Кафедраи Мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи тахассусӣ буда, он дар доираи фанҳои тахассусӣ ба курсантону шунвандагон таълимотро дар самти кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо ва фаъоляти мурофиавии мақомоти тафтишот меомӯзонад. Айнизамон дар кафедра аз фанҳои Мурофиаи ҷиноятӣ; Криминалистика; Таҳқиқ дар МКД; Назорати прокурорӣ; Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; курси махсуси “Тафтишот”; Судӣ-тиббӣ ва психиатрия, дарсҳои таълимӣ гузаронида мешаванд.
Айни замон кафедраро Нарзуллозода Суҳроб Саидаҳмад, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милистия, роҳбарӣ мекунад.
Хамткунандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз моҳи августи соли 2010. Бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014 № 1814 ба ҳайси муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Аз соли 2014 то моҳи марти соли 2020 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи декабри соли 2020 то моҳи марти 2022 ба ҳайси муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2017 то соли 2022 унвонҷӯи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2022 таҳқиқоти диссертатсионияшро дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт» дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор А.И. Сафарзода ба итмом расонидааст.
Аз соли 2022 то соли 2023 дар вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 3 марти соли 2023 ба ҳайси сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Муаллифи як қатор корҳоиилмӣ, оид ба проблемаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, квалификатсияи ҷиноятҳо ва мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Таърихи кафедра
Кафедраи Мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонсоли 1993 дар заминаи сиклҳои фанҳои ҳуқуқӣ, соли 1970 ва криминалистика, соли 1974 таъсис додашудааст. Кафедра ба сохтори он вақта мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС дохил мешуд. Дар солҳои 1971-1975 сикли фанҳои ҳуқуқиро Пономоренко Владимир Александрович роҳбарӣ намудааст. Баъдан то соли 1992 роҳбарии сиклро Борисов Владислав Петрович (1974-1987), Морозов Вадим Михайлович (1987-1988), Яшкин Михаил Иванович (1988-1991) ваКим (1991-1994) ба уҳда доштанд.
Якумин сардори сикли криминалистика Борисов Владислав Петрович (1974-1975) таъин шуда буд. Баъдан вазифаи сардори сикли номбурдаро шахсони зерин иҷро мекарданд: Курбанов Юрий Алиевич (1981-1982г.); Бражников Анатолий Андреевич (1983-1985); Негматова Светлана Ганиевна (24 апрели 1985 то 20 декабри 1985); КрасюковОлег Васильевич (20 декабри 1985 то 16 сентябри 1986); Дошенко Юрий Иванович (16 сентябри 1986 то 22 декабри 1992).
Баъд аз таъсис додани Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонсоли 1992, якумин сардори кафедраи “Мурофиаи ҷиноятӣ вакриминалистика ”бо Фармони сардори Мактаби олӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 19.09.1992 с., таҳти №106 Дошенко Юрий Иванович таъин гардида буд.
Аз вақти таъсисёбии кафедра роҳбарии онро кормандони пур таҷриба ва болаёқат, собиқадорони амалияи тафтишот ва кормандони илмӣ, ба уҳда доштанд. Саҳми ҳар як сардори кафедра ва омӯзгорони он бе шубҳа арзанда буда, дар тайёр намудани кадрҳои баланди хтисос дар давраҳои гуногун барои мақомоти корҳои дохилӣ назаррас мебошад.
Дар ибтидои ташкилшавии кафедра роҳбарии он ба Дошенко Юрий Иванович, ки нахуст сардори кафедраи «Мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика» мебошад, вогузор карда шуда буд. Сохтори нав бунёдро роҳбарӣ намуда, дар равнақи кафедра саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин муддат дар кафедра омӯзгорони пуртаҷри ба Евстигнеев А.С., Рахматджанов А., Абдуллоев Рахматулло, Ходжиматов Р.М. кор ва фаъолият мекарданд. Фанҳои соҳаи сикли ҳуқуқӣ, ки ба фанни мурофиаи ҷиноятӣ наздик аз қабили: Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Криминалистика ва Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳамин кафедра муттаҳид карда шуданд.
