Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми курсҳои такмили ихтисоси кормандони Раёсати таҳқиқи ВКД

299

Аз санаи 21 май то 21 июни соли 2018 дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати тақиқи Вазорати корҳои дохилӣ ба курси такмили ихтисос ҷалб гардиданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, барои гузаронидани дарсҳо дар ин курси такмили ихтисос мутахассисони варзидаи соҳа дар ин самт даъват карда шуданд.
Рӯзи 21 июн бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким маросими тантанавии супоридани сертификатҳо оид ба хатми шунавандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.

261262
Муовини аввали сардори Академияи мазкур зимни супоридани сертификатҳо шунавандагонро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Дар навбати худ таҳқиқотчиёни Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Академияи ВКД барои сафарбар гардидан ба курсҳои такмили ихтисос изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки зимни донишомӯзӣ савияи дониш ва малакаю маҳорати худро баланд бардошта, минбаъд онҳоро дар фаъолияти хизматӣ истифода хоҳанд кард.
Ҳалимзода Д.Д.
Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...