КАФЕДРАИ ТАКТИКАИ МАХСУС ВА ОМОДАГИИ ҶИСМОНӢ
Сардори кафедраи «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ»-и факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии тоҷикистон
Латипов Муҳиб Лоҷварбекович – майори милитсия, соли таваллудаш 17-уми августи соли 1987, фаъолияти хизматии худро аз моҳи июни соли 2006 дар вазифаҳои гуногун идома дода, аз моҳи феврали соли 2019 сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, хатмкардаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Варзишгар, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи се ҷоизаи мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди волейбол ва тениси руи миз (соли 2014 Кобул Афғонистон, соли 2016 Дубай АМА ва соли 2019 Москва Русия ), се карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2007, 2011 ва 2018). Довари дараҷаи байналмиллалӣ аз намуди волейбол (дар шаҳри Банкоки давлати Тайланд гирифтааст) мебошад.
ТАЪСИС ВА ДАВРАҲОИ ТАШАКУЛЛИ КАФЕДРАИ ТАКТИКАИ МАХСУС ВА ОМОДАГИИ ҶИСМОНӢ
Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС соли 1970 ба фаъолият шурӯъ намуда барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар мақомоти корҳои дохилӣ саҳм мегузорад. Дар мактаби зикргардида дар қатори дигар сиклҳо, сикли фанни тайёрии ҷисмонӣ таъсис дода шуд, ки ин сикл то соли 1991 амал кард. Ин сикл ба курсантону шунавандагон дар муддати ду сол фанҳои тайёрии ҷисмонӣ, оташфишонӣ, тактикаи махсус ва тайёрии ронандагиро меомӯзонид.
Роҳбари ин сиклро то соли 1976 капитани милитсия корманди баландихтисос Старыгин Василий Филиппович бар душ дошт.
Аз соли 1976 то соли 1991 подполковники милитсия мутахассиси кордон ва сохибтаҷриба Орипов Тухтахоҷа Нусратуллоевич роҳбариро ба уҳда гирифт.
Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 Қарор «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри соли 1991 таҳти №372 қабул намуд, ки он барои таъмин намудани МКД бо мутахассисони ин соҳа равона карда шуда буд. Худи ҳамон сол дар Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи «Тайёрии ҷисмонӣ ва омадагии ҳарбӣ» таъсис дода шуд. Ин кафедраро аз соли 1991 то соли 1997 полковники милитсия Юлчиев Шавкат Ҳоҷиевич роҳбарӣ намуд. Ин шахси кордону роҳбари наҷиб бевосита барои беҳбудӣ ва пешравии кафедра саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар ин давра кормандони амалии пуртаҷриба, барои малакаю донишҳои амалии худро ба насли ҷавон пешкаш намудан ба ҳайси омӯзгор даъват карда шуда буданд. Омӯзгорони ин кафедра аз фанҳои тайёрии ҷисмонӣ, оташфишонӣ, тактикаи махсус ва тайёрии ронандагӣ дарс мегузаштанд.
Аз соли 1997 то соли 2005 роҳбарии кафедраро подполковники милитсия мутахасиси дорои таҷрибаи бисёрсола дар мақомоти корхои дохилӣ, Аминов Хайриддин Нуридинович ба ӯҳда гирифт. Маҳз бо туфайли ӯ дар ин кафедра корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.
Бо фармони сардори Академияи ВКД соли 2005 номи кафедраи «Тайёрии ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ» ба «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ» иваз карда шуд. Аз соли 2005 роҳбарии онро ба дӯши майори милитсия мутахассиси кордон ва сохибтаҷриба, Раҳимов Рустам Хушбахтович вогузошта шуд.
Аз соли 2009 то 2013 роҳбарии кафедра ба дӯши полковники милитсия корманди ботаҷриба, Темиров Суфҳонидин Бурҳонович гузошта шуд.
