Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20211110 123548Кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ҳамчун зерсохтори факултети № 6 дар ҳайати Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Вазорат, таҳти № 038 аз 19-уми июли соли 2017 бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таъсис дода шудааст.

Фаъолияти кафедраи зикргардида асосан баҳри тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи оперативӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳо дар байни ноболиғон, савдои одамон, таъмини амнияти иттилоотӣ, асосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, фаъолияти ҷустуҷӯӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ғайра, равона гардидааст. Барои омода намудани мутахассисони касбӣ дар ин самтҳо кафедра бо дигар муассисаҳои таълимию илмӣ, воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамкорӣ ва робитаи мустаҳкам дорад.
Айни ҳол курсантону шунавандагони Академия бо истифода аз имконият ва баҳрабардории воқеияти таърихӣ – соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанҳои таълимии мутааллиқи кафедраро пурра аз худ намуда, дар ташаккулёбии давлати ҳуқуқбунёд бо таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, баланд бардоштани эътибори ҳуқуқӣ ва риояи қатъии қонунҳо саҳми босазо ва арзанда хоҳанд гузошт. Вобаста ба ин дастуру супоришҳо ва бо мақсади ҷалби бештари курсантон ба омӯзиши амиқи фанҳои ба кафедра дахлдошта, дар Академия конфронсу мизҳои мудаввар ва викторинаҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра як қатор маводҳои илмӣ ва илмию методиро ба табъ расонидаанд, ки онҳо низ дар раванди таълим васеъ истифода мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки Профессорону омӯзгорони кафедра, бе шаку шубҳа, худро давомдиҳандаи кору фаъолияти гузаштагони худ – омӯзгорон ҳисобида, пайваста баҳри баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар таълиму тарбияи курсантону шунавандагон тамоми қобилияту истеъдоди омӯзгории хешро равона месозанд.
Айни замон дар кафедра маҳфили илмии курсантон бо номи «Қонун ва низом» бо роҳбарии дотсенти кафедра, полковники милитсия Ёрзода Назрихоҷа Ҳабибулло амал мекунад, ки аъзои он пайваста дар мавзӯъҳои мухталиф мақолаю рефератҳо омода менамоянд. Бо ташаббуси роҳбари маҳфил ва бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Академия пайваста конференсияҳою мизҳои мудаввар, семинару озмунҳо гузаронида мешаванд, ки дар онҳо аъзои маҳфил фаъолона иштирок менамоянд.
Устодони кафедра дар шароити имрӯза аз тамоми дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, методӣ ва амалии анҷомдодаи олимони соҳа фаровон истифода намуда, онҳоро сармашқи кори худ қарор медиҳанд ва ба курсантону шунавандагон моҳияти онҳоро омӯзонида, ҷаҳонбинии курсантону шунавандагонро васеъ намуда, ба онҳо имконият фароҳам меоваранд, ки гузашта, имрӯза ва фардои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун қисми таркибии давлат аз худ намоянд.
Коллективи омӯзгорони кафедра дар корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявию ҷамъиятии Академия иштироки фаъол дошта, супоришу вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо пайваста иҷро менамоянд.
Айни ҳол ҳайати омӯзгорони кафедраро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам боиси ифтихор аст, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо ҷавонон қайд намуданд, ки «ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихору сарбаландӣ ва ояндаи миллат мебошанд».
Айни замон ҷадвали ҷобаҷогузории штатии кафедра аз 9 воҳиди корӣ иборат мебошад, ки роҳбарии онро номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад ба уҳда дорад. Воҳидҳои кафедраро омӯзгорон аз ҳисоби вазифаҳои зерин пурра мегардонанд: Дотсенти кафедра аз ҳисоби вазифаи профессор – полковники милитсия, Ёрзода Назрихоҷа Ҳабибулло; муаллимони калони кафедра – полковники мустаъфӣ Шарипов Тоҳир ва лейтенанти калони милитсия, Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалӣ; муаллимони кафедра – лейтенанти калони милитсия, Сафарализода Шералӣ Сафаралӣ ва лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Дилангез Алиҷон; сардори кабинети кафедра – лейтенанти калони милитсия Айнуддинзода Шамида Айнуддин.
Солҳои пешин роҳбарии кафедраи мазкурро номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нуралиев Содиқҷон Шарифович (22.05.2018-15.02.2019) ва полковники милитсия Тоҷиддинзода Нажмуддин Тоҷиддин (17.10.2019-07.02.2021) ба уҳда доштанд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...