Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ДАВЛАТӢ-ҲУҚУҚИИ ФАКУЛТЕТИ № 2 АКАДЕМИЯИ ВКД

545ЗАРОБИДИНЗОДА СУЛАЙМОН ЗАРОБИДИН
Майори милитсия - с. 2020
Номзади илмҳои ҳуқуқ –с. 2019
Сардор – с. 2020

Заробидинзода Сулаймон Заробидин (Музафаров Сулаймон Заробидинович) 13 сентябри соли 1989 дар деҳаи Себи сурхи (Сисолагӣ) ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, маълумот олии ҳуқуқшиносӣ.
Соли 1996 барои таҳсил ба синфи якум ба МТМУ № 53 н. Фархор рафта, пас аз хатми синфи нуҳум таҳсилро дар МТМУ № 17 бо номи Ё. Бегов дар н. Фархор давом дода, онро соли 2007 хатм намудааст.
Солҳои 2007-2010 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш. Москваи Федератсияи Россия раҳсипор гардидааст.
Соли 2010 ба факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон дохил шуда, Академияи номбурдаро соли 2014 бо дипломи аъло (ДОА № 0008914) ва бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.
Аз 13 июни соли 2014 то 3 октябри соли 2016 дар кафедраҳои «Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология»-и факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият намудааст.
3 октябри соли 2016 ба адъюнктураи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург дохил шуда, 27 сентябри соли 2019 онро бо муваффақият хатм намуда, соҳиби диплом (107824 3487243) бо ихтисоси «Исследователь. Преподаватель-исследователь» дар самти 40.07.01 ҳуқуқшиносӣ гардидааст.
23 декабри соли 2019 рисолаи илмиашро зери роҳбарии профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург – Епифанов Борис Васильевич дар мавзӯи «Институт судимости по уголовному законодательству Таджикистана и России» ҳимоя намуда, то имрӯз зиёда аз 30 адад корҳои илмӣ ва таълимию-методиаш аз чоп баромадаанд.
8 январи соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 октябри соли 2020 сардори кафедраи номбурда таъин гардида, то инҷониб кору фаъолият менамояд.

