Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти босамари Шурои собиқадорони Академияи ВКД

460

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дастгирӣ ва ғамхориҳои хос зоҳир менамоянд.461
Бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани чорабинихо дар байни собиқадорон, ҳамзамон таблиғу ташвиқи аҳлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва тарбияи курсантон дар руҳияи баланди худогоҳиву хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан ва риояи талаботи Оинномавӣ, аъзоёни Шурои собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар таъйин гардидааст: полковники мустаъфӣ Абдуллозода А.Ё. – раис, аъзоён: полковникони мустаъфӣ Имомназаров Ф.С., Рауфзода К.Р., Зокиров М. ва Каримов А.М. Рӯйхати умумии собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон то ба имрӯз 169 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора то ба имрӯз 36 нафар собиқадорон мутаасифона дар қайди хаёт нестанд.Аз ҷониби раиси Шурои собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон нақша-чорабиниҳо барои фаъолият дар давоми соли 2024 тартиб дода шуда, 12 бандро дар бар гирифта, аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., тасдиқ карда шудааст.Тибки нақшаи кории дар соли 2023 корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:Ҷаласаҳои Шуро (шумораи 4 адад) гузаронида шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои зерин баррасӣ гаштаанд: а) Оид ба «Ҷамъбасти натиҷаҳои кори Шурои собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли тақвимии 2023 ва гузаронидани вазифаҳои асосӣ дар соли нави 2024» ; б) Оиди баррасӣ ва тасдиқу пешниҳод намудани нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии «Шурои собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон» барои нимсолаи аввали соли 2023; в) Оид ба «Ҷашнгирии рӯзи Артиши миллӣ дар бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷиикистон»; г) Оид ба гузаронидани вохӯрӣ бо хатмкунандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; д) Оид ба «Гузаронидани вохурӣ бо занхои нафақахӯр ва собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон».
462Ҳамчунин корҳои зерини хайриявӣ ба анҷом расонида шуданд:
- аёдати беморони собиқадори Академияи ВКД ва аёдати аъзои оилаи собиқадорони фавтида дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Академияи ВКД:
- аёдати аъзои оилаи собиқадори фавтида полковники мустаъфӣ Аъзамов Шаҳобиддин (оилааш Хоҷамова М.Ю.) бо ташаббуси бевосита;463
- дар моҳи марти соли 2023 расонидани кумаки хайриявӣ аз тарафи сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба собиқадорон дар намуди маводи хӯрока (орд, равған, шакар, биринҷ, макарон) ҷамъ бо маблағи 300 сомонӣ бо иштироки кормандони Академияи ВКД;
- дар моҳи феврали 2023 аёдати собиқадори бемори ҷарроҳишуда подполковники мустаъфии милитсия Юнусов Розиқ Абдухолиқович аз ҷониби нафақахурони Академияи ВКД Ҷураев Раҷаббой ва Шарипов Давлатёр
464- дар моҳи марти 2023 аёдати собиқадори бемори ба садамаи автомобилӣ афтида подполковники мустаъфии милитсия Абдураҳимов Миршакар аз ҷониби нафақахурони Академияи ВКД Мурод Ғуломов ва Нарзуллоев С.А., ҳамзамон ба ӯ аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД – 200- сомони ёрдампулӣ расонида шуд.
-аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои арафаи идхо собиқадорони Академияи ВКД ҳавасмангардонӣ карда шудаанд:
- дар арафаи «Соли нави мелодӣ» - ба 4 нафар оилаҳои кормандони фавтида ва ба 6 нафар собиқадорону нафақахӯрони Академия ба ҳар кадом 200 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2000 сомонӣ кумак расонида шуд;
- бахшида ба «30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ба 10 нафар собиқадорону нафақахӯрони Академияи маблағи пулии 200 сомонӣ ба ҳар кадом, ҷамъ бо маблағи 2000 сомонӣ тӯҳфа карда шуд:
-бахшида ба «Рӯзи модарон» - ба 6 нафакахӯр-занон дар Академияи ВКД зиёфат ороста, ба ҳар кадом тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.465
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, аз тарафи Раиси Шурои собиқадорон полковники мустаъфӣ Абдуллозода А.Ё., дар арафаи Соли нави мелодӣ ба манзили истиқоматии собиқадорону нафақахӯрон: полковникҳои мустаъфӣ Сангов Мирзоалӣ, Азизуллоев Шукрулло, Шовалиев Саидаҳмад, Сайфуллоев Искандар, Абдуллов Аслам, Иброҳимов Қурбонбек, Холмуродов Фитрат; подполковникҳои мустаъфӣ Абдураҳимов Миршакар, Қувватов Хандамир, Табаров Қиёмиддин рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифта шуд. Ба онҳо пайғому табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Шурои собиқадорон, инчунин кӯмаки навбатии роҳбариятро расонида шуд. Собиқадорону нафақахӯрон бо чеҳраи болида ва руҳияи баланд дар арафаи Соли нави мелодӣ табрикотро хуш пазируфта, аз роҳбарияти ВКД барои ғамхорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин мардони кору хирад иброз доштаанд, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии осоишта дошта, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдорем.
