Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ робитаи ногусастанӣ дорад

54628 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.
Дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.Дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иқтисодии кишвар рушд намуда, некуаҳволии шаҳрвандон беҳтар гардид. Дар баробари ин Пешвои миллат ба масоили муҳими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ таваҷҷухи хос зоҳир намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа ба таври амиқ бояд дарк карда шавад. Ин нуқтаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 хело хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».
Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз ҷумла чунин қайд намуданд:
«Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст».
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дарки воқеии мақоми ҳуқуқ дар ҷомеаи муосири тоҷиқ аз ҷумла иброз намуданд: «Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хотирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. Ба шумо - аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ - Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд».
Ба масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ва волоияти қонун Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, аз ҷумла чунин иброз намуданд:
«Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Бояд тазаккур дод, ки маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст, ба андешаи аксари ҳуқуқшиносон маърифати ҳуқуқӣ ин риояи бечунучаро ва дақиқи қонуният аз ҷониби ҷомеа мебошад.
Дар моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишороти расмӣ амал мекунанд».
Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Маърифати ҳуқуқӣ маҳз аз донистан ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории миллӣ сарчашма мегирад. Меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, дар ин асос қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтарин намунаи қонунгузории миллӣ дар ин самт мебошанд. Муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот ва тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар баробари ин, ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоид фароҳам меоранд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос, қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-юми августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дорад. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯйи кор омадааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи миллии таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқ ва қабул гардид, ки дар самти боло бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум аз аҳамият холӣ нест. Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ва устувору пойбарҷо мондани адолати судӣ аз 23-юми июни соли 2007 таҳти №271 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад, ки аз аҳамияти баланди ҳуқуқӣ бархурдор аст.
Албатта, ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ ва талабот ба кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд. Ҳоло дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 нафар уновонҷӯ аз сохторҳои хифзи ҳуқуқи кишвар тадқиқоти гуногунҷанбаи илмӣ мебаранд, ки қисмати бештари онҳо ба баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ равона гаштааст. Теъдоди зиёди онҳо аллакай рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуда, афкори илмии хешро дар раванди таълиму тарбия татбиқ менамоянд. Алҳол Академияи ВКД муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки нақшаю барномаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва иловагии касбиро амалӣ месозад: тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ мемонад; дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолият тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро иҷро мекунад ва дар самти фаъолияти худ маркази илмию методӣ ба ҳисоб меравад. Аксари ин барномаҳо баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон равона гаштааст. Муассиси Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бевосита дар тобеияти Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад. Академия дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад. Дар Академия дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи мавзуъҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби олимону омӯзгорон тадқиқотҳои фундаменталии илмӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои ҳуқшиносӣ ва ҷомеашиносӣ гузаронида мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ нақши намоён доранд.
Хулоса, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар тарбия ва ташаккули шуури ҳуқуқии курсантону шунавандагон ва унвонҷӯён саҳми арзандаи худро гузоранд.

Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академияи ВКД ҶТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...