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ДАВЛАТӢ-ҲУҚУҚИИ ФАКУЛТЕТИ № 2 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 дар заминаи сикли фанҳои ҳуқуқӣ, ки соли 1970 ташкил дода шуда, ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил мешуд, таъсис ёфтааст. Тӯли солҳои 1970-1992 дар кори таълимиву тарбиявӣ ва тайёр намудани мутахассисон барои мақомоти корҳои дохилӣ кормандони зерин саҳми арзандаи хешро гузоштаанд: Ахмедов Т.Н., Барсуков П.И., Безпалов Е.И., Бородин А.К., Газарян Л.В., Евдокимов В.П., Ермолаев А.А., Иванова З.А., Кайданова Е.Д., Кленаш Н.С., Красюков О.В., Кудрик А.Г., Лебесков В.К., Леков Ю.Н., Можейко С.В., Надеин С.В., Нищук А.С., Нуриева О.П., Рахмонов В.Р., Романова Н.А., Сериков Б.К., Строков С.Я., Ходжиматов Р.М., Шарипов К., Шипилова Р.Р., Щеглова Л.А. ва дигарон.
19 Роҳбарии сикли фанҳои ҳуқуқиро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба уҳда доштанд: Пономаренко Владимир Александрович (1970-1975), Борисов Иван Иванович (1975-1987), Морозов Вадим Михайлович (1987-1988), Ящкин Михаил Иванович (1988-1991), Ким Евгений Петрович (1991-1992).
Нахустин сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, полковники милитсия Егошин Анатолий Викторович (1992-1993) буд. Аз соли 1993 то соли 2009 шахсони зерин кафедраро роҳбарӣ карданд: Раҷабов Р.М. - номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия (1993-2008), Саидов З.А. - номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия (2008-2009), Одинаев А.Ш. - номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия (2009-2014), Ғафуров М.С. - номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (2014-2015), Каримов Ҳ.М. - номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (октябри 2015 то майи соли 2016), Сафаров Ҳ.С. - номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия (2016-2019), Бобоназарзода Ф.Б. - номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (2019-2020), Заробидинзода С.З. - номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (2020 то ин ҷониб).
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки баъди ташкилшавии Мактаби олии Душанбегии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1991 ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2000 дар кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ кормандоне фаъолият намуданд, ки ба хотири комёбиҳо дар сохтори ташкилӣ, илмию тадқиқотӣ, методӣ ва ғайра саҳми хешро гузошта, барои ояндаи кафедра, заминаҳои лозимиро гузоштаанд, ба монанди: устодон Раҷабов Р.М., Холиқов К.Н., Сафаров И.Д., Сайфуллоев Н.М., Сайфиддинов А.А., Акрамов М.А., Шарипов Б.У., Кавгаков Х., Каримов Д.Б., Одинаев А.Ш., Ғафуров М.С., Куджев Н.Х., Раҳимова Г.О., Хайруллоев Ф.С., Саидов З.А., Юсуфов А.Ҳ., Тошев А.М., Негматов Б.С., Зияев И.Ҳ. ва Ахмедова Л.Ф. - ҳамчун сардори синфи таълимӣ ва дигарон.
Кафедра аз он ифтихор дорад, ки дар ҳайати он дар марҳилаҳои гуногун барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ чунин олимон ба монанди: Раҷабов Р.М., Холиқов К.Н., Сайфуллоев Н.М., Сайфиддинов А.А., Сафаров И.Д., Саидов З.А., Хайруллоев Ф.С. ва дигарон заҳмат кашидаанд.
Устодони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ дар шароити имрӯза таҳти сарварии Заробидинзода С.З. ҳамаи он дастоварҳои илмӣ-тадқиқотӣ, методӣ ва амалии аз олимони пештар меросмондаро дарк карда, ҳама вақт кӯшиш менамоянд, ки ба курсантону шунавандагон омӯзиши беҳтарро ба роҳ монда, ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд ва ба онҳо имконият фароҳам оранд, то ки гузашта, ҳозира ва ояндаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро ҳамчун қисми таркибии давлатӣ аз худ намоянд.
Дар кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ чунин фанҳои таълимӣ омӯхта мешуданд: назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат, проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқ, ҳуқуқи исломӣ ва ғ. Аз ин лиҳоз ва бо дарназардошти хусусиятҳои фанҳои таълимии кафедра, бо ташаббус ва пешниҳоди сардори кафедраи ҳамонвақта Раҷабов Р.М., соли 2002, тибқи қарори Шӯрои олимон, номи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ ба кафедраи назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат иваз карда шудааст.
Кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ пайваста бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ ҳамкорӣ менамояд. Инчунин, омӯзгорони кафедра дар хондани лексияҳо дар дастгоҳҳои марказии ВКД, РКД, ШКД-и шаҳру ноҳияҳо ҳама вақт иштирок менамоянд. Устодони кафедра барои такмили ихтисос ва гузаронидани дарсҳо дар дигар муассисаҳо ширкат варзида, алоқа ва робитаҳои зичро бо онҳо ба роҳ мондаанд. Аз он ҷумла, бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва ғайра. Қайд кардан бамаврид аст, ки устодони дар давраҳои гуногун дар кафедра фаъолият намуда, ба монанди: Сайфиддинов А.А., Саидов З.А., Хайруллоев Ф.С., Одинаев А.Ш., ҒафуровМ.С., ЮсуфзодаА.Ҳ., Тошев А.М. бевосита дастпарварони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия буда, рисолаҳои номзадии хешро дар ин даргоҳи илмию маърифатӣ ҳимоя намудаанд.
