Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

559Дар асоси дастуру супоришҳои муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат" баргузор гардид, дар ҷузъу томҳо ва Раёсату Шуъбаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.560
Аз ҷумла, санаи 12-уми марти соли 2024 курсантону шунавандагони факултетхои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мазкурро дастаҷамъона тамошо намуданд.
561Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоти мазкур иброз карда шуданд, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи алоҳида тартиб дода шуда, дар он масъалаҳои ташвиқу тарғиб, нашри дастури махсус барои истифодабарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳо ва васоити ахбори омма, ташкил ва баргузор намудани вохуриҳо бо курсантон, шунавандагон, ташкили дастаҷамъонаи тамошои мулоқоти болозикр бо иштироки онҳо ва дигар масъалаҳои тарбиявӣ давра ба давра амалӣ карда мешаванд.

Рачабалиён А.Р. капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...