури таълимӣ «Асосҳои кор оид ба мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ ва қонуният дар мақомоти корҳои дохилӣ» – соли 2013 (Насуров П.А., Нуралиев С.Ш., Хушвахтов Х.Х., Ғафуров Д.А.), васоити таълимӣ аз фанни «Ҳуқуқи маъмурӣ» – соли 2014 (Суфиев С.Н., Насуров П.А.), дастури таълимӣ «Маҷмӯаи саволҳо ва чавобҳо аз фанни фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» – соли 2015 (Шарифзода П.Р., Ғафурзода Д.А.), васоити таълимӣ албом – схема аз фанни фаъолияти маъмурии МКД – соли 2015 (Насуров П.А., Суфиев С.Н.), дастури методӣ «Амалҳои нозири минтақавии милитсия дар ҷойи ҳодиса» – 2016 (Шарифзода П.Р., Акрамова Ш.М.), машғулияти амалӣ (дарсӣ) «Фаъолияти маъмурӣ-юрисдиксионии МКД» – 2016 (Ғафуров Д.А., Рустамзода З.Р.), китоби таълимӣ «Фаъолияти маъмурии МКД» – соли 2017 қисми умумӣ (Насуриён П.А., Нуралиев С.Ш., Нуриддинзода С.Н.), дастури методӣ «Оид ба фаъолияти нозири минтақавии милитсия» – 2017 (Шарифзода П.Р., Довудзода С, Расулова М.И.); дастури таълимӣ «Административное право в таблицах и схемах» – соли 2020 (Шарифзода П.Р., Валиев Н.Д., Ғафурзода Д.А.), аз чоп баромада дар айнӣ замон мавриди истифодабарии курсантон, шунавандагон ва омӯзгорон қарор доранд.
Ба ғайр аз ин барномаҳо аз фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти маъмурии МКД, ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ, асосҳои идоракунӣ дар МКД, ҳуқуқи гумрук, пешгирии зӯровари дар оила, курси махсуси фаъолияти маъмурии МКД, ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дастурҳои методӣ барои омодагии корҳои назоратӣ ва курсӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра Нуралиев С.Ш., Ҳайдарзода М.П., Нуриддинзода С.Н., Ғафурзода Д.А., Билолзода А.Н., Урфонзода Д.С., Шарифзода П.Р., баъди коркард аз чоп баромада айни ҳол аз онҳо омӯзгорон чун маводҳои таълимӣ дар дарсҳои омӯзишӣ истифода мебаранд.
Ҳамзамон кормандони кафедра саҳми назарраси хешро дар коркарди қонунҳо, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дахл доранд, гузошта истодаанд. Масалан, дар коркарди лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва як қатор Фармонҳо ва Дастурамалҳое, ки фаъолияти хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба танзим медарорад, ширкат варзида, фикру андешаҳои худро аз нуқтаи назари илм мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар кори методии кафедра дар давоми солҳо анъанаи хуби истифода бурдани усулҳои муосири омӯзиш пайдо гардидааст, аз он ҷумла ҷалб намудани кормандони амалӣ, машқҳои оперативӣ-тактикӣ, кор бо практикумҳо, гузаронидани дарсҳои амалӣ дар ҷузъу томҳои хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ. Ҳайати омӯзгорони кафедра фаъолона дар ҷараёни таълим усулҳои нави интерактивӣ педагогии омӯзишро ҷорӣ менамоянд. Номбурдагон саҳми арзандаи хешро дар ташаккули самти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри мақолаҳои илмӣ марбут ба фанҳои омӯзишии кафедра гузошта истодаанд. Дар ин ҷода барои солҳои 2016-2020 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра «Рушди ислоҳоти милитсия» тасдиқ карда шудааст ва ин мавзуъ омӯзгоронро водор месозад, ки дар ин раванд пайваста гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ монанд.Омӯзгорони кафедра мунтазам мақолаҳои илмиашоноро дар нашрияҳои илмии гуногун ва аз он ҷумла дар Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасонанд. Дар айни замон дар кафедра маҳфили илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот» бо роҳбарии муаллими калони кафедра майори милитсия Ғафурзода Д.А. фаъолият дорад, ки шумораи он 20 нафар курсантонро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби курсантоне, ки аъзои ин маҳфил мебошанд пайваста рефератҳо дар мавзӯъҳои мухталиф тайёр карда мешавад. Бо ташаббуси ин мафхил ва бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Академия пайваста маҳфилҳои илмӣ, семинарҳо, мизи мудаввар, конференсияҳо ва озмунҳо баргузор карда мешавад.
