Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагии Академияи ВКД ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

467Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба масъалаҳои рушди илму маориф, фарҳанг, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон ва шинохти бузургони миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” далели ин гуфтаҳост.468
Амри навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 1-уми январи соли 2024 содир гардид. Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни зикргардида ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён ва калонсолон мебошад.
469Имсол, яъне соли 2024, соли панҷум мешавад, ки бо амри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия – (1) адабиёти кӯдакон ва наврасон, (2) адабиёти классикии тоҷик, (3) адабиёти муосири тоҷик, (4) адабиёти ҷаҳон, (5) эҷоди назм, (6) эҷоди наср баргузор мегардад.470
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Амри навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. санаи 3-юми январи соли 2024 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Санаи 4-уми январи соли 2024 аъзоёни маҳфили илмии курсантон, “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки дар назди кафедраи забонҳои Академияи ВКД таъсис дода шудааст, инчунин, курсантони курси якуми Академияи ВКД ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, пас аз аъзо шудан, бо толорҳои китобхона ва дигар шуъбаҳои он ошно гардиданд.
Омодагӣ барои иштирок дар озмун дар байни ҳайати доимӣ ва тағйиёбандаи Академияи ВКД аз рӯи Низомномаи озмун оғоз гардид.
Китобхонаи умумии Академияи ВКД, ки бо асарҳои шоирони классику муосиру ҷаҳон пурра таъмин мебошад, инчунин, толори барҳавои замонавии китобхонӣ дорад, яъне дар мутолиаи асарҳо аз рӯи номинатсияҳо барои иштирокчиёни озмун, шароити мусоид фароҳам мебошад.
Азиза Давлатшозода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...