Мақсади асосии фаъолияти ҳамаи кормандони кафедра пайваста тайёр намудани курсантону шунавандагон дар сатҳи баланд буда, доимо ҳаракат менамоянд, ки ба талаботи пешниҳодшудаи ин ихтисос ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти кафедра ҳамеша чораҳои зарурӣ меандешад, то ки ба кафедра кормандоне ба кор ҷалб карда шаванд, ки ба тамоми талаботи барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисони замони имрӯза ҷавобгӯ бошанд. Номзадон барои таъмин ба ҷойҳои кории холӣ дар кафедра асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии кишвар, аспирантони муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби кормандони болаёқати ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ интихоб карда мешаванд.
Кормандони кафедра дастовардҳои муосири омӯзгории мактабҳои олиро истифода намуда, бо мақсади бедор намудани ҳисси арзишҳои умумиинсонӣ дар соҳаи давлат ва ҳуқуқ, дар байни курсантон ва шунавандагон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳайати устодони кафедра барои иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошта шуда, аз қабили, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ба курсантон ва шунавандагон додани донишҳо оид ба зарурати мавҷудият ва инкишофи ҳуқуқ ва давлат, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, риоя намудани қонуният дар кори ҳайати шахсӣ ва ғайраро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ самаранок истифода мебаранд. Ҳайати профессорону омӯзгорон ҳаракат менамоянд, ки бо асосҳои умуминазариявӣ ва амалии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алоқамандии зич дошта бошанд, инчунин ҷиҳатҳои фаъолияти мусбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷиро омӯхта, таҷрибаи бойи онҳоро ба курсантон барои дар фаъолияти ояндаашон истифода намудан меомӯзонанд.
Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона идома ёфта, аз рӯи кори илмии кафедра дар мавзӯи «Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон: назария ва дурнамои он», ки барои 5 сол (2016-2020) муайян шудааст, тадқиқотро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз корҳои илмии нақшаи асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия, инчунин кормандони кафедра корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотии ғайринақшавиро низ бурда истодаанд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ин ҷустуҷӯи мунтазами шаклу усулҳои наву натиҷаовари таълимӣ, истифодаи технологияи пешқадам дар раванди таълим, алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, коркарди воситаҳои нави технологии раванди таълим, мутобиқ намудани раванди таълим ба навидҳои ҷомеа мебошад.
Тибқи қарори Шӯрои олимони Академия таҳти №1 аз 3-юми сентябри соли 2009 кафедраи назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, бо номи пешинааш фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ номгӯзорӣ карда шудааст. Айни замон дар воҳиди кории кафедра шахсони зерин кор ва фаъолият мекунанд:
Заробидинзода С.З. - сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия;
Саидзода З.А. профессор-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия;
Раҷабзода Р.М. – профессор-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
Мансурзода А.М. – профессор-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия;
Юсуфзода А.Ҳ. - дотсент-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия;
Хайруллоев Ф. - дотсент-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ;
Абдурашидзода А.А. - дотсент-ҳамкори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия;
Қодирзода Ғ.Н. - муаллими калони кафедра, капитани милитсия;
Пулатова Ф.Ю. - муаллими кафедра, капитани милитсия;
Маҳинаи Н. - муаллими кафедра, капитани милитсия;
Ҷалолзода С.И. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия;
Фахридинзода Ҳ.С. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия;
Абдуҷаборзода М.А. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия;
Абдураҳмонзода А.А. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия;
Қурбонова Ҷ.Ғ. – сардори кабинети кафедра, капитани милитсия.
Дар кафедра ҳамчунин ҷамъияти илмии курсантон «Давлатшиноси ҷавон» амал мекунад, ки ҳамасола зиёда аз 20 нафар аъзои доимӣ дошта, дар он зиёда аз даҳҳо маърӯзаҳои илмии курсантон мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
Кормандони кафедра, аз он ҷумла Одиназода А.Ш., Раҷабзода Р.М. ва Хайруллоев Ф.С. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудаанд.
Ҳангоми мавҷудияти кафедра аз ҷониби кормандони он асоси донишҳои зарурии касбӣ, малакаю таҷриба, навгониҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳазорон курсантон, шунавандагон ва кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ омӯзонида шудааст. Садҳо корҳои методӣ, барномаҳо, пешниҳоду дархостҳо ба лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода шудаанд. Даҳҳо корҳои илмӣ гузаронида шудааст, ки натиҷаҳои онҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бомуваффақият истифода мешаванд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ таълимро дар факултетҳои №№ 2, 3, 5 ва 6-уми Академия аз рӯи 11 фанҳои таълимӣ таъмин менамоянд.

546

Айни замон дар кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ коллективи хуби меҳнатӣ ташаккул ёфтааст, ки дорои як фазои мусбии корӣ буда, вазифаҳои хизматии хешро софдилона иҷро менамоянд. Ҳайати устодони кафедра дар иҷрои фармону супоришҳои Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия фаъолнокии худро нишон дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо тамоми донишу малакаи худро сарф менамоянд. Ҳайати устодони кафедра вазифаҳои хизматии худро бо салоҳияти касбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ иҷро намуда истодаанд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...