Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАКУЛТЕТИ №5 АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-26 январи соли 2008 таҳти №3 ва банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2008 таҳти № 56 аз соли хониши 2009-2010 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи кадрҳои соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бо тарзи таҳсили рӯзона ба роҳ монда шудааст. Барои ташкили раванди таълим дар ин ихтисосҳо бо фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №680 б/з аз 27 августи соли 2010 дар сохтори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети №5 ташкил карда шуд.

534

Нуруллозода Меҳрулло - сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.
Ҳодисаҳои табиӣ ва техногении замони имрӯза ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид намуд ва набудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки роҳи ҳалли ин масъаларо аз имкониятҳои дохилии ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ намояд. Ин буд, ки дар назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров А.А. факултети №5, ба фаъолият шурӯъ намуд ва соли ёздаҳум мешавад, ки дар ду ихтисосҳои дар боло зикргардида аз 30 то 60 нафарӣ курсантон қабул шудаанд. Айни ҳол дар панҷ курси факултети №5 ҷамъ: 188- нафар курсантон таҳсил менамоянд.

Дар факултети №5 айни замон 22- нафар кормандони доимӣ фаъолият доранд:

Нуруллозода Меҳрулло - сардори факултет, майори милитсия;
Солиев Миряё Нарзуллоевич - сардори қисми таълимии факултети №5, майори милитсия;
Муродзода Аслиддин - муаллим-методисти қисми таълимии факултети №5, подполковники милитсия;

Кафедраи бехатарӣ аз сухтор.
Шарофзода Фирӯз Алиҷон - сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия.
Сафарбекзода Зикрулло – муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор,подполковники милитсия;
Саидзода Файзиддин – муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сухтор, майори милитсия;
Назарзода Манучеҳр – муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтор, майори милитсия;
Раҳматшозода Сангинмурод – маллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия
Ҳазратзота Ҷасур – муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтор, капитани милитсия;
Иброҳизода Шухрат – муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтор, лейтенанти калони милитсия;
Муродзода Самаридин– муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтор, лейтенанти калони милитсия;
Ибодов Маҳдихуҷа - муаллими кафедраи бехатарӣ аз сухтор, лейтенанти калони милитсия;
Набизода Нодира - корманд-мутахассиси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, старшинаи милитсия

Кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода.
Сатторзода Абдуаҳад- сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода, полковники милитсия.
Хувактзода Бибихол – дотсенти кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода, полковники милитсия;
Холзода Комил – муаллими калони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода, капитани милитсия;
Ҳалимзода Муҳаммад – муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода, лейтенанти калони милитсия;
Ҳабибзода Ҳокимҷон – муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқуллода, лейтенанти калони милитсия;
Хоҷамуродзода Фарҳод - сардори курсҳои факултет, лейтенанти калони милитсия;
Убайдзода Ҷумахон - муовини сардори курсҳои факултет, майори милитсия;

100

Тибқи сохтори воҳидҳои штатие, ки барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш шудааст, факултети №5 иборат аст аз: садорати факултет (8 воҳид); 5 кафедра (ду кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор, ду кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда ва як кафедраи умумимуҳандисӣ, ҳамагӣ 36 воҳид); қисми таълимӣ-оташнишонӣ (27 воҳид), қисми таълимӣ (3 воҳид), кормандони ёрирасон (14 воҳид). Ҷамъ дар факултети №5 - 90 воҳиди штатӣ пешбинӣ шудааст.

Роҳбарии факултети №5-ро аз давраи ташкилшавӣ, яъне аз соли 2010 то соли 2012 номзади илмҳои техникӣ, полковники мустаъфӣ Нарзуллоев С.А., аз соли 2012-2013 номзади илмҳои физика-математика, полковники мустаъфӣ Холмуродов Ф, аз соли 2013-2016 номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А. ва аз моҳи майи соли 2016 то2020 номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. ба ӯҳда дошт, аз моҳи июли соли 2020 то ба имрӯз майори милисия Нуруллозода Муҳрулло ба ӯҳда дорад.