Баъдан роҳбарии кафедра ба мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи тафтишот, полковники милитсия Шарипов Р. К. (1994–1999), вогузор карда шуда буд, ки зиёда аз 30 сол таҷрибаи корӣ дошт. Ӯ корро аз вазифаи муфаттиши мақомоти прокуратура саркарда, то сардори шуъбаи тафтишот фаъолият кардааст. Аз соли 1992 ба мактаби олии ВКД гузашта, ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул мешавад. Ба кафедра мутахассисони баланд ихтисоси пуртаҷрибаи соҳаи криминалистика ва мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекарданд, ба мисли Тоджидинов С.Н. Невзоров А.А., Хусанов Р.Ш., ва Ходжаев З.К. ба ҳайси омӯзгор ҷалб карда шуданд. Давраи роҳбарии Шарипов Р.К. ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва шароитҳои мушкилу заҳмат талаб рост омодабуд. Бо ташаббуси ӯ дар индавра барои тайёркардани мутахассисон фанҳои нави таълимӣ– «Назорати прокурорӣ» ва «Таҳқиқ дар МКД» ворид карда шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар кафедра омӯзгорони ҷавон: Имомназаров Ф.С., Узакбеков Ш.А., Юсупов У. А., Ҳасанов З. Ш., Убайдуллоев Ш. Э. ва кормандони таҷриба дор - Ёров У. И., Ҳаитова Р. М., Ғозиев М. С. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Элназаров Д. Х. фаъолият мекарданд.
Солҳои 1999 то 2000 кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Элназаров Д. Х. роҳбарӣ намудааст. Дар давраи фаъолияташ ба кафедра кормандони таҷрибадори мақомоти корҳои дохилӣ, ба хусус дар самти тафтишот: Нозиров Н. А. –муфаттиши Раёсати тафтишотӣ ва муфаттиши пуртаҷриба подполковники милитсия Скрага В. Н., инчунин омӯзгори ҷавон Убайдуллоева Ф. А. ба кор омаданд.
Дар солҳои 2001 то 2005 сардори кафедра полковники милитсия Хаитова Р. М. таъин карда шуд. Ӯ таҷрибаи бойи амалӣ дар сохторҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ дошта, худ низ дарсҳои тактикаи криминалистӣ ва методикаи кушодан ва тафтиши ҷиноятҳои алоҳидаро меомӯзонид. Дар ин давра кормандони амалияи тафтишот ва экспертизаи судӣ-тиббӣ дар кафедра кору фаъолият кардаанд, аз ҷумла, номзади илмҳои тиб, дотсент, эксперти шинохта Султонов Рустам Муқимович ва корманди соҳаи тафтишот Сафаров Ҷ. Н.
Аз соли 2007 то соли 2008 роҳбарии кафедраро полковники милитсия Тауров Сулаймон ба уҳда гирифтааст. Дар ин давра дар Академия тайёр намудани кадрҳо барои МКД бо тахассусҳо оғоз карда шуд. Яке аз самтҳои тахассусӣ–тайёр намудани кадрҳо дар самти тафтишот, ба кафедра вогузор карда шуда буд. Шогирдоне, ки бо инсамти тахассус Академияро хатм намуданд дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои тафтишотӣ ва оперативии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудаи стодаанд. Дар ин давра ба кафедра муфаттишони пуртаҷриба ба мисли Сулаймонов М., Бобоҷонов Н. М. (айни замон Муҳитдинзода Н. М.) ва омузгори ҷавон Бӯриева Р., ба кор таъин карда шуданд.
Саҳми арзандаро дар кафедра полковники милитсия (айни замон мустаъфӣ) Имомназаров Ф. С. гузоштааст. Ӯ дар солҳои 2005-2007 ва 2011-2013 иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедра ва дар солҳои 2014-2015 дар вазифаи сардори кафедра кору фаъолият намудааст. Ӯ муаллифи якчанд барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ аз фанни мурофиаи ҷиноятӣ, таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар давраи роҳбарии Имомназаров Ф. С. соли 2012 ба кафедра омӯзгори ҷавон Ҷураев А. А., корманди амалия, муфаттиш, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, капитани милитсия Арипов А. Л. (айни замон, сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети № 5, полковники милитсия) ва соли 2013, олими ҷавону пурлаёқат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, капитани милитсия Юлдошев Р. Р. (айни замон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм) ба кор таъин карда шудаанд.
