Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва шинохти манфиатҳои миллӣ дар Паём

456Ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ - принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Хизмат дар сафҳои макомоти корҳои дохилӣ низ яке аз намудҳои амалигардонии ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ояндаафрӯзашон ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 28-уми декабри соли 2023 пешниҳод намуданд: Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад. Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Дар Паём ҳамчунин масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва шинохти мафиатҳои миллӣ мавзӯи марказӣ маҳсуб меёбад. Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми Зан-Модар, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
«Таълим - ин раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак аст.
Тарбия - ин раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзанд мебошад».
Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Ватандӯстӣ марҳилаҳои гунгуни таърихиро паси сар намудааст.
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст. Ҳанӯз 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст. Дар баробари ин, табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда, 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.
Қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 - «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд.
Тарбияи маънавӣ - ахлоқӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҷмуи тадбирҳое дониста шудааст, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор – хизмати сазовор ба Ватан равона карда мешаванд. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.
«Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027»-ро қабул гардидааст.
Аз ин ру, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву хукукӣ ва худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии касбу кори мо табдил ёбанд. Бояд қайд намуд, ки дар замони бархурди манфиатҳои миллӣ ва байнидавлатӣ ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Албатта суханҳои зикргардида пеш аз ҳама ба хотири боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи садоқат ба касбу савганд мебошад. Чунки, Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои химояи он омода будан, ба кадри сулху субот, осудагиву Вахдат ва Истиклолият расидан, шукронаи сохибдавлатиро ба ҷо овардан аз чумлаи арзишхое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии харрӯзаи худ карор диҳанд ва бовар дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари вокеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Зеро ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама ба ҷавонони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст, - иброз намуданд, Пешвои миллат.
Ҳамаи ин ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани «Соли 2024 - Соли маърифти ҳуқуқӣ» мо омӯзгорону кормандони Академияи Вазорати корҳои дохилиро руҳбаланд намуда, водор менамояд, ки интизоми намунавӣ дошта, дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлатамон доимо омода бошем.
Шоҳиён Ш.Ш., сардори курси якуми воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2, полковники милитсия
Қурбонзода Х.А., муовини сардори курси якуми воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2, подполковники милитсия
Абдулҳамидзода А.Д., муовини сардори курси якуми воҳиди таълимӣ-низомии факултети №2, лейтенанти калони милитсия.

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...