Аз соли 2013 то 2014 роҳбарии кафедраро подполковники милитсия Собиров Ашур Табарович ба уҳда дошт. Аз соли 2014 то соли 2019 роҳбарии кафедраро корманди шоҳистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Назаров Манучеҳр Гулмҳмадовичба ӯҳда дошт.
Бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №455 аз 15-уми феврали соли 2019 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба души мутахассиси дорои таҷрибаи бойи варзишӣ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, довари дараҷаи байналмилалӣ, майори милитсия Латипов Муҳиб Лоҷварбекович вогузошта шудааст.
Аъзоёни кафедра аз омӯзгорону дастурдеҳони ботаҷриба, майори милитсия Нурализода Акрамҷон Ҳаитмурод, паодполковники милитсия Айдархонзода Шукрихудо Ҳайдархон, майори милитсия Давлатов Раҳматбек Қурбонович, майори милитсия Салимзода Маҳмадраҳим Салим, Азизов Тоҷиддин Оқилович, подполковники милитсия Абдуғафорзода Тоҳри Абдуғафор, лейтененти милитсия Каримзода Исломиддин Муқим, лейтенанти милитсия Абдурахмонзода Наимҷон Туйчи, лейтенанти милитсия Сураҷи Фирдавс ва сардори синфхонаҳои кафедра лейтенанти калони милитсия Шарипов Муҳибулло Маҳмадаминович иборат мебошанд.
Айни замон кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ дар шаш факултети Академия аз рӯи 5 фанҳои гуногун, аз ҷумла: тайёрии тактикаи махсус, тайёрии ҷисмонӣ, омодагии касбии ҷисмонӣ, тайёрии оташфишонӣ ва тайёрии ронандагӣ дарс мегузаранд.
Самти асосии фаъолияти кории кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, дар мадди аввал баланд бардоштани сатҳи омодабошии курсантон оид ба шаклу усулҳои тактикӣ ва тарзҳои амал дар вазъиятҳои гуногуни замони осоишта ва вазъияти фавқулодда, тарзи истифодабарии силоҳ, техникаҳои ҷангӣ ва махсус, инчунин, ҷобаҷогузории қувваю воситаҳо, азхудкунии тарзҳои идоракунии қувваю воситаҳо аз тарафи роҳбарони амалиёт ва дигар сардорон дар вазъияти фавқулодда, дар шароитҳои гуногуни хизматӣ коркарди савияи мустаҳкам нисбати муомила бо силоҳ;
- таъсиси зарурияти сифатҳои психологи-руҳӣ ва ҳисси ҷавобгарии шахсӣ оид ба иҷрои қарзи хизматӣ,
- мустаҳкам гардонии қонуният ва тартиботи низомӣ.
Баланд бардоштани дараҷаи саломатӣ, тарбия намудани қобилияти мақсаднок истифода бурда тавонистани худмуҳофизаткунӣ ва асосҳои идоракунии автомобилро меомӯзонад ба ин васила дар тайёр намудани мутахасисони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои ҷузъу томҳои МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.
Барои рушди кафедра дар солҳои гуногун кормандони зерин саҳми худро гузоштанд: капитани милитсия Старыгин В.Ф., подполковники милитсия Орипов Т.Н., капитани милитсия Саидов Г., капитани милитсия Супрун П., полковники милитсия Юлчиев Ш.Х., капитани милитсия Левченко О., подполковники милитсия Норов К., подполковники милитсия Лелейко Н., подполковники милитсия Туйчиев М.Т., подполковники милитсия Орипов П.С., майори милитсия Комилов А.Ф., полковники милитсия Сайфуллоев И.Г., подполковники милитсия Нарулин В.С., подполковники хизмати дохилӣ Каримов, полковники милитсия Аминов Х.Н., майори милитсия Комилов А., майори милитсия Шодиев А., майори милитсия Холиқов У., капитани милитсия Абдурахмонов Б.А., лейтенанти калони милитсия Бобоқулов А.Б., лейтенанти калони милитсия Шарипов А., полковники милитсия Темиров С.Б., полковники милитсия Рахимов Р.Х., майори милитсия Умедчони Мирзозода лейтенанти калони милитсия Яҳёев Ф.Н., полковникпи милитсия Сангов М.С., полковники милитсия Зокиров М.Н., полковники милитсия Каримов М.А., лейтенанти калони милитсия Асроров Ф.С., полковники милитсия Собиров А.Т., лейтенанти калони милитсия Сангов М.С., лейтенанти калони милитсия Маҳмадиев С.В., капитани милитсия Ҳалимзода Н.М., майори милитсия Назаров М.Г., подполковники милитсия Саломзода С.С. майори милитсия Ҳайдарзода Д.П., подполковники милитсия Раҳмонов И.Қ., лейтинанти калони милитсия Фатҳуллозода И.А., летенанти милитсия Сидиқзода С., Каримов Мирзобек, ва ғ.
