Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Паём дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон

67928 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.
«Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳам қадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хотирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабул намудаи парламенти мамлакат мебошад. Ба шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи Шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ - Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истода аст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд» - зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», санаи 28-уми декабри соли 2023.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ин боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон ба шумор мерафт. Пешвои миллат иброз намуданд, ки бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии ҷавонон таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода шавад. Ин баромади Пешвои муаззами миллат бори аввал набуда, пайваста дар паёмҳои худ ба ин қишри ҷомеа тавваҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Воқеан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, омӯзиши илмҳои муосир, имрӯз масъалаи хеле муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Воқеан, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, омӯзиши илмҳои муосир имрӯз масъалаи хеле муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Роҳбари давлат хеле хуб фармуданд, ки насли имрӯзаро аз ҳар гуна хурофот, чӣ динӣ ва чӣ ғайридинӣ, асотирӣ ва ғайра озод намуда, тамоми нерӯи зеҳнӣ ва тавоноии фикрии онҳоро ба омӯзиши илму техника, технологияи муосир равона кардан лозим аст.
Президенти кишвар хеле хуб таъкид намуданд, ки роҳи ягонаи таъмини пешрафти ҷумҳурии мо омода кардани кадрҳои соҳибкасб, аз донишҳои замона бархӯрдору эҷодкор аст ва барои иҷрои ин ҳадаф низоми маорифи ҷумҳурӣ аз ҳар ҷиҳат бояд омода бошад. Пас, вақти он расида аст, ки ба сифати тайёр кардани кадрҳо тамоми нерӯ ва имконоти муассисаҳои маорифи ҷумҳурӣ равона карда шаванд. Бинобар он, ҳамкории наздики мактабу оила хеле зарур аст, ки чунин ҳамкориро пеш аз ҳама низоми маориф ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бояд ба роҳ монанд.
Албатта, самти афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад, ки беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои вобаста ба ҷавонон амал намуда, якчанд Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ нисбати ҷавонон пайваста амалӣ мегарданд.
Тарбияи ҷавонон аз ҷумлаи афзалияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Тарбияи ҳуқуқӣ як намуди тарбияи умумӣ буда, дар роҳи амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ ду вазифаи асосиро иҷро менамояд:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим шуморида, ҷавононро қувваи бузурги бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобанд. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. «Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз-Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун Нерӯгоҳи барқии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд».
Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26 феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20 марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.
Вобаста ба таҳсил Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир баҳравар бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи мамлакат кафолат дода шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар 39 мактаби олии Тоҷикистон 170 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, 30 ҳазор ҷавон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил карда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин аз риояи қонуну маърифати ҳуқуқӣ вобаста будааст. Рушди бо низоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуният дар давлат, тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои ҳамин ба насли ҷавони кишвар лозим аст, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият, зарурати таҳия ва амали сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад, ки ҳадафи асосии он, ин боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ буд. Ин заруриятро хушбахтона давлат ва Ҳукумати навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда пайи амалӣ намудани он шуданд. Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ беш аз 70 санади ҳуқуқӣ қабул гардид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуктаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ва тағйиру иловаҳо ба он мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият ва ғамхорӣ нисбати ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро муайян намудан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад, бахусус барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа дарк карда шавад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 хело хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бе баҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванде мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро ки ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои чапу нодуруст худро боз медорад. Аз ин дидгоҳ ҳар як нафар узви ҷомеа, ба хусус ҷавонон агар бихоҳанд, ки дар зиндагӣ боэътибор бошанд бояд, ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем. Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, аз ҷумла қайд менамоянд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст».
Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исбот шуда, робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкоргароӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар баробари ин, ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоид фароҳам меоранд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997 хусусияти универсалӣ доранд. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯйи кор омадааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа, нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи миллии таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқ ва қабул гардид, ки дар самти боло бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум аз аҳамият холӣ нест. Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ва устувору пой барҷо мондани адолати судӣ аз 23 июни соли 2007, таҳти №271 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад, ки аз аҳамияти баланди ҳуқуқӣ бархурдор аст.
Ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ин ё он шакли муносибати одамонро нисбат ба худ ифода менамояд. Чунин муносибат мумкин мусбат ё ин ки манфӣ бошад. Агар инсон арзиш ва зарурати ҳуқуқро дар ҷомеа дарк намояд, онгоҳ муносибат ба ҳуқуқ мусбат мебошад ва баръакс агар инсон ҳуқуқро ҳамчун падидаи бефоида ва нолозим шуморад, онгоҳ муносибати худро ба ҳамаи он чизҳое, ки предмети ба танзимдарории ҳуқуқ мебошанд, дар ин ё он шакл бо таври манфӣ ифода менамояд. Ин муносибат вобаста ба дарки моҳияти ҳуқуқ метавонад самаранок, оқилона ва пуртаъсир бошад. Бояд дар назардошт, ки шуури ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай дар алоқамандӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дошта метавонад. Шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бо ахлоқ вобастагии зич дорад. Зеро одамон ба моҳият ва мафҳуми қонунҳо, рафтори қонунӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо медиҳанд. Шуури ҳуқуқӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ, ақидаҳои сиёсиву мафкуравӣ ва динӣ зич алоқаманд аст. Чунки тасаввуроти инсон доир ба олам, қонунҳои умумии инкишофи табиат ва ҷомеа, таносуби шуур ва ҳаёт дар шуури ҳуқуқӣ инъикос мегардад. Муносибат ба ҳуқуқ бисёрвақт вобаста ба ақидаи сиёсӣ муайян карда мешавад. Ин хусусан ба муносибати марксистӣ-ленинӣ нисбат ба ҳуқуқ хос буд. Зеро аз нигоҳи фаҳмиши марксистӣ-ленинӣ ҳуқуқ ифодаи иродаи синфи ҳукмрон дар қонун буда, қонун ҳамчун чораи сиёсӣ маънидод карда мешуд.
Шуури ҳуқуқӣ ҳам радифи ногузири ҳуқуқ мебошад. Зеро ҳуқуқ танзимкунандаи муносибати байни одамон мебошад. Аз тарафи дигар, ҷараёни эҷоди қонунҳо ба фаъолияти бошууронаи одамон алоқаманд аст. Аз ин ҷо ҳуқуқ натиҷаи маҳсули чунин фаъолият мебошад. Он чиз низ маълум аст, ки ҷараёни ба ҳаёт татбиқ шудани ҳуқуқ одатан натиҷаи фаъолияти бошуурона ва иродавии одамон мебошад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани кори бошуурона шуда метавонад. Ба сифати фаъолияти шуур, инчунин татбиқи ҳуқуқ дар ҳаёти ҳар яки мо мисол шуда метавонад. Зеро ҳангоми содир намудани амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, мо на матни санади меъёрӣ, балки тасаввуротеро, ки оид ба он дар шуури мо пайдо шудааст, ба инобат мегирем. Шуури ҳуқуқӣ маҷмӯи тасаввурот ва ҳиссиёте мебошад, ки муносибати инсонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд. Таъсири шуури ҳуқуқӣ дар бунёди ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят калон аст. Хусусияти характерноки шуури ҳуқуқӣ ҳамчун қисми таркибии механизми танзими ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки вай ҳам дар марҳалаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳам дар марҳилаи татбиқи ҳуқуқ амал мекунад. Вай дар ҳамаи механизми танзими ҳуқуқӣ, ба монанди меъёри ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санади татбиқи ҳуқуқ ба ин ё он дараҷа иштирок мекунад. Шуури ҳуқуқӣ дар марҳалаи татбиқи ҳуқуқ, дар ҷараёни амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёт нақши муҳим мебозад. Аз сатҳ, сифат, характер ва мазмуни шуури ҳуқуқӣ то дараҷае рафтори одамон дар ҷомеа (қонунӣ, ғайриқонунӣ, зарарнок ва хатарнок) вобастагӣ дорад. Маҳз ба туфайли шуури ҳуқуқӣ одамон ба қонунӣ ё зидди ҳуқуқӣ будани рафтори хеш баҳо медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаи имрӯза шуури ҳуқуқӣ бояд мазмуни ғайри мафкуравӣ ва ғайри сиёсӣ дошта бошад. Инсон ба ҳодисаҳои ҳуқуқӣ на аз нигоҳи манфиатҳои мафкураи ҳизбӣ, сиёсӣ, гурӯҳӣ ё давлатӣ, балки бо дар назардошти арзишҳои башарӣ бояд баҳо диҳад. Таркиби шуури ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, аз идеологияи (мафкураи) ҳуқуқӣ иборат мебошад. Ба мафкураи ҳуқуқӣ мафҳум ва тасаввурот оид ба ҳуқуқ ва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҷамъият дохил мешавад. Сатҳ ва сифати нишондоди чунин тасаввурот метавонад гуногун бошад, аз оддӣ, муқаррарӣ, рӯякӣ то ба илмиву назариявӣ. Ба мафкураи ҳуқуқӣ ҳам муҳокимарониҳои шахс, таҷрибаи ҳаётӣ доштаи роҳбари маҳалла ва ҳам асари илмию назариявии эҷод намудаи олими соҳаи ҳуқуқ тааллуқ дорад. Нақши мафкураи ҳуқуқӣ дар танзими ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Дар асоси ақида, назария ва таълимоти ҳуқуқӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба роҳ монда шуда, ҷараёни татбиқи ҳуқуқ амалӣ карда мешавад. Дар ҷомеаи ҳозира мафкураи ҳуқуқӣ инъикоси бевоситаи фаҳмиши мусбат ва муфиди башар буда, асоси конститутсионии худро дорад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад» (қ.1 м.8). «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» (қ.2 м.8). Яъне мафкураи ҳуқуқӣ дар кишвари мо ифодакунандаи ҳеҷ гуна манфиат набуда, балки инъикоскунандаи арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ мебошад.
