КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ, КРИМИНОЛОГИЯ ВА ПСИХОЛОГИЯИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфтааст. Он дар заминаи сикли фанҳои ҳуқуқӣ, ки соли 1970 таъсис дода шуда, ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ш. Душанбе дохил мешуд, ба вуҷуд омадааст. Дар сикли мазкур, муддати солҳои 1970 - 1992 дар кори таълимиву тарбиявӣ ва тайёр намудани муттахасисон барои мақомоти корҳои дохилӣ, Морозов В.М., Безпалов Е.И., Кайданова Е.Д., Ящкин М.И., Пономаренко В.А., Ким Е.П., Сатторов Ғ., Солиев К.Ҳ. ва дигарон саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.
Роҳбарии сикли фанҳои ҳуқуқиро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба уҳда доштанд: Пономаренко Владимир Александрович – аз соли 1970 то 1975 сол, Борисов Иван Иванович – аз соли 1975 то 1987 сол, Морозов Вадим Михайлович – аз соли 1987 то 1988 сол, Ящкин Михаил Иванович – аз соли 1988 то 1991 сол, Ким Евгений Петрович – аз соли 1991 то соли 1992.
Якумин сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, полковники милитсия Сатторов Ғаффор (1993-1994) буд. Аз соли 1993 то соли 2018 шахсони зерин кафедраро роҳбарӣ кардаанд: номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумхурии Тоҷикистон, генерал - майори милитсия Солиев К.Ҳ. (1994-2000), доктори илмҳои ҳуқуқ Шарипов Т.Ш. (2001-2003), полковники милитсия Хайров М. (2003-2005), номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. (Алиев А.Ш.) (2005-2006), номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. (Сафаров Ҳ.С.) (2006-2008), номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Х.А. (Умаров Х.А.) (2008-2013), номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш. (Алиев А.Ш.) (2013-2014), номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Арипов А.Л. (2014), номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амридинзода М.А. (Нажбудинов М.А.) (2015-2018).
Аз моҳи феврали соли 2018 роҳбарии кафедраи мазкур бар дӯши номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ. гузошта шудааст.
Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки моҳи декабри соли 1991 баъди ташкилшавии Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе ва моҳи декабри соли 2000 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе таъсис дода шуд.
Кафедра аз он мефахрад, ки дар ҳайати он дар марҳилаҳои гуногун чунин олимон ба монанди Солиев К.Ҳ., Шарипов Т.Ш., Сатторов Ғ., Ализода А.Ш. (Алиев А.Ш.), Сафарзода Ҳ.С. (Сафаров Ҳ.С.), Умари Х.А., (Умаров Х.А.), Насуриён П.А., (Насуров П.А.), Абдурашидзода А.А., (Абдурашидов А.А.), Амридинзода М.А. (Нажбудинов М.А.) ва дигарон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология дар шароити имрӯза таҳти сарварии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ, ҳамаи он дастовардҳои илмӣ - тадқиқотӣ, методӣ ва амалии аз олимони пештар меросмондаро пазируфта, сармашқи кори худ қарор дода, ҳамавақт кӯшиш менамоянд, ки ба курсантон ва шунавандагон онро омӯзонанд, то ин, ки ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намоянд ва ба онҳо имконият фароҳам оранд, то ки гузашта, ҳозира ва ояндаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун қисми таркибии давлатӣ аз худ намоянд.
То имрӯз аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра маводҳои таълимӣ аз чоп бароварда шудааст, аз он ҷумла: Ҷиноятҳо ба муқобили оила ва ноболиғон (Воситаи таълимӣ) -Душанбе, 2017. – 120 с. (Ализода А.Ш., Ҳусейнзода С.Ҳ.); Барномаи таълимӣ аз фанни “Сиёсати зиддикоррупсионӣ”, - Душанбе, 2017. – 80 с. (Ҳусейнзода С.Ҳ.): Ҷиноятҳо ба муқобили саломатӣ (Воситаи таълимӣ) - Душанбе, 2017. – 364 с. (Ҳусейнзода С.Ҳ., Нажбудинов М.А., Ҳикматзода Д.У.); Тестҳо аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ (Қисми махсус) (Воситаи таълимӣ) -Душанбе, 2017. – 120 с. (Бухориев Б.Р., Нарзуллоев С.С.); Маҷмуи тестҳо аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ (Қисми умумӣ (Воситаи таълимӣ) -Душанбе, 2017. – 156 с. (Музафаров С.З., Нарзуллоев С.С.); Маҷмуи тестҳо аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ (Қисми умумӣ) (Воситаи таълимӣ) - Душанбе, 2018. – 176 с. (Нарзуллоев С.С., Назаров У.С., Музафаров С.З.,), Сиёсати зиддикоррупсионӣ (Воситаи таълимӣ) –Душанбе 2018. -800 с. (Шарифзода Ф.Р., Кабирзода Ҷ.Ҳ., Идрисзода И.Н., Ҳусейнзода С.Ҳ., Ҳасанов Ш.К., Нажбудинов М.А., Алимардонов М.У., Расули Б., Сафарзода А.И., Аҳёзода Ш.Т., Назаров У.С., Шарифзода В., Нарзуллоев С.С.), Ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ (Воситаи таълимӣ) - Душанбе:"Графика-83", 2020. - 100 с. (Ҳусейнзода С.Ҳ., Аҳёзода Ш.Т., Раҷабзода Ҷ.