Қайд намудан зарур аст, ки аз омӯзгорони ҳамон вақта дар кафедра фаъолият намуда, подполковники милитсия Норов К. соли 1997 дар чемпионати ИҶШС аз рӯи намуди «Дастхобонӣ» иштирок намуда, чемпиони ИҶШС шуд ва меъёри дараҷаи устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Ҳамчунин, майори милитсия Холиқов У. номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди гуштини «Дзю-до» шуд, лейтенанти калони милитсия Яҳёев Фарҳод Наимович бошад дар соли 2003 дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, ба муваффақиятҳои намоён ноил гашт ва устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ шуд.
Ҳоло ҳайати омӯзгорони кафедраро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам боиси ифтихор аст, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон қайд намуданд ки: «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, пас ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро мояи ифтихор ва сарбаландии миллат номид».
Ҳангоми фаъолияти кафедра аз ҷониби устодони кафедра мувофиқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои варзишӣ аз намудҳои «Футбол», «Футболи - хурд», «Баскетбол», «Волейбол», «Тенниси рӯи миз», «Гуштини миллӣ», «Самбо», «Бокс», «Якҳарбаи шарқӣ», «Варзиши сабук», «Дастхобонӣ», «Бандкашӣ», «Турниккашӣ», «Сангбардорӣ», «Тирпарронӣ», «Ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намуданӣ силоҳҳои оташфишон», «Шоҳмот» ва «Шашка» гузаронида мешавад. Дар ин мусобиқаҳо устодони кафедра аз байни ҳайати шахсии Академия варзишгарони болаёқатро интихоб намуда, ба дастаи яккачини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил менамоянд, ки онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи кишварамон ва мақомоти корҳои дохилӣ инчунин Академияро баланд мебардоранд. Аз соли 1991 то ин ҷониб дастаҳои варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 850 мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, 213 – Ҷом, 1852 – медал, зиёда аз 3714 – ифтихорномаҳо ба хазинаи варзишии Академия дохил карданд. Латипов Муҳиб Лоҷиварбекович сардори кафедра, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони секаратаи Тоҷикистон, барандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди волейбол (Дубай АМА 2016), довари дараҷаи байналмилалӣ аз намуди волейбол мебошад, ки ин натиҷаҳои дар боло зикршуда бо дастгирии роҳбарияти Академияи ВКД ва фаъолияти пурсамари омӯзгорони ин кафедра ба даст омадаанд.
Кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар муассисаҳои олии таълимӣ ва махсус ҳамкории зич менамояд, аз ҷумла бо Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Донишкадаи КДАМ, Донишкадаи олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, литсеи ҳарбӣ ба номи М.Д.Тошмуҳаммедов, Колеҷи милитсияи ВКД, Колеҷи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. Ҳайати устодони кафедра дар семинару конференсияҳои байналмиллалӣ ҷумҳуриявӣ, тренингҳо ва ҷамомади таълимии саҳроӣ, тирпарронӣ, парадҳои ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишии дохили Академия ва берун аз он, инчунин дар дигар чорабиниҳои хусусияти илмӣ ва варзишӣ дошта фаъолона иштирок мекунанд.