Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳашар дар оромгоҳи марказии шаҳри Душанбе бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

66927 апрели соли 2024 ба вазъи боду ҳавои боронӣ нигоҳ накарда, 213 нафар курсантони курси сеюми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сарварии муовини сардори Академияи ВКД оид ба кори низомӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., сардори курси воҳиди таълимӣ-низомӣ, подполковники милитсия Раҳимзода Зоир, муовини сардори курси воҳиди низомӣ, майори милитсия Нуроншои С., кураторони гурӯҳҳои таълимӣ дар ин чорабинӣ саҳми ватандӯстона гузоштанд.668
Инчунин дар чорабинӣ кормандони Сафоратхонаи Федератсияи Россия бо сарварии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев, командири Базаи 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Андрей Морушкин бо 120 нафар афсарон ва сарбозони пойгоҳи низомӣ, таърихнигори низомӣ, номзади илмҳои таърих, роҳбари гурӯҳи “Хотира” Ғафур Шерматов ва гурӯҳи “Низомиёни ҷавон”, курсантони Академияи ВКД - 220 нафар, гурӯҳи ташкилоти ҷамъиятии Бародарони Ҳамяроқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 нафар иштирок доштанд.
670Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур бо сухан ва муроҷиат ба ҳозирин баромад карданд:
- Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев,
- командири Базаи 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Андрей Морушкин,
- номзади илмҳои таърих, роҳбари гурӯҳи “Хотира” Ғафур Шерматов,
- курсанти курси сеюми Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Зулфонов Амиртемур.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки чорабинии имрӯза ба хотири таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм бахшида шудааст. Падару бобоёни мо дар мубориза бар зидди фашизм қаҳрамонона мубориза бурда на танҳо ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ, балки минтақаи Аврупоро низ аз ин марази замона пок сохтанд. Солҳо гузаранд ҳам, насли нави ҷавон бояд ба қадру қимати гузаштагон расанд ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳоро фаромӯш нанамоянд.
Курсантони Академияи ВКД дар баробари дигарон дар мавзеи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳли оилаҳои онҳо, мавзеи шарафи ҷанговарони интернатсионалист ва дигар оромгоҳҳои шаҳрвандонамон, ки дар ин оромгоҳи масеҳӣ хобанд кор карда, ҳудуди дохилӣ ва берунаи қабрҳоро аз алафҳои худрӯйи бегона тоза карда, рӯбу чин намуданд.
Аз фурсат истифода бурда оромгоҳи бисёр кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ҷойгиранд, ба низом дароварда шуд. Чунончи, оромгоҳҳои собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобо Маҳкамов, ки Вазорати корҳои дохилиро солҳои 1954-1972 роҳбарӣ кардааст, оромгоҳҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Новоселтсев, Недошивин, яке аз аввалин занҳое, ки фаранҷиро партофта дар мақомоти милитсияи Тоҷикистон солҳои тулонӣ кору фаъолият бурдааст Ҷаҳонгирова Саломат (1864-1964) ва ғайра заҳмат кашиданд.
Дар маҷмуъ, курсантони Академияи ВКД оромгоҳи беш аз 5 ҳазор шаҳрвандонамонро ба тартиб дароварданд.
Ҳамасола роҳбарияти Академияи ВКД чандин маротиба курсантонро ба чунин корҳои ватандӯстона ҷалб карда, бо ин амалҳояшон дар вуҷуди шогирдон меҳру муҳаббат, эҳтирому арҷгузорӣ ба ниёгонро мепарваранд, ки дар умум амали хеле хайрхоҳона мебошад!
Назарзода Носир, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...