Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

561Давлатшозода Азиза Ширинбек

Сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Аълочии милитсия (соли 2007)
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015)
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008)
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013)
Аъзои иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009)
Полковники милитсия (соли 2012)
Давлатшозода А.Ш. муаллифи 4-то монография, 3-то дастури таълимӣ-методӣ, 2-то маҷмӯаи шеърҳо, зиёда аз 20-то мақолаҳои илмӣ, зиёда аз 50-то мақолаҳои илмӣ-оммавӣ.

Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфтааст. Он дар заминаи сикли фанҳои гуманитарие, ки соли 1970 таъсис дода шуда буд ва ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии ВКД ҶШС дохил мешуд, ба вуҷуд омадааст.
Нахустсарвари кафедраи забонҳо доктори илми филология, профессор Восиев Қ.В. (аз 04.11.1992) таъин гардид. Дар вақтҳои гуногун кафедраро роҳбарӣ карданд: полковники милитсия Миров С. (1998-2007), номзади илми филология, подполковники милитсия Саидолимов К.С. (2007-2011). Айни ҳол кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшоева А.Ш. роҳбарӣ мекунад.
Барои рушди кафедра дар солҳои гуногун, кормандони зерин саҳми арзанда гузоштанд: капитани милитсия Гулрузов М.Н. майори милитсия Зикриёев У.Ҷ., Макеева Н.Е., Орифова М.Ю., Муродов М.
Дар ҳайати кафедра солҳои гуногун чунин олимон заҳмат кашиданд: доктори илми филология профессор Восиев Қ.В., номзади илми филология Хокироев Р., номзади илми филология Саидолимов К.С.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра фаъолият мебаранд: сардори кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшозода А.Ш., дотсенти кафедра полковники милитсия Мақсудзода Р.М., подполковники милитсия Аҳмадзода С.А., подполковники милитсия Зиёратшозода М.З., подполковники милитсия Буриева М.К., капитани милитсия Ҳамроев М.Қ., лейтенанти милитсия Раҷабекова Ф.С., мудири синфхонаҳои кафедра капитани милитсия Фатҳуллозода И.А. корманд-мутахассис сержанти милитсия Ҳайбулозода М. Ҳ.
Аз ҷониби устодони кафедра се монография таҳти унвони «Современные тенденции и подходы к подготовке профессиональных кадров для органов внутренних дел Республики Таджикистан» (Давлатшоева А.Ш., 2017), «Тарбияи ватанпарастии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ» (Давлатшоева А.Ш. ,2017), «Тасвири инсон дар ҳикояву тамсилоти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» (Саидолимов К.С., 2007), дастурҳои таълимӣ: «Омӯзиши истилоҳот ва ҳуҷҷатнигорӣ” (Давлатшоева А.Ш., 2017), учебное пособие «Практический курс по русскому языку для курсантов 1-го курса» (Макеева Н.Е. Китоби 1-ум. Душанбе, 2008); «Практический курс по русскому языку для курсантов 1-го курса» (Макеева Н.Е. Китоби 2-юм. Душанбе, 2008); «Справочник по русскому языку» (Мақсудов Р.М., 2010), китоби дарсии «Омӯзиши истилоҳоти риштаи ҳуқуқшиносӣ» (Давлатшоева А.Ш., 2011), «Фарҳанги англисӣ-русӣ-тоҷикӣ», (Назруддинов М.З 2016), «Фарҳанги истилоҳоти касбӣ» (Саидолимов К.С., Асламов Б.С. ва Ташрифов А., 2010), дастури таълимӣ «Учим русский язык» (Мақсудов Р.М., 2016), Китоби тестҳо аз фанни забони русӣ (Мақсудов Р.М., 2017), Муховараи тоҷикӣ,-русӣ-англисӣ (Давлатшоева А.Ш., Мақсудов Р.М., Ахмадов С.А., 2017), силсиламақолаҳои илмӣ, илмӣ-публисистӣ ва барномаи таълимӣ, аз қабили шаш барномаҳои таълимии фанҳо: хат ва матни имлои классикӣ (Саидов И.Ҳ., Миров С. соли 2013), забони тоҷикӣ (Давлатшоева А.Ш., Сулаймон Анварӣ, соли 2013), забони русӣ (Макеева Н.Е., Мақсудов Р.М., 2011), забони русӣ (Мақсудов Р.М. 2017), забони англисӣ (Аҳмадов С.А., Назруддинов М.З., Қодиров Т.А. соли 2013), барномаҳои таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ аз ҷониби устодони кафедра барои таҳсили шакли панҷсола соли 2018, «Маҷмӯаи матнҳо барои диктант» (Давлатшоева А.Ш., соли 2015), «Омӯзиши истилоҳот ва ҳуҷҷатнигорӣ»(Давлатшозода А.Ш., соли 2019), «Забони тоҷикӣ» (Давлатшоева А.Ш., дастури таълимӣ барои шунавандагон ва курсантонт, Душанбе 2020) таълиф, мураттаб ва ба табъ расонида шудаанд.
Илова бар ин, маводи илмиву методӣ ва барномаву дастурҳои таълимии ҳайати профессорону устодони Академия, инчунин «Осори илмӣ»-и Академия аз ҷониби устодони кафедра пайваста мавриди таҳриру такмил қарор мегиранд.

 539 540

Кафедраи забонҳо дар чор факултети Академия аз рӯйи 3 фанҳои гуногун, аз ҷумла: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, дарс мегузарад.
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2016-2020 «Нақши мероси ниёгон дар тарбияи ватанпарастии ҷавонон» мебошад.
Бо муайян намудани самти фаъолияти илмии кафедра робитаи он бо дигар кафедраҳои муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор ва мустаҳкам карда шуд. Вобаста ба таҷлилу бузургдошти бузургони адабиёту фарҳанги гузашта ва ҷашнвораву санаҳои таърихӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати устодони кафедра семинару конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои хусусияти илмидошта доир карда шудааст ва идома дорад.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...