Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

458Мувофиқи нақшаи гузаронидани машқҳо аз 25-уми декабри соли 2023 то 4-уми январи соли 2024 машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5-уми Академияи ВКД ба нақша гирифта шуда буд. 25-юми декабри соли 2023 бо иштироки сардори Факултети рақами 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор маҷлиси ташкилӣ-оперативӣ гузаронида шуда, ба курсантон мақсаду мароми гузаронидани машқҳои мазкур фаҳмонида дода шуд.
Машқҳои оперативӣ-тактикӣ марҳилаи хотимавии омӯхтани фанҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Мурофиаи ҷиноятӣ» аз ҷониби курсантони хатмкунанда буда, усули самарабахши санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии курсантон бо ин фанҳо мебошад.
Гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ ду хусусият дорад:
1. Дарсӣ - санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши назариявии курсантон дар гузаштани таҷрибаомӯзии дар пеш истода ва расонидани ёрии амалӣ дар омода шуданашон ба имтиҳонҳои давлатӣ.
2. Тарбиявӣ - барои иҷрои уҳдадорӣ, тарбия намудани курсантон дар руҳияи риояи принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пинҳонкорӣ, ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо.
Бо мақсади иҷро намудани талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дуруст дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, дар давраи аз 25 декабри соли 2023 то 4 январи соли 2024 бо курсантони курсҳои 5 факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои оперативӣ-тактикӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Барои роҳбарӣ намудан ва гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод аз ҳисоби роҳбарияти Академияи ВКД, шуъбаи таълим ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шуд.
Машқҳо дар асоси нақшаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ, дар ҳама гурӯҳҳои машқӣ аз соати 9.00 то 15.30 гузаронида шуданд. Натиҷаи гузаронидани машқҳо аз ҷониби мушоҳидачиён омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ҳамарӯза назорат ва ҷамъбаст мегардид.
Ҳамаи иштирокчиёни машқҳои оперативӣ-тактикиро ба 12 гурӯҳ тақсим карда, ҳар як иштирокчии ин гурӯҳҳо дар вазифаи шахси мансабдори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, ба монанди: ваколатдори оперативӣ, сарваколатдори оперативӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, нозири минтақавии милитсия, муфаттиш, муфаттиши калон, сардори қисми навбатдорӣ, ёрдамчии навбатдор, сарнозири минтақавии милитсия, нозири минтақавии милитсия, эксперт ва сардори ШВКД баромад намуданд.
Омӯзгорони Академия дар гузаронидани машқҳо ба ҳайси мушоҳидачӣ ширкат варзиданд.
Гурӯҳҳои машқӣ дар самти ҷустуҷӯи ҷиноятӣ фаъолият намуда, пас аз хотима ёфтани машқҳо натиҷаи корашонро ба мушоҳидачиён пешкаш менамуданд: макети парвандаи ҷиноятӣ; макети парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ; нақша ва ҳуҷҷатҳои сардори ШВКД; ҳуҷҷатҳое, ки дар он ҷараёни ҳаррӯзаи машқҳо дарҷ шудааст.
Курсантоне, ки дар самти нозирони минтақавии милитсия фаъолият мекунанд, бо чунин мавод натиҷаи корашонро ба мушоҳидачиён пешниҳод карданд: мавод оид ба вайрон намудани қоидаҳои низоми шиносномадиҳӣ; мавод оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; мавод оид ба майдаавбошӣ; мавод оид ба вайрон намудани қоидаҳои иҷозатномадиҳӣ; санади қабул ва супоридани минтақаи хизматрасонӣ; парвандаи кормандони ғайриштатии милитсия.
Дар ҷараёни гузаронидани машқҳо курсантон аз воситаҳои техникаи оперативӣ, махсуси криминалистӣ, видеокамераҳо, суратгиракҳо, радиостансияҳо ва алоқаи ноқилӣ, кинологҳо, сагҳои хизматӣ, воситаҳои нақлиёти махсус фаъолона истифода бурданд.
Ташкил ва гузаронидани амалиётҳо пурра ба навор гирифта шуда, лаҳзаҳои даркори аксбардорӣ гардида, суратлавҳа омода карда шуд. Дар раванди машқҳои оперативӣ-тактикӣ курсантон масъулиятро ҳис карда вазифаҳои хешро иҷро намуданд. Рӯзи охирин курсантон бо омода намудани парвандаҳои дар самтҳои худ тартиб додаашон баромад намуда, онро ҳимоя намуданд.
Муродзода Ф.Ғ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...