Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешво - саршори панду андарз

455Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат!
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Новобаста аз мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори он ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар он як соли бобарор барои Тоҷикистони азизамон дар саҳифаҳои таърихи кишвар сабт гардид.
Аслан Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳамасола баргузор мегарданд, хусусияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дошта, самтҳои сиёсати давлатдориро дар дохил ва хориҷи кишвар муайян менамояд. Дар баробари муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуъҳои дигари ҳаётан муҳими кишвар низ матраҳ мегарданд.
Масъалаҳои тарбиявӣ ҳангоми ироаи Паём мавқеи муҳим доштанд.
Бахусус қайд намудан лозим аст, ки дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои эҳтироми зан - модар, таълиму тарбияи фарзандон, омӯзонидани касбу ҳунар ва соҳибкасб гардонидани фарзандон, одоби шаҳрдорию давлатдорӣ ва тозаю озода нигоҳдории он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд, ки ин бевосита аз ғамхориҳои роҳбари давлат нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар шаҳодат медиҳад ва ногуфта намонад, ки ин азму талоши ҳамешагии Сарвари кишвар маҳсуб меёбад.
Бо азму талош ва дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат имрӯз вазъи иҷтимоии тамоми ятимону бепарасторони кишвар, ба таври мусбӣ арзёбӣ гардид.
Дар қадру манзалати занону модарон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Панду насиҳатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар суханрониҳояшон садо медиҳанд, чунон таъсирбахш мебошанд, ки ҳар фарди ҷомеаро такони ҷиддӣ мебахшад ва ба андешаронӣ водор менамояд. Суханони таъсирбахши Сарвари давлат ҳар фардеро, ки дар вуҷудаш заррае ҳисси инсонӣ дорад, ба ваҷд меорад ва об дар чашмонаш ҳалқа мегирад.
Чунончи дар боби фазилати модарон ҳамеша таъкид менамоянд, ки то ҷон дар бадан дорем бояд дар фикри ҳурмату эҳтироми модарон бошем, ба қадри заҳматҳои модарон расем, нагузорем, ки модарон азият бинанд, орзуҳои модарон нисбат ба фарзандон амалӣ гардад ва чунон рафтор намоем, ки баъд аз гузашти фурсати муносиб афсусхуриҳо накунем.
Ёдовар шуданд, ки ин модар аст, ки бо вуҷуди ҳама он машаққатҳое, ки мекашад, тифлро душман намегирад, балки бештару бештар дӯсташ медорад. Ин модар аст, ки ҳар гоҳ ифлосие дар бадани тифл мебинад, нисбаташ мутанаффир намешавад, балки бо муҳаббату навозишҳо покаш мекунад. Ин модар аст, ки ҳар фарзандашро то сари пои худ рост ва мустақил шудан парасторӣ менамояд ва дар кадом ҳолате ҳам бошад, хоҳ дар хислати манфӣ ва хоҳ дар хислати мусбӣ ба фарзанди худ меҳрубону ҳалим аст.
Масъалаи дигаре, ки зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар Паём қарор дода шуд, ки ба масъалаи таълими фарзандон, бахусус духтарон мебошад. Ба падару модарон муроҷиат намуда, онҳоро барои фароҳам овардани шароити таҳсил фарзандонашон водор намуданд. Махсусан то ба охир таҳсил накардани духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аксарияти он бо дахолати падару модарон рух медиҳад, масъалаи ҳалталаби замон ҳисобида шуда, дар ин самт Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд. Ин масъала бояд ҳар фарди ҷомеаро бетараф нагузорад ва мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бояд дар ин самт чораҷӯӣ намуда, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркӯшоӣ кунӣ на дар бандӣ
Таҳсил намудани духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсили минбаъдаи онҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ, ки ба соҳибкасб гаштани онҳо мусоидат менамояд, монеа нагардем. Чунки агар духтарон босаводу бомаърифат бошанд ва соҳибкасб гарданд монеаҳои зиндагиро ба осонӣ паси сар менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки модаре, ки саводи кофӣ ва дониши мукаммал надорад дар таълиму тарбияи фарзандон низ дучори мушкилиҳо мегардад ва тарбияи фарзандонро ба таври дуруст ба роҳ монда наметавонад. Дар партави ин гуфтаҳо аз суханони Пешвои миллат, ки дар яке аз суханрониҳояшон садо дода буданд, ёдовар мегардем: «Аҳли илму фарҳанг дар ҳама ҷо ва ҳама вақт бақадр буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшед, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем. Ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад».
Дар тозаю озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳия, кӯча ва гулгашту хиёбонҳои мамлакат бояд бетараф набошем. Одоб ва маърифати шаҳрдорию давлатдориро омӯзем ва баҳри ободонии Ватани азизамон тамоми чораҳоро андешем. Ҳамчунон роҳу кӯча ва гулгашту хиёбонҳои мамлакатро тозаю озода нигоҳ дорем, ба мисли он, ки хонаву дари худро ҳамеша тоза ва озода нигоҳдорӣ менамоем. Ин буд таъкиди Сарвари давлат дар бобати одоби шаҳрдорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободу зебо гардонидани диёри азизамон.
Дӯст доштани Ватан ва дар ҳолате ҳам набошад, нисбат ба Ватани хеш хиёнат накарданро ба ҳамагон ҳидоят намуда, ба мардуми кишвар, бахусус ҷавонон эътимод доштани худро дар роҳи ватандорию ватансозӣ изҳор намуданд.
Масъалаи дигаре, ки хусусуияти хоси тарбиявиро дорост, ин арзи сипосу миннатдории Сарвари давлат ва қадрдонияшон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Эътимоди комил доштан ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда нишонаи қадрдонии Пешвои миллат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Қадрдонии Сарвари давлат нисбат ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона, онҳоро ба қаҳрамонӣ ва фидокориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.
Дар пайравии гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар фарди кишварро даъват ба он менамоем, ки ҷиҳати ба гулистон табдил додани табиати Тоҷикистони биҳиштосоямон, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз хонаву дари худ сар карда, дар хурраму сарсабз гардонидани ватанамон саҳмгузор бошем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.
Саидзода Саидшоҳ Саид, сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...