Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси дастовардҳои варзишӣ дар Паёми Пешвои миллат

442Чун анъана ҳамасола бо натиҷагирӣ аз дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои дурнигарона барои соли оянда ва марҳилаи рушди босубот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат" ироа мегардад.
Паём тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ, илму маърифат, масъалаҳои дастгирии давлатии тамоми мардуми кишвар ва бахусус ҷавонону варзишгаронро фаро мегирад. Мо ҷавонону варзишгарон беш аз ҳама интизори Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ будем. Зеро дар меҳвари ҳар Паём масоили марбут ба дастгирии давлатии соҳа беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби муҳтарам Ҷаноби Олӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба мо нерӯву тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ дар ақсои олам ба вуҷуд меорад.
Мо ҷавонону варзишгарон ба хубӣ эҳсос менамоем, ки ҳанӯз қадамҳои устувор дар ҷодаи рушди бонизоми соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат гузошта шуда буд. Пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ягона аз кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки қонуни худро "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон" қабул намуд. Ҳамзамон баргузории мулоқоти замони бевоситаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мулоқот бо ҷавонону варзишгарон, таъсис додани ниҳоди муттаҳидкунандаи ҷавонону варзишгарон дар сохтори давлатӣ-Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактабҳои оливу муттаҳидаи варзишӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.
Ҳамасола амалӣ намудани иқдомҳои дурнигарона дар самти рушду инкишофи соҳаи ҷавонон ва варзиш, аз қабили муқаррар намудани стипендия ва квотаи Президентӣ, ҷоизаи давлатӣ барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаи Президентӣ барои варзишгарони беҳтарин ва муваффақ боиси рӯҳбаландии қишри таҳрикбахшандаи ҷомеа мебошад. Аз ҷумла басо хушоянд аст, ки тӯли солҳои охир чун анъана таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабои идона озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм - фурӯғи маърифат" баргузор гардида истодааст, ки аксари ғолибони озмунҳои мазкурро қишри наврасу ҷавони мамлакат маҳсуб меёбанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша изҳор медоранд, ки "ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ мегардад ба хотири ояндаи ободу дурахшони ҷавонон амалӣ мегардад".
Ин аст, ки дар Паёми навбатии хеш 28 декабри соли 2023 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба масъалаҳои ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса равона намуда, бамаврид аз дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд.
Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.
Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.
Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд.
Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.
Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.
Барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бо такя ба ҳидоятномаҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва бовариву эътимоди комилашон ба ҷавонону варзишгарон мо омӯзгорони ҷавони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷаҳду талош менамоем, ки насли ояндасоз ва муаррифгари давлату миллатро бо донишу маҳорати хоса тарбия намуда, Ватани азизу маҳбуби худро боз ҳам дар ақсои олам чун пайравони воқеии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намоем.
Саъдуллозода К.С., муаллими кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...