Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати иҷтимоии давлат нисбати кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Паёми Пешвои миллат

453Сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии даромадҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Нобаробарии даромадҳои аҳолӣ дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд меояд: сифати кори коргарон, шумораи аъзоёни оила, вазъи саломатӣ, шароитҳои иқлим, вазъи ҷуғрофии маҳали зист ва ғайра. Шартҳои асосии таъмини баробарии даромадҳо, ки мақсади асосии сиёсати иҷтимоии давлат ин «ҳифзи иҷтимоӣ» ва «кафолати иҷтимоӣ» мебошанд.
Ҳифзи иҷтимоӣ – ин низоми чораҳои мушаххаси давлатие мебошад, ки барои таъмини вазъи устувори моддию иҷтимоии шаҳрвандон равона карда шудааст. Кафолати иҷтимоӣ – ин уҳдадории давлат дар назди аъзоёнаш оид ба таъмини талаботи онҳо мебошад. Сиёсати иҷтимоии давлат асосан дар ду самт сурат мегирад: Ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон; Ҳифзи иҷтимоии камбизоатон. Дар самти якум барномаҳои зерини давлатӣ оид ба шуғли аҳолӣ амалӣ карда мешаванд: барномаҳо оид ба тақвияти афзоиши шуғл ва афзоиши ҷойҳои кор дар сектори давлатӣ; барномаҳо оид ба тайёр намудани қувваи коргарӣ; барномаҳое, ки барои кирояи қувваи корӣ мусоидат мекунанд.
Дар самти дуюм барномаҳои зерини давлатӣ оид ба дастгирии дараҷаи даромадҳо амалӣ карда мешаванд: барномаи суғуртаи иҷтимоӣ, ки аслан барои дастгирии музди кор, нафақапулӣ ва «музди кор» равона шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали ба сари қудрат омадан ба ҳифзи иҷтимоии кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Албатта солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) ин масоили мубрам ва баъзе душвориҳои молиявӣ дошт. Аммо бо имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» (соли 1997) давра ба давра сатҳи иҷтимоии кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шуданд. Масалан танҳо соли 2015 барои кормандони макомоти корҳои дохилӣ, ки дар амалиётҳои махсус ширкат варзида аз буҷаи давлати 2 миллиону 190 ҳазору 143 сомонӣ ҷудо гардида, 24 хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ сохта ба истифода дода шуданд. Дар давом солҳои минбаъда Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи иншоотҳои муҳими сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсан ширкат варзида бо онҳо мулоқоту вохӯриҳо намуданд. Теъдоди зиёди инфрасохтори сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷдиду тармим гардида,биноҳои нави замонавӣ ба истифода дода шуданд. Танҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсия барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. 1-миллиону 798 ҳазору 168 сомонӣ (соли 2015) кӯмаки моддӣ ба собиқадорон, нафақахурон, иштирокчиёни ҶБВ (1941-1945), оилахои кормандони милитсия, маъюбону бепарасторон ҷудо гардид. Чунин тадбирҳо пайваста идома доранд. Ин далелу рақамҳо сол аз сол афзоиш ёфта истодаанд.
Бахусус ҳар сол дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маоши кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ давра ба давра баланд бардошта шуданд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳифзи иҷтимоии мардум бахусус кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифт. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур зикр намуданд: «Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.
Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик ва бахусус барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боиси рӯҳбаландии нави хизматӣ ва ғамхории навбатии давлат маҳсуб ёфта, аз ҳар як корманд масъулияти баландро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза алайҳи шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» талаб менамояд.
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия,
Убайдуллоев Ш.Э., дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...