Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Академияи ВКД ҶТ полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло

NasuriyonСардори Академия: Насуриён Пулод Асадулло, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия.
24 феврали соли 1977 дар шаҳри Нораки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Соли 1998 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, ба ҳайси омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 кор намудааст.
Дар соли 2005 бо тавсияи Шӯрои олимони Академияи ВКД ба факултети тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия фиристода шуд. Соли 2008 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Оқибатҳои криминалии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва чораҳои пешгирии он (аз рӯйи маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бо ихтисоси 12.00.08 - «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» бо муваффақият ҳимоя намуд.
Солҳои 2008-2009 бо ҳайси дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2009-2014 ба ҳайси сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, солҳои 2014-2018 – сардори факултети № 3 Академияи ВКД, аз моҳи феврали соли 2018 то марти соли 2020 - вазифаи муовини сардори Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон - ӯ низ сардори факултети № 4 (бо қароргоҳ дар ш.Хуҷанд)-ро ба уҳда дошт.
Аз моҳи марти соли 2020 то моҳи июли соли 2021 – сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД.
Моҳи июли соли 2021 ба ҳайси муовини аввали сардори Академияи ВКД ва 17 апрели соли 2023 ба вазифаи сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъйин гардида, фаъолият намудааст.
Насуриён Пулод Асадулло 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа менамояд.
Муаллифи 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 2 дастури методӣ, 8 барномаи таълимӣ, зиёда аз 15 мақолаи илмӣ, беш аз 150 таклифу пешниҳод ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ, саҳми босазои худро дар омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ оид ба сиёсати муҳоҷиратӣ ва ислоҳоти милитсия гузоштааст.
Мукофоту ҷоизаҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2010), Аълочии милитсия (с.2011)
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...