Дар таълим ва тарбияи курсантони факултети №5, саҳми устодону омӯзгорон беандоза мебошад. Инчунин саҳми собиқ сардорони кафедраҳо, полковники мустаъфӣ Ғаюров С., Катиков Х., Мирзоев С. низ дар тарбияи курсантони мазкур назаррас мебошанд. Аз қабули аввалин довталабон, яъне аз моҳи августи соли 2009 сар карда, роҳбарии курсро полковники милитсия Иброҳимов Қ.Б., Раҳимов Р. ва Раҳимов З. ба ӯҳда доштанд ва аз моҳи январи соли 2016 сар карда, роҳбарии курсро капитани милитсия Сангов М ва аз моҳи июни соли 2017 бошад, то моҳи январи соли 2018 подполковники милитсия Муминиён Алишер аз моҳи январи соли 2018 бошад то моҳи феврали 2019 полковники милисия Холзода С.Д. ба уҳда дошт аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи сентябри соли 2019 подполковники милитсия Аълозода М. ба уҳда дошт аз моҳи сентяри соли 2019 бошад то моҳи сентябри соли 2020 майори милитсия Назарзода М. ба уҳда дошт аз моҳи сентябри соли 2020 бошад лейтенанти калони милитсия Хоҷамуродзода Ф. ба ӯҳда дорад.
Таълимоти фанҳои тахассусӣ имрӯзҳо аз ҷониби кормандони пуртаҷрибаи ҳам соҳаи сӯхторнишонӣ ва ҳам соҳаи дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда ба тариқи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби кормандони Саррайёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - н.и.ҳарбӣ, подполковник Мансуршоева Л. машғулиятҳои тахассусиро бо истифода аз таҷҳизоти муосири таълимӣ мегузаронанд. Аз кормандони пуртаҷрибаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад муовини авали сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникони хизмати дохилӣ Назарзода Х., Катиков Х.Б., Назаров С.С. ва Ғаюров С., инчунин аз ҳисоби кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф-м. Холмуродов Ф., Нарзуллоев С., Ашуров С. ва Раҳимов А.О. машғулиятҳои таълимии тахассусиро дар сатҳи баланди касбӣ мегузаронанд.
Самти фаъолияти факултети №5 асосан тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар шакли таҳсили рӯзона мебошад. Мӯҳлати таҳсили курсантон дар факултети №5 Академияи ВКД - 5 сол мебошад. Баъди анҷоми таҳсил ба хатмкунандагон дипломи намунаи давлатӣ дар бораи маълумоти олӣ, тахассуси «Муҳандис», инчунин унвони махсуси лейтенант дода шуда, барои давом додани хизмат ба сохторҳои мақомоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд.
Тартиби интихоб ва қабули курсантон ба таҳсили рӯзона, тақсимот ва таъйини онҳо ба вазифаҳои мухталиф баъди хатми таҳсил аз ҷониби ВКД ва КҲФ ва МГ, тибқи қоидаҳои интихоб ва қабул ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Низомномаи адои хизмат муайян карда мешаванд.
Озмоишҳои дохилшавӣ дар факултети №5 аз фанни тайёрии ҷисмонӣ дар шакли анъанавӣ ва аз фанни забони модарӣ ва адабиёт хаттӣ қабул карда мешаванд. Аз фанҳои математика, физика ва химия бошад, озмоишҳо дар шакли тестӣ аз ҷониби Маркази ягонаи тестии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Оид ба масъалаи тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба ихтисосҳои факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи кадрҳои ҷузъу томҳои СХДО ва КҲФваМГ дар ҷойҳои истиқомат муроҷиат намудан лозим аст.
Ба курсантон дар нимсолаи аввал аз рӯи натиҷаҳои озмоишҳои дохилшавӣ ва дар нимсолаҳои оянда тибқи натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳонотӣ стипендия таъйин карда мешавад. Дар давраи таҳсил дар Академия курсантон ҳам ройгон ва шартномавӣ бо сару либоси ҳарбӣ, хӯроки гарм ва таъминоти пулӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда таъмин карда мешаванд. Курсантони ба факултети №5 дохилшуда дар хобгоҳи Академия истиқомат мекунанд.
Ба курсантони таҳсили рӯзона ҳамаи имтиёзҳое, ки дар «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, паҳн мегардад.
Барои курсантон шароитҳои хуби зиндагӣ, хӯроки доимӣ, шароити хуби таълимӣ, ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудааст.
Робитаҳои берунаи факултети №5-ро асосан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании далати Белорусия,Дерексияи сохтмонии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, кафедраҳои химия ва физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ дидан мумкин аст.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...