Таҳдиди вабои аср ба ҷомеаи муосир
Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи тезутунд аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишварҳои алоҳид, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад содир шудааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муайян нашудааст.
Дар тӯли асрҳо инсон дар баробари кашфиётҳои нодир силоҳҳои даҳшатноке низ сохтааст, ки ҳадафи онҳо дар қатори дигар таъинотҳои ҳарбӣ ва ҷангиашон қатли ом ва аз неъмати бузургтарин, яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани инсон аст. Вале ба он марҳилаи даҳшатнок нарасида инсоният дар нимароҳ, ҷаҳонро ба хатари дигари аз он ҳам дида ваҳшатовар, тимсоли ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ гирифтор кардааст.
Аз байнравии ИҶШС дар соли 1991 дар асоси буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки натиҷаи амали нодурусти роҳбарони ҳизбҳои ҷумҳуриҳои собиқи иттиҳоди Шуравӣ буд, боиси оқибатҳои вазнинтар гардид. Ҳамаи ин оқибатҳои манфӣ сабаби асосӣ барои маҷмӯи муноқишаҳои иҷтимоии шадид, аз ҷумла: байни ғоратгарон ва аз пойафтодагон ба зулмоти нодории аҳолии кишвар ва роҳбарони ҳукмрони он, байни ҳар гуна гурӯҳҳои роҳбарикунанда дар мубориза барои қудрат ва фоида, байни ҷумҳуриҳои пешинаи Иттифоқ дар мубориза барои аз нав тақсимоти амволи моликияти иттифоқ, байни гурӯҳҳои этникӣ ва давлати бисёрмиллатаи иттифоқӣ гардид. Инчунин дар ин раванд, як қатор омилҳои зиёде мавҷуданд, ки сабаби воридшавии экстремизм ба ҷомеаи муосири тоҷик гардидааст. Ин пеш аз ҳама натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ, бекории оммавӣ ва ба табақаҳо ҷудо гардидани ҷомеа: ба доираи хурди сарватмандон ва гуруҳи афзалиятдошта, вале заифи шаҳрвандони камдаромад ва камқувватии ҳокимияти давлатии онвақта ва бадномсозии институтҳои он вобастагӣ дошт. Дар ошкорсозии экстремизм инчунин системаи қаблӣ, шаккокии ҳуқуқӣ (нигилизм) ва сиёсати ҳавобаландонаи сарварони дин ва хоҳиши сиёсатмадорон барои истифодаи дин дар мубориза барои қудрат ва имтиёзҳо истифода мешуданд.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи «ҳизби наҳзат», яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд».
Алангаи экстремизм ба вайронкунии ҳуқуқи диндорон, ақалиятҳои динӣ, қавмӣ, шахсони мансабдор ва ба фаъолияти хориҷии марказҳои динӣ ва сиёсӣ, ки ба мақсади дар мамлакати мо барангехтани сиёсати таҳқиромези динӣ, ки ба вазъи иҷтимоии халқ мухолифат доранд, вобастааст. Дар вазъи ноустувории иҷтимоӣ асосан муборизаи шадиди сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият вуҷуд дорад. Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи тоҷикӣ, ин мубориза бо истифодаи дин ва усулу методҳои ҷиноятӣ ва экстремистӣ амалӣ гардонида мешавад. Баъзе гуруҳҳои молиявӣ ва сиёсӣ ҳаракатҳои экстремистии худро барои иҷрои ҳадафҳои амиқ ва мақсадноки сиёсӣ истифода мекунанд. Барои ин, онҳо фаъолияти ташкилотҳои гуногуни экстремистиро ташкил, маблағгузорӣ ва идора менамоянд.
Дар ҷомеаи муосири тоҷик идеологияи экстремистӣ, аксар вақт ранги динӣ, сиёсӣ ё этникӣ мегирад. Экстремизм ҳамчун ҳамоҳангсозии шакли фавқулоддаи муноқишаҳои иҷтимоӣ, ҳифз ва манфиатҳои маҳаллии онҳо, манфиатҳои худтанзимкунӣ, ҳувияти иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани мавҷудияти иҷтимоии онҳо баромад мекунад.
Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ аз бар карда, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардаанд. Экстремизми динӣ ва сиёсӣ низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он ба тарзу усули хосаи худ ҳукумронӣ дорад. Экстремизми динӣ ва сиёсӣ борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳоро мутамарказ кардааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, экстремизми динӣ ва сиёсӣ ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хусусияти умумидавлатӣ пайдо мекунанд ё бо ибораи дигар он масъала боиси ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Намонад дигар узвҳоро қарор.
Экстремизми динӣ ва сиёсӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз ду ҷиҳат баррасӣ карда мешавад:
1) экстремизми динӣ-сиёсӣ ҳамчун як ҳолати махсус ё усули амалисозии равонӣ (навъи роҳнамо ва таҷрибаи эмотсионалӣ);
2) экстремизми динӣ-сиёсӣ ҳамчун як ҳолати махсуси рафтор.
Бидуни мавҷудияти идеологияи мазҳабӣ ва бидуни он ба эътиқоди шахсӣ боварӣ доштан экстремизми динӣ буда наметавонад. Аммо на ҳар идеологияи мазҳабиро мо метавонем, экстремистӣ номем, зеро мавзуи эътиқоди шахсӣ ва шахсияти муътамади боваридоштаи-экстремист гардад. Махсусан, хусусияти идеологияи экстремизми динӣ унсурии ибтидоӣ ва шарти асосии экстремизми динӣ мебошад, ки оламияти динӣ ҳамчун анбори иҷтимоии психологии шахс аст.
Дар идеологияи экстремизми динӣ принсипи бетоқатӣ, бетаҳаммулӣ ба дигар дин, мазҳаб мусоидат менамояд, ки мафҳумҳои идонаи мазҳаби ғайри анъанавӣ ба идеологияи экстремистӣ табдил ёфтанд. Айни замон як қатор идеологияҳои устувори мазҳабӣ мавҷуданд, ки ба таври даврӣ дар ҳолати фавқулоддаи таърихӣ ва ба таври бошуурона бо дастгирии «боғбонон», ки аз кишт баргаштаанд, ба парвариши таассуб дар байни омма машғул мегарданд ва онро ба шакли идеологияи экстремистӣ табдил медиҳад ва зуд оммаи ба дин эътиқоддоштаро ба сафҳои худ ҷалб месозад.
Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зикргардидаро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол арзёбӣ карданд, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Дар шароити муосир вазифаи ҳар як фардӣ ватандӯсту ватанпараст, миллатдӯсту шуҷоатманд, бахусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯи ифротӣ, ки бар хилофи таълимоту талаботи дини мубини исломанд, худдорӣ намоянд ва равандҳои демократикунонӣ фарҳангӣ сиёсии ҷавонону наврасонро боло бурда, ҳама мушкилоти мавҷудаи муносибати байни давлат ва ҷомеаро дар асоси корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва бо камоли масъулият тамоми кӯшишу ғайратро ба андӯхтани илму дониш ва созандагию ободкорӣ равона намоянд.
Мансур ИСКАНДАРЗОДА,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ,
Файзалӣ ҚОСИМОВ,
омӯзгорони Академияи ВКД.