Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Семинар-машғулият дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 23.07.2018 16:50
Рӯзҳои 16 то 18-уми июли соли 2018 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо кормандони оперативии РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД-ҳо дар минтақаи Кӯлоб семинар-машғулият дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд. Семинар-машғулияти номбурдаро омӯзгорони факултети №6-и Академияи ВКД, бо роҳбарии сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев ....
Сафари аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академия ва ҷавонони гурӯҳи Авангард ба минтақаи Рашт 09.07.2018 18:47
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад.Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ....
Боздиди шунавандагони Академияи ВКД аз «Қалъаи Ҳисор» 07.07.2018 14:36
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҷиҳати рушду равнақ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ такони бузург бахшид. Вобаста ба иҷрои ....
Тренинг барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила 05.07.2018 16:51
Аз 2-юм то 4-уми июли соли ҷорӣ дар Академияи ВКД ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 тренинг доир ба таълими кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани маҳорати онҳо оид ба дарсдиҳии фанни «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар тренинги мазкур ....
Академияи ВКД бо маҳсулоти худӣ таъмин мегардад 26.06.2018 16:36
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маъракаи ҳосилғундории картошка аз заминҳои корами назди бинои ин ниҳод сурат гирифт. Дар ин ҳашари дастаҷамъона сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва кормандони ин таълимгоҳ бо дили гарму нияти нек саҳмгузорӣ намуданд. Тавре дар суҳбат бо мо муовини сардори Академияи ВКД ....
Баргузор намудани семинари илмии сайёр 25.06.2018 15:21
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми декабри соли 2017 баён намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим буда, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, ....
Маросими хатми курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.06.2018 15:14
Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд. Э.Раҳмон. Боиси ифтихор аст, ки имсол маросими дипломсупорӣ дар Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ба фарорасии Рӯзи ....
Ваҳдати миллӣ - пояи устувори миллат 25.06.2018 09:45
Дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми июни соли 2018 бо ташабуси кафедраҳои фанҳои ҷамъиятӣ, фанҳои маъмурӣ ва забонҳо бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ ва бадеии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ - пояи устувори миллат» баргузор гардид. Кори конференсияро муовини аввали сардори Академияи ВКД ....
Маросими хатми курсҳои такмили ихтисоси кормандони Раёсати таҳқиқи ВКД 23.06.2018 16:16
Аз санаи 21 май то 21 июни соли 2018 дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати тақиқи Вазорати корҳои дохилӣ ба курси такмили ихтисос ҷалб гардиданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, барои гузаронидани дарсҳо дар ин курси такмили ихтисос мутахассисони ....
Иштироки курсантон дар Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ 20.06.2018 09:56
Рӯзи 18 июни соли 2018 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ” аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ҳамзамон таблиғу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни кормандони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ ....
Пешсафии курсантони Академияи ВКД дар озмуни “Санъати сухан” 19.06.2018 15:47
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ....
Мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ 19.06.2018 15:41
Рӯзи 18-уми июни соли 2018 дар факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини сардор оид ба таълиму илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Ғафуров М.С. оғоз бахшида, аз таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ....
Анҷоми марҳилаи сеюми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар Академияи ВКД 18.06.2018 14:42
Аз рӯзи 4-ум то 16-уми июни соли 2018 дар факултети№3-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ....
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ вобаста ба қочоқи металлҳои қиматбаҳо 16.06.2018 08:44
Рӯзи 14 июни соли 2018 аз тарафи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба тавсифи ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба қочоқи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ....
Маросими хатм дар Академияи ВКД 18.06.2018 14:38
Дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми июн дар саҳни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам ....


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...