КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ФАКУЛТЕТИ №1
РУСТАМЗОДА АЛИШЕР ҚОСИМ
(Мирзорустамов Мирзоалишер Мирзоқосимович)
Сардори кафедраи назарияи идоракунии
фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2018)
Майори милитсия (2020)
Кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- н.и.ҳ. Нозиров Н.А. (ноябри соли 2006 то сентябри соли 2008, ноябри соли 2011 то апрели соли 2014);
- Асламов Б.С. (ноябри соли 2008 то феврали соли 2010);
- н.и.п. Маҷонов М.К. (феврали соли 2010 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ., дотсент Одинаев А.Ш. (апрел то сентябри соли 2014);
- н.и.ҳ., дотсент Сафаров Ҳ.С. (сентябри соли 2014 то июни 2016);
- н.и.ҳ. Каримов Ҳ.М. (июни соли 2016 то сентябри соли 2018);
- н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. (феврал то декабри соли 2019);
Аз январи соли 2020 инҷониб иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи н.и.ҳ. Рустамзода Алишер Қосим вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2021-2025 «Идоракунии муосири фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи ҳуқуқ» номгузорӣ шудааст.
Айни замон дар кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ фанҳои зерин омӯзонида мешаванд:
1. Адлияи ноболиғон;
2. Асосҳои идоракунии ҳайати кадрӣ;
3. Геополитика;
4. Идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Истифодаи профайлинг дар фаъолияти идоракунӣ;
6. Қарорҳои идоравӣ;
7. Мактаби идоракунии Пешвои миллат;
8. Масоили мубрами демография;
9. Масоили мубрами ҳуқуқи ислом;
10. Назарияи идоракунӣ;
11. Назарияи ташкилӣ;
12. Низоъшиносӣ;
13. Психологияи идоракунӣ;
14. Риторикаи касбӣ;
15. Сиёсати муқовимат ба ҷинояткорӣ;
16. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17. Системаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ;
18. Сотсиологияи идоракунӣ;
19. Таъминоти молиявӣ- ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
20. Таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21. Фаъолияти политсияи давлатҳои хориҷӣ;
22. Ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бо ҷомеа;
23. Ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ.