Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши занону бонувони Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ( бахшида ба 8-уми март-Рӯзи Модар)

553«Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст »
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Иди 8-уми март ҳамчун рӯзи байналхалқии занони тамоми дунё маҳсуб ёфта, дар аксари кишварҳои ҷаҳони мутамаддин ботантана ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он дар аввал иди бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд. Дар ИМА бо ташаббуси иттифоқҳои касабаи занон 8-уми марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ барои ҳуқуқҳои худ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд. Дар Аврупо ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси байналмилалии дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи «муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19 март таъин шуд. Бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва дар Швейтсария 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейтсария, Ҳоланд — 9 март, дар Фаронса ва Русия — 2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд.
Дар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шуравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Конститутсияи соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста- — оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шурои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид.
Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.Рӯзи байналхалқии Занон ва СММ Аз соли 1975 СММ, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8 мартро чун рӯзи байналхалқии Занон эълон дошт.
Баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ 8 март чун Рӯзи Модар дар Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон чун рӯзи байналхалқии Занон;дар Ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбекистон чун рӯзи Модар; дар Арманистон 7 апрел чун рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ анъана шудааст, ки дар ин рӯз занону бонувон аз мардон таваҷҷуҳи хос, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар гӯшаву канори мамлакат ба муносибати ид, аз ҳукуматҳо сар карда то идораву корхонаҳои хурд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд. Дар муҳити оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯхфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд. Баъдан аввали моҳи марти соли 2009 дар Тоҷикистон низ ин ид аз номи “Иди Бонувон” ба “Иди Модарон” номгузорӣ карда шуд ва чун пешин рӯзи 8-уми март хеле бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ санаи 28-уми декабри соли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми занону бонувон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ иброз доштанд: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».
Ҳамин тариқ, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки нақши занону бонувони Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ хеле ҳам бузург буда, борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои калон садо дода, ҳамаҷониба занону бонувони гиромиқадр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...