Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омили муҳими рушд – ҳамоҳангсозии назария бо амалия

59Бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон василаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқоти барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд.60
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, дар доираи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар факултети №4 санаи 21 феврали соли 2024 мизи мудаввар дар мавзӯи «Асосҳо барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо иштироки кормандонии оперативии ШКҶ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, хайати омӯзгорону професорони кафедра ва курсантон баргузор гардид.
61Сараввал бо сухани ифттитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. баромад намуда чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.62
Сипас баромади ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Нурматзода Диловар Нурмат дар мавзӯи «Асосҳо, шартҳо, намуд ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» шунида шуд, ки дар он майори милитсия Нурматзода Д.Н. оид ба асосҳо ва шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гуфта гузаштан, ки дар охири баромад бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милитсия Нурматзода Д.Н. саволу ҷавоб бо курсантон ва аъзоёни ҶИК карда шуд.
Баъдан муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода И.И., дар мавзӯи «Асосҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ намуд.
Пас аз он курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Холиқов М. дар мавзӯи «Асосҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро маҳдуд менамояд» баромад намуд.
Дар охир тариқи саволу ҷавоб ба мавзӯи баррасишаванда байни устодон ва курсантон сӯҳбатҳои ҷиҳати илмидошта баргузор гардид, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки баъди гузаронидани мизи мудаввар дар самти оперативӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқу рағбати зиёд пайдо намуда истодаанд.
Мизи мудаварро муовини сардори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ҳусни анҷом бахшида, ба ҳозирин барои иштирок ва маъруза намудан изҳори сипос намуданд.
Шарипова М.А.- сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршики милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...