Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили пуршукӯҳи «Рӯзи модар»

557Бо мақсади эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои занону бонувон ҳама сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун «Рӯзи модар» бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ба ин хотир санаи 07.03.2024 соати 12 30 дақиқа дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин санаи муҳим чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори факултети №4, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода, дар назди ҳайати шахсӣ ва ҳайати тағйирёбандаи факултет ҳамаи бонувони факултет ва собиқадоронро бо ин рӯзи муборак табрик намуданд.558
Зимни суханронии худ сардори факултет таъкид намуд, ки ҷашнгирии иди бонувон бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Чуноне ки зимни суханронӣ дар яке аз мулоқотҳо бо занону бонувон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, зеро ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Инчунин бахшида ба рӯзи Модар дар РВКД вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ дар байни кормандзанони Раёсат баргузор гардида буд, дар намуди тениси рӯи мизӣ, корманди факултети №4, майори милитсия Ҷуразода Иноят ғолиби ҷои аввал гардид. Баъдан бахшида ба иди бонувон аз тарафи гурӯҳҳои таълимии факултет газетаҳои деворӣ омода гардид, ки беҳтарин газетаи деворӣ аз ҷониби роҳбарияти факултет бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар охири чорабинӣ, сардори факултет, полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода бо тӯҳфаҳои хотирмон бонувонро сарфароз гардонида ба дастархони идона ҳамаи ҳайати шахсиро даъват намуданд.
Ид Муборак Модарони Азиз!!!
Қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...