Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи инсони комил дар партави Паёми Пешвои миллат

483Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Бо назардошти ин ҳидоятҳои ҳарсолаи Пешвои миллат кушиш менамоем, паҳлуҳои тарбиявии Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро саҳифагардон намоем.
Сараввал, Пешвои муаззами миллат рушди сайёҳӣ ва дар ин замина инкишоф додани ҳунар ва ҳунармандиро василаи асосии инкишофи иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Ниёгони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ шинохтаанд. Маҳз касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи рисқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеву мартабаи шахс дар ҷомеа мебошад. Беҳуда, Саъдии бузургвор :«Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст» - нагуфтаааст. Бешубҳа, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мегардад.
Бо бардошт аз ин афкори боарзиш Пешвои муаззами миллат “Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат”-ро мавриди таваҷҷуҳи асосӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, барои дастгирии ин соҳаҳо дастур доданд, ки : “ Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакат додани қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди хунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд”.
Инкишофи илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ангезандаи он рушди сармояи инсонӣ мебошад. Ин нуктаро ҳанӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», моҳи октябри соли 2018, ки дар шаҳри Душанбебаргузор гардида буд, таъкид намуда буданд.: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои дигар тадбирҳои муассир андешида истодааст. Барои истифодаи пурраи ин неруи зеҳнӣ, захираҳои иқтисодӣ, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакати мо минбаъд низ ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам манфиатдор хоҳем буд».
Дар ироаи Паёми имсола низ Пешвои муаззами миллат муҳимияти ин омилро ёдоварӣ намуданд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, истифодаи бештари технологияҳои иттилоотӣ, такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Аз ин лиҳоз дар ҷомеаи имрӯза падару модарон ва сардорони ҳар як оиларо зарур аст, ки аъзои оилаи худро барои донишандӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намоянд, то ин ки дар оянда муваффақ бошанд.
Ҷомеаи имрӯзаро бе донистани забонҳои хориҷӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Алалхусус, донистани чанд забони хориҷӣ, аз қабили забонҳои русӣ ва англисӣ зарур аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро доимо ба насли ҷавон ташвиқу тавсия менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши оила дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардан ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва фарзандон дар назди ҳамдигар як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба табъ расидаанд. Ҳамзамон, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимоя ва рушди оила , раванди таълиму тарбияи шоистаи фарзандон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Диққати хосаи Роҳбари давлат низ барои таълиму тарбияи кудакон, наврасону ҷавонони кишвар равона карда шудааст.
Бояд гуфт, ки оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу сунатҳои миллӣ мусаллаҳ гардондани бачагон мебошад. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Оила ҷоест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад.
Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онон таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро азхуд кунанд, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.
Бо зарурияти ин омилҳо Пешвои муаззами миллат нақши занону бонувонро: «…дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир» - арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки «Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».
Тарбияи ҷисмонии насли наврас ва таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Иштироки фаъоли ҷавонони кишварамон ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд ва муаррифгари давлату миллат мебошад.
Боиси хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат бо қаноатмандӣ аз дастовардҳои варзишӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки : « Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад».
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад ва барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд.
Хушбахтона, бояд донист, ки имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушди варзиш, таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем.
Ташаккули тарбияи ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқнигории насли наврас –қисми муҳими тарбияи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаҳои муҳофизатии ҳуқуқ ҳифзи риояи қонун ва таъмини қонуният мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Беҳуда нест, ки дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.
Ҳамзамон, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Ин нуктаро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки ин бояд таъмини ҳифзу амнияти қонун, поянда нигоҳ доштани сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро бояд созгор бошад.
Аз ҳикмати бузургонамон медонем, ки таҷрибаи гузашта ва амали имрӯза фардоро дурахшон месозад. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро метавон, паёми илҳомбахшу ҳавасмандкунанда ва пур аз панду ҳикмат донист, ки шахсро бо оинҳои некпиндорӣ, некгуфторӣ ва некрафторӣ сафарбар менамоянд ва роҳнамоӣ мекунанд.
Месазад, ки таҳти чунин суханони пандомезу маслиҳатомези Пешвои муаззами миллат бо дилу нияти пок ба сӯи ояндаи нек, чун фарзандони содиқи ин марзу бум хизмати созгор карда бошем.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...