Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд

471Мувофиқи барномаи гузаронидани машқҳои оперативӣ - тактикӣ аз 25-уми декабри соли 2023 то 4-уми январи соли 2024 бо курсантони курси 5-уми факултетҳои 2, 5 ва 6 Академияи ВКД ба нақша гирифта шуда буд. 25-уми декабри соли 2023 бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуда, ба курсантон мақсаду мароми машқҳои оперативӣ-тактикӣ фаҳмонида шуд.472
Машқҳои оперативӣ-тактикӣ марҳилаи хотимавии омӯхтани фанҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Мурофиаи ҷиноятӣ» аз ҷониби курсантони хатмкунанда буда, усули самарабахши санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии курсантон бо ин фанҳо мебошад.
473Бо мақсади иҷро намудани талаботи барномаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дуруст дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, дар давраи аз 25 декабри соли 2023 то 4 январи соли 2024 бо курсантони курсҳои 5 факултетҳои 2,5 ва 6 -и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои оперативӣ-тактикӣ ташкил ва гузаронида шуд.474
Барои роҳбарӣ намудан ва гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод аз ҳисоби роҳбарияти Академияи ВКД, шуъбаи таълим ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шуд.
Машқҳо дар асоси барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ, дар ҳама гурӯҳҳои машқӣ аз соати 09:00 то 15:30-дақиқа гузаронида шуданд. Натиҷаи гузаронидани машқҳо аз ҷониби мушоҳидачиён омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ҳамарӯза назорат ва ҷамъбаст мегардид.
Ҳамаи иштирокчиёни машқҳои оперативӣ-тактикиро ба 10 гурӯҳ тақсим карда, ҳар як иштирокчии ин гурӯҳҳо дар вазифаи шахси мансабдори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, ба монанди: ваколатдори оперативӣ, сарваколатдори оперативӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, нозири минтақавии милитсия, муфаттиш, муфаттиши калон, сардори қисми навбатдорӣ, ёрдамчии навбатдор, сарнозири минтақавии милитсия, нозири минтақавии милитсия, эксперт ва сардори ШВКД баромад намуданд.
Омӯзгорони Академия дар гузаронидани машқҳо ба ҳайси мушоҳидачӣ ширкат варзиданд.
Гурӯҳҳои машқӣ дар самти ҷустуҷӯи ҷиноятӣ фаъолият намуда, пас аз хотима ёфтани машқҳо натиҷаи корашонро ба мушоҳидачиён пешкаш менамуданд: макети парвандаи ҷиноятӣ; макети парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ; нақша ва ҳуҷҷатҳои сардори ШВКД; ҳуҷҷатҳое, ки дар он ҷараёни ҳаррӯзаи машқҳо дарҷ шудааст.
Курсантоне, ки дар самти нозирони минтақавии милитсия фаъолият мекунанд, бо чунин мавод натиҷаи корашонро ба мушоҳидачиён пешниҳод карданд: мавод оид ба вайрон намудани қоидаҳои низоми шиносномадиҳӣ; мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; мавод оид ба майдаавбошӣ; мавод оид ба вайрон намудани қоидаҳои иҷозатномадиҳӣ; санади қабул ва супоридани минтақаи хизматрасонӣ; парвандаи кормандони ғайриштатии милитсия.
Дар ҷараёни гузаронидани машқҳо курсантон аз воситаҳои техникаи оперативӣ, махсуси криминалистӣ, видеокамераҳо, суратгиракҳо, радиостансияҳо ва алоқаи ноқилӣ, сагҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёти махсус фаъолона истифода бурданд.
Ташкил ва гузаронидани амалиётҳо пурра ба навор гирифта шуда, лаҳзаҳои даркорӣ аксбардорӣ гардида, суратлавҳа омода карда шуд. Дар раванди машқҳои оперативӣ-тактикӣ курсантон масъулиятро ҳис карда вазифаҳои хешро иҷро намуданд. Рӯзи охирин курсантон бо омода намудани парвандаҳои дар самтҳои худ тартиб додаашон баромад намуда, онро ҳимоя намуданд.
Ҳамин тавр, кафедраҳои тахассусӣ аз натиҷаи машқҳои оперативӣ - тактикӣ ба муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намуда, бо ҳамин чорабинии таълимии мазкур ба анҷом расид.
Раҷабалиён Абдулҳаким, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...