466Оид ба ҷалби курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Шурои собиқадорон ба чорабинии фарҳангӣ тадбирҳо андешида шуданд. Дар барномаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои курсантону шунавандагони гурӯҳҳои таълимӣ ҳатман чанд маротиба дар раванди соли таҳсил дидан намудани ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ ҷалб гардиданд. Маҳз, тавассути татбиқи ин нақшаҳо шогирдон ба ҳаёту фаъолияти пойтахти кишварамон аз наздик шинос шуда, бо шахсиятҳои фарҳангӣ, олимону шоирон, нависандагон ва дигар арбобони шоистаи миллат ошноӣ пайдо мекунад.30 ноябри соли 2023 як теъдоди курсантони факултети № 6-и Академияи ВКД, зери роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Шарифзода М.С. сардори Шурои собиқадорони Академияи ВКД полковники мустаъфӣ Абдуллозода А.Ё., сардори факултети № 6 подполковники милитсия Амрудинзода Муҳриддин намоишномаи театрии «Кампир ёбам, дадаҷон?!»-и Х.Холиқовро тамошо намуданд, ки мазҳакаи иҷтимоӣ буда, фарогири масъалаҳои хонаводагӣ, масъалаи муносибати фарзандону волидон, гиромидошти ахлоқу одоб ва расму оинҳои миллӣ мебошад. Баромади ҳунармандон: Асалбек Назриев, Султонмурод Бобомуродзода, Салоҳиддин Шукуров, Мастура Ортиқзода, Боймурод Ҳаитов, Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода, Зулхумор Иброҳимова, Сония Наврӯзова ва дигарон ба курсантон хуш омад. Ҳайати ташрифоварда ба коргардон таҳиягар Қурбонзода Баҳром ва ёваронаш изҳори сипос баён карда, ба ҳунармандон комёбиҳо таманно намуданд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз 1 июли соли 2023 оид ба иҷрои талаботи банди 4 нақшаи Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсӣ бо собиқадорон ва нафақахӯрон дар таърихи 22 октябри соли 2023 аз тарафи роҳбарияти Академия дар Осоишгоҳи «Садбарг» барои 50- нафар собиқадорон дастархони идона густурда шуда, 13 нафар бо медали ҷашнии Академия, 11 нафар бо нишони сарисинагии 30 солагии Академия ва 11 нафари дигар бо туҳфаҳои хотиравӣ сафарфароз гардонида шуданд. Инчунин, барои болидарӯҳии собиқадорон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин чорабиниҳои муҳими зерин гузаронида шуданд:
- суҳбатои инфиродӣ 7 маротиба;
- ташкили семинари илмӣ дар мавзӯи «Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон» бо мутахассис Сайфиддинов А;
- ба собиқадорон ва оилаҳои кормандони фавтида ба 15 нафар нафақахӯрон кӯмаки моддӣ дар намуди маблағи пули ба ҳар кадом 200 сомони дар умум ба маблагӣ 3000 сомонӣ расонида шуданд.
8-уми ноябр дар майдони сафороии Академия дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ба муносибати Рузӣ милитсия аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба собиқадорони Академия, аъзои оилаҳои кормандоне, ки дар қайди ҳаёт нестанд, инчунин ба курсантони ятими кулл - фарзандони кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, ҳамзамон ба курсантоне, ки аз оилаҳои камбизоату бепарастор мебошанд, кумакпулиҳо расонида шуд. Барои хизматҳои тӯлонӣ ва бенуқсон дар мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми назаррас гузоштан дар кори таълиму тарбияи кормандони ҷавон, ба 20 нафар собиқадорон ва аъзои оилаҳои кормандоне, ки дар қайди ҳаёт нестанд ба миқдори 250 сомони ба ҳаркадом ҷамъ 5000 сомони кумаки якдафъаинаи моддӣ расонида шуд. Дар арафаи иди «Милитсияи тоҷик» аз тарафи Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар нафақухӯрони Академия барои хизматҳои тулони ва бенуқсон дар МКД бо «Раҳматнома» аз номи сардори Академия сарфароз гардонида шуданд.Дар моҳи ноябри соли 2023 ба маблағи 250 сомони ба собиқадорон ва нафақахурони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст, дар умум ба ҳаҷмӣ 5000 сомонӣ. Санаи 20.12.2023 сол вохӯрии навбатии Раиси Шурои собиқадорони Академия полковники мустаъфӣ Абдуллозода А.Ё. бо кормандони ҷавон дар семинарии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Касби ман - ифтихори ман» дар синфхонаи таълимии шуъбаи адъюнктураи Академия баргузор гардид.
30 декабри соли 2023 ба муносибати Соли Нави мелодӣ ва 32 - юмин солгарди таъсисиёбии Академия ба 30 нафар собиқадор кумаки моддӣ дар намуди маблағи пулӣ ба ҳар кадом 200 сомонӣ дар умум - 6000 сомонӣ расонида шуда, ба ин муносибат дастархони идона барои нафақахӯрон ва ҳайати шахсӣ ороста шуд. Ҳамаи чорабиниҳои ба анҷомрасонида ин бозгӯи фаъолияти босамари Шурои собиқадорони Академияи ВКД маҳсуб ёфта, баҳри дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати собиқадорон равона гардидааст.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...