Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шунавандагони Академияи ВКД аъзои китобхона гардиданд

101

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати касбӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин замина ҳайати шахсӣ, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД пайваста ба тамошои театру филмномаҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин миёни ҳайати шахсӣ озмуну санҷишҳо вобаста хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ ба роҳ монда шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар робита ба ин санаи 15-уми феврали соли 2019 шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД ба таври дастаҷамъона ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, барои минбаъд бе монеа истифода намудан аз осори бадеиву илмии Китобхонаи мазкур аъзои китобхона гардиданд.

102

Аз ин пас, шунавандагони Академияи ВКД дар вақтҳои барои худ мувофиқ ба Китобхонаи миллӣ ҳозир гардида, баҳри баланд бардоштани донишу малакаи худ метавонанд аз осори китобхонаи мазкур самаранок истифода намоянд.
Назарзода Ҳ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...