Лаҳзаи кории мизи мудаввари маҳфили илмӣ-тадқиқотии курсантон.
Коллективӣ омӯзгорони кафедра мунтаззам дар корҳои тарбиявӣ ва ҷамъиятие, ки дар Академия гузаронида мешавад, фаъолона ширкат меварзанд. Ба ғайр аз он аъзоёни кафедра пайваста барои иҷро намудани супоришҳои ВКД оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми ташриф овардани меҳмонҳои олиқадр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо бо сари баланд иҷро менамоянд.
Омӯзгорони кафедра Нуриддинзода С.Н., Ғафурзода Д.А., Урфонзода Д.С., Раҳимзода З.К., тибқи фармони сардори Академия ба ҳайси кураторони гуруҳҳои таълимӣ фаъолият намуда тамоми малакаю дониш ва маҳорати касбии педагогиро мавриди истифодабарӣ қарор дода бо ин васила курсантонро дар руҳияи содиқ будан ба Савганд ва Ватани хеш тарбия карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки касбиятнокӣ ва донишҳои муккамали омӯзгорон намунаи шоиста барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Айни замон кафедра мутобиқи барномаи таълимӣ аз 10 (даҳ) фан таълимро ба роҳ мондааст. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои №2, №3, №5 ва №6 аз фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ, фаъолияти маъмурии МКД, ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ, асосҳои идоракунӣ дар МКД, ҳуқуқи гумрук, пешгирии зӯровари дар оила, курси махсуси фаъолияти маъмурии МКД, фаъолияти маъмурӣ дар хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа дарс мегузаранд. Баҳри самаранок ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои зикргардида бо курсантон ва шунавандагон имрӯз кафедра дорои фонди таълимию - методии пурқуввате мебошад, ки омӯзгорон аз он дар тайёр намудани маводҳои дарси ҳаматарафа истифода мебаранд.
Омӯзгорони кафедра ҳамаи намуди дарсҳои дахлдори кафедраро ва машқҳои тактикӣ бо номи «Кофтуков»-ро бо хатмкунандагони факултети №2 мегузаронанд, ҳамзамон роҳбарии таҷрибаомӯзии хатмкунандагони факултети №2 Академияи ВКД-ро дар ҷузъу томҳои ВКД ба уҳда доранд.
Коллективи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 бо роҳбарии сардори кафедра Нуралиев С.Ш., дар ҳайати дотсентони кафедра Ҳайдарзода М.П., Нуриддинзода С.Н., омӯзгорони калон Билолзода А.Н., Ғафурзода Д. А., Раҳимзода З.К., омӯзгорони кафедра Акрамзода Ш.М., Урфонзода Д.С., Сотникова Е.И., сардори кабинети кафедра Толибова Г.М., ва корманд - мутахассиси кафедра Набизода Н.Р., фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва корҳои тарбиявиро оид ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои МКД ба роҳ монда, мақсад пеш гузоштаанд, ки дар оянда чунин кадрҳо тавонанд озодона вазифаҳои масъулиятнокро оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориро иҷро намоянд.
Ҳайати омӯзгорони кафедра кӯшишу ғайрати худро барои пешбурди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявӣ равона намуда, масъули тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чи хеле, ки дар боло қайд шуд аз ҷониби омӯзгорони кафедра дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ, пешниҳодҳо омода шудаанд, ки дар ҷараёни таълиму тарбия дар Академияи ВКД ва дигар макотиби олии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд. Кафедра дар миқёси Академия ва дигар ҷузъу томҳои ВКД пайваста конференсияву мизҳои мудаввар ва дарсҳои хизматию вохӯриҳоро созмон медиҳад ва бо ҳамин васила дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва малакаи дониши курсантон ва шунавандагон, ҳамчунин маърифати ҳуқуқии кормандони МКД саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
Дар фарҷом мехостем қайд намоем, ки коллективӣ омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотӣ ва педагогӣ истиқбол намоянд.