Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

fak3Одиназода Абдуғафор Шер
Сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2008)
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)
Аълочии милитсия (2011)
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2011)
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)
Полковники милитсия (2014)
Суроға: 735718, в. Суғд, ш. Хуҷанд, маҳалаи 17, тел: (83422): 20280, факс: (83422) 24878
Одиназода Абдуғафор Шер (10.11.1971, Ҷумҳурии Тоҷикистон). Хатмкунандаи Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) маълумоташ ҳуқуқшинос, баъди хатми мактаби мазкур ба вазифаи муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ таъин гардид. Соли 2006 ба факултети тайёр намудани кадрҳои илмӣ - педагогии Академияи идоравии ВКД Федератсияи Россия дохил шуд. Соли 2008 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: «Ҷамбаҳои назариявӣ - ҳуқуқии ташакулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз руи ихтисоси 12.00.01- «Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат” бо мувоффиқият ҳимоя намудааст. Соли 2008 ба вазифаи дотсенти кафедра фанҳои давлатӣ-ҳуқуқи таъин гардид. Солҳои 2009-2014 сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ. Солҳои 2014-2015 муовини сардори коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2015 то моҳи марти соли 2020 дар вазифаи сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи марти соли 2020 сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз мохи августи соли 2022 то инҷониб сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муаллифи 1 монография, 5 маводи таълимӣ-методӣ, ҳамчунин зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ дар масъалаҳои ташакулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чоп намудааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи маориф ва фарҳангӣ имкониятхои нав ба вуҷуд овард. Инкишофи мактаби миллӣ ва маориф яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта барои пешравӣ ва баркамол расидани насли ҷавон ва кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ маблағҳои зарурӣ сарф менамояд.
Тайёр кардани кадрҳо дар низоми мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи мактабҳо, курсҳои таълимӣ ва марказҳои таълимӣ амалӣ гардонида мешавад. Яке аз шаклҳои тайёр кардани мутахассисон ин бе тарки истехсолот, яъне таҳсили ғоибона ба шумор меравад, ки аз замони Шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Факултети №3 фаъолияти таълимиро дар шакли ғойибонаи таҳсил ба амал бароварда, барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамчунин, дар асоси шартнома барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мутахассисонро омода месозад. Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ (9 сентябри соли 1991) Тоҷикистон на танҳо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, балки ҳамзамон тайёр намудани мутахассисон барои Тоҷикистон дар дигар ҷумҳуриҳо имконнопазир гардид ва ВКД-и ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.
Дар замони Шӯравӣ баъди ташкили мактаби миёнаи махсуси ВКД-и ИҶШС (1970) ба таври ғойибона мутахассисон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тайёр карда мешуданд, ки ин барои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон душвориҳои зиёд ба миён меовард. Маҳз ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи Душанбегии таҳсили ғойибонаи мактаби Олии Тошкандии ВКД ИҶШС соли 1991 ташкил гашта, ба тобеъияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ин ибтидои ташкилшавии факултети таҳсили ғоибона ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд факултати № 3) гашт. Яке аз роҳбарони аввали факултети №3 полковник Қосимов буд, ки таҷрибаи бойи кории мақомоти корҳои дохилиро дошт. Минбаъд факултети номбурдаро муовини Вазири корҳои дохилӣ полковник Ҷумъаев У.С. (марҳум соли 2010 фавтиданд) роҳбарӣ намуданд. Фаъолияти корбарии он касро ба инобат гирифта, баъдан полковник Ҷумъаев У.С.-ро ба вазифаи сардори мактаби олии ВКД таъин намуданд.
Соли 1995 ба вазифаи сардори факултети №3 полковник Хоҷаев А. таъин гашт, ки тӯли фаъолияти хизматиаш базаи таълимии факултетро мустаҳкам намуда, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Аз соли 1995 то соли 2007 н.и.ф., полковник Ёқубов М.Ҳ. дар вазифаи сардори факултети №3 кор кардааст.
Айни замон сардори факултет полковники милитсия Одиназода Абдуғафор Шер мебошад.

598

Сардори курсҳои таълимии факултет полковники милитсия Сафаров Ҷамшед Назаралиевич., адои вазифа намуда истодааст.

Сардори қисми таълимии факултет Каримзода Хиромон Абдулло фаъолият намуда истодааст.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...