Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили мубориза бо киберҷиноятҳо дар Паёми Пешвои миллат

457Дар замони ҷаҳонишавӣ ва истифодаи босуръати технолгияхои иттилоотӣ ҳаракатҳои гуногуни терористию экстремистӣ, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ҷомеаи ҷаҳониро ноором намуда, ҳазорон нафарони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, таҳдиди умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҷомеаи имрӯзаро бе компютерҳо, планшетҳо, телефонҳои мобилии имконияташон васеъ, телевизонҳои бо Интертет ва моҳвора пайваст тасаввур кардан ғайримкон аст. Дар шароити имрӯза технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамон ба тарзи васеъ истифода бурда мешавад. Технологияи муосир ва Интернет на танҳо бо мақсади пешбурди кор, инчунин бо мақсади ҷинояткорӣ (киберҷиноят) истифода мешавад, ки хатарҳои зиёдеро ба пеш меорад. Яке аз ин хатарҳо гумроҳ намудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созмону ҳаракатҳои тундраво, экстремистию террористии манъшуда бо истифода аз шабакаҳои Интернетӣ мебошад, ки ин гурӯҳҳо онро ба тарзи васеъ истифода менамоянд.Фаъолияти ғайриқонунӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ бо истифодабарӣ аз шабакаи Интернет бо мақсадҳои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ истифода бурда мешавад. Ин гуна ҷиноятҳо ба муқобили давлатҳои гуногун, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳида равона мегарданд. Киберқаллобӣ, терроризму экстремизм, паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, ҷосусии компютерӣ, дастрасии ғайриқонунӣ ба додаҳои шахсӣ, таҳдидҳо ба инфрасохторҳои муҳим (нақлиёт, энергетика, алоқа, тиб, сохтмон, бонкҳо, роҳҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан) ва дигар ҷиноятҳо хатари зиёд ба амнияти давлат мебошад. Қисмати зиёди ҷиноятҳое, ки бо истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ содир мегардад, ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва психотропикӣ низ вобастагӣ дорад. Ғайр аз ин шабакаи умумиҷаҳонӣ ба тарзи васеъ барои тарғиботи ақидаҳо ва ҳаракатҳои гуногуни экстремистӣ истифода бурда мешавад. Киберҷиноятҳо аз ҳудуди давлатҳо баромада, тавсифи байнисарҳадӣ доранд. Барои киберҷинояткорон сарҳад байни давлатҳо вуҷуд надорад. Мутассифона киберҷиноятҳо характери байналмилалӣ доранд. Таҳдидҳои компютерӣ метавонад ба мо аз дигар давлатҳо расонида шавад, на аз дохили ҷумҳурӣ. «Ҷинояткорон метавонанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, вале онҳо имкон доранд, серверҳои дар дигар давлатҳо бударо истифода намоянд. Бинобар ин дар ин маврид ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба ошкор кардани киберҷиноятҳо хеле зарур мебошад» менависад муҳаққиқ Назаров А.Ш. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ.
Дар замони муосир ягон кишвар, созмон ва махсусан истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор монда наметавонанд. Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе кишварҳо 4/10 ҳиссаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин, раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии давлати худ диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои нави ҷиноятҳои киберӣ, кишварҳои пешрафта стратегияи махсус оид ба амнияти кибериро амалӣ менамоянд, ки аз хавфи он ҳимоя шаванд. Аз ҳама кишвари пешсаф Малайзия мебошад, ки 74% метавонад худро аз ҷиноятҳои киберӣ ҳифз намояд. Инчунин Япония- 72%, Индонезия — 70%, ИМА — 60%, Россия -60%, Франсия — 51%, Германия — 45% метавонанд худро аз ҷиноятҳои киберӣ муҳофизат намоянд. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки ягон давлат наметавонад ба пуррагӣ, яъне 100% худро ҳимоя намояд. Яке аз навъҳои ҷиноятҳои киберӣ – кибертерроризм мебошад, ки хавфу хатари он хосияти фаромиллӣ дошта, ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба кишварҳо дар алоҳидагӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳадафи кибертерроризм низ чун терроризми анъанавӣ таҳдид ба инсоният ва ноором кардани суботу амният мебошад.
Солҳои охир давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла макомоти ҳифзи ҳуқук кишвар ба ин зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва сохторҳои марбута ба он мубориза мебарад. Таҷриба нишон додааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии кибертеррористон ба даст овардани маълумоти махфӣ ва дорои хусусияти стратегии мақомоти давлатӣ мебошад. Моҳи майи соли 2017 вируси харобкунандае бо номи “WannaCry” ба системаи компютерӣ дар саросари ҷаҳон паҳн карда шуд, ки дар натиҷаи он 500 ҳазор компютер бо системаи “Windows” дар 150 кишвари дунё зарар дида, аз кор монданд. Инчунин охирҳои моҳи декабри соли 2018 хакерҳои номаълум санадҳои ҳизбҳо ва маълумоти шахсии садҳо сиёсатмадорони Германияро рахна карда, дар Интернет паҳн намуданд, ки асосан суроғаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои мобилӣ, почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дохилиҳизбии ин сиёсатмадоронро дар бар мегирифт. Бо ташаббуси Пешвои миллат санаи 13-уми декабри соли 2023 дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон сохтори нав: Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ифтитоҳ гардида, барномаи машғулияти назариявию амалӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд». Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти нав воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ — Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст.Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.Дар асоси супориши Сарвари давлат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин шуъбаҳои махсуси мубориза алайҳи киберҷиноятҳо дар сохтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти мунтазам менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хатарҳои муосирро таъкид намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».
Ҳамин тариқ масоили мубориза алайҳи киберҷиноятҳо мубрам буда,пайваста дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд.Танҳо бо ҳамбастагии шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мо метавонем дар якҷоягӣ бар зидди киберҷиноятҳо мубориза барем.
Раҷабалиён Абдулҳаким, омӯзгори калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...