Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мизи мудаввари байналмилаӣ оид ба масъалаҳои мубрами амалишавии барномаҳои таълимии касбӣ дар шакли маҷозӣ

549Тибқи Барномаи кории мақсаднок барои соли 2024, ки бо Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Уфа ба имзо расидааст, санаи 29 феврали соли ҷорӣ мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами амалишавии барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ» баргузор гардид. Мизи мудаввар инчунин ба тариқи маҷозӣ (онлайн) сурат гирифт.550
Дар чорабинӣ мутахассисони пешбари муассисаҳои таълимии гуногуни низоми ВКД, аз ҷумла Академияи идоракунии ВКД Россия, Маркази таълими касбии Сарраёсати ВКД Россия дар Вилояти Москва, Пажуҳишгоҳи илмии Хадамоти Федералии иҷрои ҷазо, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони ВКД Россия дар ш. Тюмен, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Орёл ба номи В.В. Лукянов, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Шарқи Дури ВКД, Донишкадаи Сибирии ҳуқуқшиносии ВКД Россия ва диг.
Дар рафти мизи мудаввар масъалаҳои мубрам марбут ба амалишавии барномаҳои таҳсилоти касбӣ бо истифода дар мисоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии низоми ВКД, аз он ҷумла, нақши таҷрибаи амалии фаъолияти омӯзгор дар раванди таълим, мушкилоти масъалаҳои амалишавии барномаҳои таълимии «универсалӣ»-и ибтидоии касбӣ, таълими касбии маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, масъалаҳо оид ба муносибати ба амалия нигаронидашудаи ба таълими касбии шаҳрвандоне, ки бори аввал барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда шудаанд, масъалаҳои ҷорӣ намудани муносибати комплексӣ ҳангоми омӯзиши аз тарафи кормандони ВКД истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситахои махсус ва силоҳи оташфишон ва дигар масъалаҳои мубрами таълими кормандони МКД баррасӣ шуда будаанд.
Дар мизи мудаввар инчунин сардори кафедраи фанҳои муҳандисию техникии факултети № 3 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Азимӣ Умеда Акбар иштирок намуда, бо маъруза дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами такмили таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии низоми Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон» баромад намуд. Пас аз анҷоми маъруза ба У.А. Азимӣ оид ба хусусиятҳои тайёр намудани кадрҳо барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод кард шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...