Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАКУЛТЕТИ № 6 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

fak6Сардори факултети №6 подполковники милитсия Амрудинзода Муҳридин Амрудин, мебошад. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 2005 ба факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 факултети мазкурро бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” хатм намудаст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: Аз моҳи сентябри соли 2005 то моҳи июни соли 2009 курсанти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи июни соли 2009 то моҳи сентябри соли 2012 омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД факултети №2 Академияи ВКД. Аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи июни 2015 адъюнкти Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия. Аз моҳи июни соли 2015 то моҳи сентябри соли 2015 дотсенти кафедраи ташкили идоракунӣ дар МКД факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2015 то соли 2018 сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи феврали соли 2018 ба ҳайси сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то мохи августи соли 2022 адои вазифа намуд. Аз 26 августи соли 2022 то инҷониб сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърихи факултети №6

Бо ташаббуси бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Академия барои факултети №6, бинои алоҳидаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 22 ноябри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

536

Бинои мазкур аз панҷ ошёна, таҳхона бо толори Шӯрои диссертатсионӣ, толори фарҳангӣ ва лексионӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти замони муосир, синфхонаи шоҳмотбозӣ, синфхонаи забоншиносӣ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи ҳуқуқи оила, синфхонаи таҷҳизоти махсус, китобхонаи махсуси факултет ва китобхонаи мӯҳтарам вазири корҳои дохилӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Факултети №6 Академияи ВКД фаъолияти худро дар самти таълим, илм, тарбия ва низом амалӣ менамоянд.

Роҳбарии факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Амрудинзода Муҳридин Амрудин, муовини сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Бобоназарзода Фароҳод Шарофидин, сардори қисми таълимӣ, полковники милитсия Умарзода Саиднеъматулло Нуралӣ, муаллим-методисти калон майори милитсия Ҳафиззода Фарзона Сафарали, сардори курси воҳиди таълимӣ - низомӣ, полковники милитсия Холзода Сайфулло Дости, муовини сардори курси воҳиди таълимӣ - низомӣ подполковники милитсия Алозода Қадриддин Саидумар. 

09

Айни замон фаъолияти таълимии факултет аз ҷониби 2 кафедра дар ҳайати 28 – нафар ба амал бароварда мешавад:

- кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ;

- кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ;

Сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, подполковники милитсия Абдуллозода Шерали Файзулло, профессори кафедра, подполковники милитсия Ҳакимзода Зокир Ҷаббор, дотсенти кафедра полковники милитсия Шарифзода Умар Шариф, муаллимони калони кафедра, полковники милитсия Сатторзода Баҳрулло Бобомурод, полковники милитсия Шаробзода Баҳриддин Зайниддин, подполковники милитсия Исмонзода Меҳрубон Исмон, ва майори милитсия Алимзода Достон Алим, муаллимони кафедра, капитани милитсия Абдуллозода Хуршед Шуҳрат, капитани милитсия Абдуваҳобзода Меҳрафруз Абдуваҳоб, лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Саидшоҳ Баҳромшоҳ, лейтенанти калони милитсия Шарифзода Санавбар Абдуғаффор ва сардори синфхонаҳои кафедра, майори милитсия Ашурзода Шоҳамшоҳ Давлат.

Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Шарифзода Парвини Раҳмулло, профессори кафедра, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир, дотсенти кафедра Маҳмадализода Файзиддин Маҳмадқул, муаллимони калони кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Розиқзода Фарҳод Мирзомаҳмад, подполковники милитсия Қодирзода Хуршед Лутфулло, муаллимони кафедра, лейтенанти калони милитсия Раҳимзода Валӣ Юсуф, лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Дилангез Алиҷон.

Шумораи олимони факултети №6; 4 – нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 1 – нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ:





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...