И.), Хусусиятҳои хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷинояткории ноболиғон (Монография) - Душанбе:"Графика-83", 2020. - 132 с. (Азимзода Н.Б., Ҳусейнзода С.Ҳ., Асрорзода З.), Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Маҷмӯаи масъалаҳо (Воситаи таълимӣ) - Душанбе, 2020. - 228 с. (Азимзода Н.Б., Ҳусейнзода С.Ҳ., Авизова Ш.), Шаклҳои тасарруф (Воситаи таълимӣ) - Душанбе, 2020. - 112 с. (Аҳёзода Ш.Т., Нозимиён А.) ва дигар китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология пайваста бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ ҳамкорӣ менамояд. Инчунин омӯзгорони кафедра дар хондани лексияҳо дар дастгоҳҳои марказии ВКД, РВКД, ШВКД шаҳру ноҳияҳо пайваста иштирок менамоянд. Устодони кафедра барои такмили ихтисос ва гузаронидани дарсҳо дар дигар муассисаҳо ширкат варзида, алоқа ва робитаҳои зичро бо онҳо ба роҳ мондаанд. Аз он ҷумла бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Маркази тадқиқотӣ оид ба омӯзиши проблемаҳои ҷинояткории муташаккилона ва коррупсия (ш. Саратов), Донишгоҳи хуқуқшиносии ВКД-и Украина (ш. Донетск) ва ғайра.
Мақсади асосии фаъолияти ҳамаи кормандони кафедра мунтазам тайёр намудани курсантону шунавандагон дар сатҳи баланд буда, доимо ҳаракат менамоянд, ки ба талаботи пешниҳодшудаи ин ихтисос ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти кафедра ҳамавақт чораҳои зарурӣ меандешад, то ки ба кафедра кормандоне ба кор ҷалб карда шаванд, ки ба тамоми талаботи барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисони замони имрӯза ҷавобгӯ бошанд. Номзадон барои таъмин ба ҷойҳои кории холӣ дар кафедра асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултетҳои ҳуқуқии мактабҳои олӣ, аспирантони муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби кормандони болаёқати ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ интихоб карда мешаванд.
Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона идома ёфта, аз рӯи кори илмии кафедра дар мавзӯи «Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва проблемаҳои тадбиқи он аз тарафи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои 5 сол (2011-2015) муайян шуда буд, ба итмом расид. Дар солҳои 2016-2020 дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷинояткории трансмиллӣ ва проблемаҳои тадбиқи он аз тарафи МКД» корҳои илмӣ-тадқиқотиро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз корҳои муайян шудаи нақшаи асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия, инчунин кормандони кафедра корҳои бисёри илмӣ-тадқиқотии ғайринақшавиро низ бурда истодаанд.
Масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосии кафедра ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол ду устоди кафедра аз ҷумла: Атоев Ш.М. ва Ҳакимзода А.Ҳ. дар адъюнктураи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳсил намуда истодаанд.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра шахсони зерин кор ва фаъолият мекунанд: сардори кафедра - номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., дотсенти кафедра – майори милитсия Аҳёзода Ш.Т. (Аҳёев Ш.Т.), муаллимони калони кафедра – майорони Сунатуллозода У.С. (Назаров У.С.), Нарзуллозода С.С. (Нарзуллоев С.С.), омӯзгорон, капитани милитсия Мардонзода С.Р. (Мардонов С.Р.), лейтенантони милитсия Нуриддинзода Р.Н. (Саидов Р.Н.), Карамшозода Ф.Ш. (Карамшоева Ф.Ш.) ва Ҷураев Ҷ., инчунин сардори кабинет Тухтаев Ф.
Дар солҳои охир устодони кафедра, аз он ҷумла Ализода А.Ш. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ҳангоми мавҷудияти кафедра аз ҷониби кормандони он асоси донишҳои зарурии касбӣ, малакаю таҷриба, навгониҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳазорон курсантон, шунавандагон ва кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ омӯзонида мешавад.
Ҳайати профессору омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология дар факултетҳои №2, №3 ва №6-и Академия аз рӯи фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, психологияи касбӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, квалификатсияи ҷиноят, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, сиёсати зиддикоррупсионӣ машғулиятҳои таълимиро мегузаронанд. Айни замон дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология коллективи хуби меҳнатӣ ташаккул ёфтааст, ки дорои як фазои мусоиди корӣ буда, омӯзгорон вазифаҳои хизматии хешро софдилона иҷро менамоянд.
Ҳайати устодони кафедра дар иҷрои фармону супоришҳои Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия фаъолнокии худро нишон дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо тамоми донишу малакаи худро сарф менамоянд. Ҳайати устодони кафедра вазифаҳои хизматии худро бо салоҳияти касбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ иҷро намуда истодаанд.