Дар солҳои 2008-2011 ва 2013-2015 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия (айни замон дар қайди ҳаёт нестанд) Нозиров Н.А. ба ӯҳда дошт. Нозиров Н. А., муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ доир ба проблемаҳои ҳифз ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Дар ин давра соли 2010 ба кафедра омӯзгорони ҷавон ба мисли Латипов М.Л. ва Саидхоҷаев З. ба кор таъин карда шуданд.
Дар давраҳои гуногун барои рушду нумӯи кафедра, кормандони зерин, ба монанди: Борисов В.П., Абдуллоев Р., Григорянц Г.Г., Куропаткин Е.С., Бражников А.А., Негматова С.Г., Горячов А.Н., Ахмедов Т.Н., Карасюков О.В., Трофимов А.А., Беспалов Я.И., Кинша Н.С., Яшкин М.И., Коледанов А.И., Рахматҷонов А., Таштабанов И.Я., Капланский А. А., Кайданова Е.Д., Морозов В.М., Ермолаев А.А., Евстигнеев А.С., Шарипов Р.К., Хусанов Р.Ш., Тоҷидинов С. Н., Султонов Р.М., Невзоров АА., н.и.ҳ., Ғозиев М.С., Скрага В.Н., н.и.ҳ., профессор Ямакова М., Узакбеков Ш.А., Ёров У.И., Ҳаитова Р.М., д.и.ҳ., дотсент Элназаров Д.Х., Зоҳиров С.М., Саидхоҷаев З.Н., Сафаров Ҷ.Н., Латипов М.Л., д.и.ҳ., дотсент Раҳмадҷонзода Р.Р., Буриева Р., Ҷураев А.А., н.и.ҳ., Назаршоев Ф.Ю., Латифзода Қ.А., Раҳмонӣ И.И., Амоналлои Ҳ., Нурализода Ш.Н., Сайфиддинзода Ҷ.М., Кучарзода С.Р. ва дигар кормандон саҳми арзанда гузоштаанд.
Айни замон, дар воҳидҳои кории кафедра омӯзгорони пуртаҷриба, собиқадорони амалияи тафтишот ва кормандони ҷавон, ташкил медиҳанд, ки шахсони зерин фаъолият намуда истодаанд: Нарзуллозода С.С. –сардори кафедра, н.и.ҳ., подполковники милитсия; Муҳитдинзода Н.М. – профессори кафедра, полковники милитсия; Убайдуллоев Ш.Э. – дотсенти кафедра, полковники милитсия; Сулаймонзода Р.Н. – муаллими калони кафедра, капитани милитсия; Маҳмараҳимзода Ф.М. – муаллими калони кафедра, капитани милитсия; Ҳамрозода М.З. –муаллими калони кафедра, майори милитсия; Давлатзода С.М.–муаллими кафедра, лейтенанти милитсия; Шарифзода Б.Р.–муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия; Некрузи Ҳ.–муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия; Ҳасензода О.Л. –муаллими кафедра, лейтенанти милитсия; Нурализода М.Н. – сардори кабинетҳои кафедра, лейтенанти калони милитсия.
Аз рӯзи ташкилшавии кафедра, аз ҷониби кормандони он донишҳои зарурии касбӣ, малакаю таҷриба дар самти фаъолияти мурофиавӣ ва криминалистика ба ҳазорон кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ омӯзонида шудааст.
Кафедра таълимро дар факултетҳои №2, 3 (шакли ғоибонаи таҳсил) ва факултети №6 – омода намудани мутахассисон барои воҳидҳои оперативӣ аз рӯйи 7 фанҳои гуногун, аз он ҷумла: «Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», «Мурофиаи ҷиноятӣ», «Криминалистика», «Назорати прокурорӣ», «Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ», «Тибби-судӣ ва психиатряи судӣ», курси махсуси «Тафтишот» таъмин менамояд.