Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНИИ ФАКУЛТЕТИ №2 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15ҚУРБОНОВ АБДУЛВОҲИД АБДУЛАҲАДОВИЧ

Сардори кафедраи ҳуқуқи граждании
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)
Аълочии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)
Майори милитсия (2015)
Суроға: 735424 Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе кӯч. М.Мастонгулов 3,
тел: :+ (992 37) 226-60-42, факс: 226-33-70

Қурбонов Абдулвоҳид Абдулаҳадович 4-уми августи соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 бо ихтисоси ҳуқуқшинос.
Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии кормандони МКД барои зараре, ки ба шаҳрвандон мерасонанд» дар кафедраи ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст (2016).
Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмию публисистӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, инчунин барномаҳои таълимӣ аз фанҳои мазкур мебошад.

Кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаблан – Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон) соли 1999 таъсис ёфтааст. Он дар заминаи кафедраи фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи гражданӣ, ки соли 1992 дар натиҷаи табдил ёфтани Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбе ВКД ИҶШС ба Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, таъсис дода шуд. То соли 1992 фанҳои кафедра аз ҷониби сикли фанҳои ҳуқуқӣ таълим дода мешуданд, ки он соли 1970 таъсис дода шуда буд ва ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбе ВКД ИҶШС дохил мешуд.
Нахустин сардори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, полковники милитсия Х.Ҷонмамадов (1999-2002) буд. Дар давоми фаъолияти Академияи ВКД кафедраро полковники милитсия Ш.Ҳ.Махкамов (2002-2006), полковники милитсия А.Ҳ.Саидов (2006-2008), подполковники милитсия, н.и.ҳ. Ф.С.Хайруллоев (2008-2012), полковники милитсия, н.и.ҳ. З.А.Саидзода (2012-2013) ва номзади илмҳои педагогӣ, подполковники милитсия Ш.Ҳ.Ҳайдарзода (2012-2016) роҳбарӣ кардаанд.
Аз соли 2016 роҳбарии кафедраро майори милитсия Қурбонов Абдулвоҳид Абдулаҳадович ба уҳда дорад.
Барои рушди кафедра, дар давраҳои гуногун, кормандони зерин саҳми арзанда гузоштаанд: Р.Н.Абдуразоқов, Л.В.Газарян, Ф.М.Нодиров, Н.А.Бухориев, Д.Хоҷаев, А.М.Глухов, Н.М.Самиев, Ш.У.Воҳидов, Нӯъмон Қурбон, Н.Х.Куҷев, Ф.Ш.Саидамирова, Н.М.Бобоҷонов, М.С.Попова, Ҷ.Ғиёсов, А.С.Сангов, М.А.Саидова ва дигарон.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра сардори кафедра майори милитсия Қурбонов А.А., дотсентони кафедра номзади илми ҳуқуқ Бобоев Ҷ.Қ., муалимони ҳамкори берунӣ Файзулоев А., Гулов Д., муаллими кафедра лейтенанти калони милитсия Аҳмади З., муаллими кафедра лейтенанти калони милитсия Давлатов Ҳ.М., муаллими кафедра лейтенанти милитсия Исломзода С.Н., сардори кабинетҳои кафедра лейтенанти хӯрд Зоиров Т.Ғ. ва корманд – мутахассиси кафедра, прапоршики милитсия А.А. Негматова фаъолият мекунанд.

14

Ҳангоми мавҷудияти кафедра аз ҷониби кормандони он асоси донишҳои зарурии касбӣ, малакаю таҷриба, навгониҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба курсантону кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ омӯзонида шудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи курсантону кормандони амалии ВКД аз ҷониби ҳайати профессорону омузгорон корҳои илмию таълимӣ ва методии зиёд иҷро шудааст. Аз ҷониби кормандони кафедра чор кори илмӣ гузаронида шудааст, ки натиҷаҳои онҳо бомуввафақият дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода мешаванд.
Кафедра фаъолияти таълимро дар се факултети Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 7 фанни таълимӣ таъмин менамояд, аз он ҷумла, «Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи хусусии римӣ», «Ҳуқуқи молия ва андоз».
Кафедраи ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич намуда, таҷриба ва донишҳои пешқадами онҳоро дар ҷараёни таълим фаъолона истифода мебарад. Қайд кардан зарур аст, ки кафедра бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ низ бо тартиби мукаррарнамудаи ВКД ҳамкориҳои муфид мекунад, хусусан, дар масъалаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ. Зиёда аз ин, ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра бо мақсади алоқаманд сохтани назария бо амалия дар мурофиаҳои судӣ ба сифати намояндаи мурофиавӣ иштирок менамоянд.
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра дар соли 2017-2018 «Проблемаҳои қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» мебошад. Кафедра боварӣ дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин самт масоили зиёд дар қонунгузорӣ мавҷуд мебошад, ки онҳоро баррасӣ ва таҳқиқ кардан ногузир ва ҳамзамон барои ҳалли онҳо бо назардошти принсипи алоқамандии назария бо амалия ва илмият чораандешӣ кардан мувофиқи мақсад мебошад.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...