Вобаста ба дараҷаи эътирофи зарурати ҳуқуқ, дарки моҳияти он ва дигар зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҷомеа шуури ҳуқуқӣ ба се намуд ҷудо карда мешавад: Шуури ҳуқуқии муқаррарӣ– ба шумораи бештари аъзои ҷамъият хос буда, дар асоси ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Одамон дар ин ё он шакл бо навиштаҷоти ҳуқуқӣ дучор мешаванд, аз ахбори омма маълумот мегиранд, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси намояндагонро мушоҳида менамоянд, рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро назорат мекунанд ва ғайра. Барои одамони ин сатҳи шуури хуқуқӣ донистани принсипҳои умумии ҳуқуқ хос буда, ақидаҳои ҳуқуқии онҳо бо тасаввуроти ахлоқӣ зич алоқаманд мебошад. Дар ҷараёни тайёрии махсус ва дар рафти амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқии таҷрибавӣ шуури ҳуқуқии касбӣ ба миён меояд. Субъектҳои ин сатҳи шуури ҳуқуқӣ дорои дониши махсус оид ба қонунгузории амалкунанда буда, маҳорату малакаи татбиқи онро доранд. Ба чунин субъектҳо шахсоне дохил мешаванд, ки факултет ва донишкадаҳои ҳуқуқиро хатм намуда, донишҳои ҳуқуқиро дар ҷараёни фаъолияти амалии худ истифода мекунанд. Барои муҳаққиқон ва коркунони илмие, ки бо таҳқиқи масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ машғуланд, шуури ҳуқуқии илмиву назариявӣ хос мебошад. Фарҳанги ҳуқуқӣ яке аз намудҳои маданияти ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад. Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чи гунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Фарҳанги ҳуқуқии ҷамъият, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне фарҳанги ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.
Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дуюми таркибии маданияти ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Вай аз фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон, фарҳанги ҳуқуқии ҷамъиятро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва дар сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо, инчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд.
Унсури сеюми фарҳанги ҳуқуқии ҷамъият сатҳи инкишофи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмуъ мебошад. Ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷамъияти ҳукмрон ҷавобгӯ бошанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари шакл бояд мукаммал, бе мухолифат, ба қадри имкон кӯтоҳ, аниқ ва ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва дар сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас ба нашр расонида шавад ва ғайра.
Ҷудо намудани унсурҳои таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ шартӣ мебошад, зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он – санади меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад. Ҳамзамон қисмҳои таркибии маданияти ҳуқуқӣ бе инсон, гурӯҳи одамон ва ҷавонон дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Фарҳанги ҳуқуқии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин, аз сатҳи инкишофи фардҳои алоҳида вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, фарҳанги ҳуқуқии гурӯҳӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шахсиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Фарҳанги ҳуқуқии шахсӣ сатҳи дониши ҳуқуқии шахсӣ, муносибати онро ба арзишҳои ҳуқуқӣ, ба қонун ва дараҷаи нишондоди ҳуқуқиро оид ба риояи навиштаҷоти ҳуқуқӣ ифода менамояд. Оид ба фарҳанги ҳуқуқии шахс аз рӯйи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқ ва танҳо дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.
Хулоса, дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» донистан ва риояи бечуну чарои қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун барои насли ҷавони кишвар вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Барои ин дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои миллат тамоми шароитҳои мусоид ва заминаи қонунгузорӣ барои ҳимоя ва дастгирии ҷавонон муҳайё гардидааст. Масъалаи мазкур бояд роҳнамои фаъолияти ҳар оила, падару модар ва масъулини зинаҳои гуногуни низоми маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар бошад.
Фахридинзода Ҳ.С., омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-хуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...