Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курси такмили ихтисос ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ

595Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри 2023 барои амалисозии муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос, таъмини қонуният, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсиониро муҳим арзёбӣ намуданд.
Барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзи гузаронидан, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми декабри соли 2023 то моҳи майи соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ гузаронида шуд.
Бо мақсади идома додани корҳо дар ин самт аз тарафи мутахассисони соҳавӣ дар мавзӯъҳои муқовимат ба терроризму экстремизм, қочоки силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.
Дар ин навбат 3-юми апрели соли ҷорӣ вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо шунавандагони курси такмили ихтисос доир гардид. Ҳангоми вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки олимону омӯзгорони пуртаҷриба дар Академияи ВКД дарс мегӯянд ва мебояд, ки вақтро барои аз худ намудани донишҳои назариявӣ самаранок истифода намоянд.
Раҷабалиён А., корманди Академияи ВКД, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...