КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ФАКУЛТЕТИ №1
ҚОСИМОВ ФАЙЗАЛӢ МАҲМАДОВИЧ
Сардори кафедраи ташкили идоракунии
фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2020)
Аълочии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002)
Полковники милитсия
Кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- Зиёев М.З. (феврали соли 2001 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ. Алиев А.Ш. (ноябри соли 2011 то феврали соли 2013);
- н.и.ҳ., дотсент Саидов З.А. (феврал то июни соли 2013);
- Одинаев Н. (майи соли 2014 то январи соли 2015);
- н.и.ҳ. Мирзоев С.Б. (январ то августи соли 2015);
- н.и.ҳ., дотсент Тошев А.М. (августи соли 2015 то майи соли 2016);
- н.и.т. Алимардонов М.У. (декабри соли 2016 то августи соли 2020).
Аз моҳи августи соли 2020 иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Қосимов Файзалӣ Маҳмадович вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2021-2025 «Масоили мубрами амнияти миллӣ ва иттилоотӣ дар идоракунии фаъолияти МҲҲ дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст.
Айни замон дар кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ фанҳои зерин омӯзонида мешаванд:
1.Асосҳои умумиҳуқуқии идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
2. Идоракунии фаъолияти маъмурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
3. Идоракунии мақомоти тафтиши ҷиноятҳо;
4. Стратегияи огоҳонидани ҷиноят;
5. Сиёсати зиддикоррупсионӣ;
6. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
7. Ташкили фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
8. Ташкили идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
9. Идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои махсус;
10. Ташкили фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
11. Ташкили кор бо кадрҳо;
12. Ташкили рафтори роҳбарӣ;
13. Ташкили ҳамкории байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ.