Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афзалияти таъмини волоияти қонун дар ҷомеа (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МаҷлисиОлӣ)

438Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
“Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҷумла, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи коррупсия низ имконияти коҳишёбӣ дорад.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълоншудани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат марҳилаи нави рушди ҷомеа маҳсуб дониста мешавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини
Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.
Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабулшудаанд. Роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳдоштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад. Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати мамлакат сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд. Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳмгузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ гузоранд.
Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Инчунин, маърифати ҳуқуқиро метавон ба маънои маҳдуд ва васеъ баррасӣ кард:
- ба маънои маҳдуд, маърифати ҳуқуқӣ низоми муносибатҳоест, ки байни одамон ва ташкилотҳои гуногун дар натиҷаи ҳамкории дарозмуддати онҳо ташаккул ёфтааст. Табиист, ки ин гунна муносибатхо бо қонун танзим ва аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд;
- ба маънои васеъ ин мафҳум тамоми анбори донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки инсоният пештар ҷамъкардааст ва аз тарафи одамон дар ҳаёти харрӯза, дар муносибат бо ҳамдигар, дар меҳнат ва дигар соҳаҳо татбиқ карда мешавад. Ба ин маъно, маърифати ҳуқуқӣ асоси рафтори қонуншикании шаҳрвандон мебошад.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
-дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
-ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;
-тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомона иягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ.
Ҳаминтариқ, дар маҷмӯъ таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа бо иси пешрафти давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ мегардад.
Шунавандаи курси 1-уми Факултети№1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Асомудин Баҳодур Бегмаҳмад

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...