Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақому манзалати Зан-Модари тоҷик дар партави паёми Пешвои миллат

459Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои бесобиқа, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи миллати тоҷик нақши мондагор гузошт. Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсил бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар баробари мардон дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои пайвастаи хеш, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, нисбати занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз аз боғайрату соҳибмаърифат будани занону ҷавонон гуфтанд: “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.
Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ин аст, ки саҳм ва фаъолияти занон дар рушди кишварамон муассир арзёбӣ мешавад.
Ба туфайли Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи деморатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Зан-Модар ҳамчун пайвандгари насли инсонӣ, сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари аҳли башар аз мақому мартабаи хос бархӯрдор буда, дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши назаррас дорад. Зеро пешрафти давлату ҷомеа, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи аз ҷониби зан тарбияи дуруст ёфтани фарзанд, дар роҳи дурусти зиндагӣ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоати ба худ хос ном баровардааст. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро мушоҳида менамоем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хизмат карданд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Таҳмина, Рухшона дида метавонем. Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-Модар, Зан-Роҳбар, Зан-Омӯзгор, Зан-Мураббӣ, Зан-Тарбиятгар мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохӯрдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила, рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад.
Имрӯзҳо дар кишварамон барои занон тамоми имконот ва шароити зиндагии шоиста муҳайё шудааст ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо пеш аз ҳама тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа ва мусоидат ба рушди миллату давлат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, ки: “Дар даврони истиқлолият аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”.
Воқеан, имрӯзҳо занони тоҷик барои ташаккулу пешрафти худ тамоми шароитро доро мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин фармонҳои худро барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар кишвар бахшида, масъалаҳои афзалиятноки рафъи хушунат нисбати занону кӯдаконро эътироф намуданд. Яке аз дастовардҳои асосии кишвар низ дар пешбурди баробарии гендерӣ, бешубҳа, таҳия ва қабули сиёсату қонунгузорӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ ва пешбурди ҳуқуқҳои занон мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки занону модарони мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми шоистаро ишғол мекунанд. Занон дар кору фаъолияти касбии худ ташаббускор буда, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо бомуваффақият иҷро мекунанд.
Хуллас, имрӯз зани тоҷик зани фаъоли иҷтимоист, ки метавонад бо симои зебои зоҳирию ботинӣ ва донишҳои муосиру ҷаҳонбинии васеъ дар ҷомеа фаъолият намуда, саҳми шоёни худро дар пешрафти ватани азизамон гузорад. Ин муваффақиятҳо ва саодати занони кишвар аз таваҷҷуҳи нек ва ғамхориҳои Пешвои миллат маншаъ гирифта, дар партави ин дастгириҳо бонувони кишвар низ саъю талош мераварзанд, ки сазовори боварӣ бошанд.
Умуман, мо занони кишвар, дар ҳамаи паёмҳо, суханрониҳо ва мулоқотҳо таваҷҷӯҳи Пешвои миллатро ба масъалаи занону духтарон пайваста эҳсос менамоем. Боварӣ дорем, ки чунин сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли мо мусоидат хоҳад кард.
Умедворем, занони тоҷик бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумӯи ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд.
Абдуваҳобзода М.А., омӯзгори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...