Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омадам, дидам, ғолиб шудам!

141

Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академияи ВКД бо кумаки бевоситаи ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», инчунин Раёсати СММ оид ба кор бо гурезагон дар Тоҷикистон, 29-уи декабри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар, ҳамчунин 32-умин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД, дар асоси банди 38 фасли 4 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар толори асосии Академияи ВКД викторинаи «Лабиринти ҳуқуқӣ» ташкил ва баргузор гардид.142
Қобили зикр аст, ки викторинаи мазкур бори панҷум баргузор гардида, аммо бори аввал дар баробари курсантони Академияи ВКД курсантони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Мақсади баргузории озмуни мазкур - таҳким бахшидани дониши курсантон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ташаккулёбии ақидаи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури хуқуқии мусбӣ, малакаи дар амал татбиқ намудани донишҳои омӯхташуда буд. Озмун бо унсурҳои маҳфили хушдилон гузашт, то дар як вақт ҳам ҷиддӣ ва ҳам шавқовар шуд.
143Дар озмун курсантони курсҳои 3-5 факултети № 2 ва 6 Академияи ВКД ва курсҳои 3-4 Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ширкат варзидаанд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., мушивири Раёсати кор бо гурезагони СММ оид ба ҳимояи байналмилалӣ Руслан Шабдунов ва профессори кафедраи ҳуқуқи ДОС КДАМ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковник Ҳусейнова М.С. баромад намуданд.144
Дастаи Академияи ВКД «Дониш» ва Дастаи ДОС КДАМ «Сарҳадбонон» ном доштанд. Дастаҳо аз 7 нафар иборат буда, як нафар аз афсарон ҳамчун мураббии дастаҳо буд.
145Номи озмун тасодуфӣ набуда, иштирокчиёни он пеш аз ба мақсад расидан бояд монеаҳои ҳуқуқиро, ки иборат аз вазифаҳои озмун мебошанд, паси сар намоянд. Дастае, ки бештар холҳоро ба даст меоварад – дастаи ғолиб ва дастае, ки холҳоро нисбат ба дигар даста камтар ба даст меоварад – дастаи мукофотгиранда эътироф мешавад.
Озмун аз чор давра ибрат буд. Дар давраи якум, ки «Вазифаи хонагӣ» ном дошт ба якчанд қисм тақсим шуд, яъне: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст ва муаррифии мавзӯи интихобкардашуда. Бояд қайд кардан ба маврид аст, ки дастаи «Дониш»-и Академияи ВКД мавзуъ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастаи «Сарҳадбонон» бошад, мавзуъ иод ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ интихоб намуда, видеоклипҳое, ки дар муддати як моҳ тайёр карда будаанд, ба ҳакамон ва мухлисон пешниҳод намудаанд.
Давраи дуюм – «Вазифаи амалия», ки давраи даставӣ буд, ба вазифаҳои пешниҳодшуда ҳар ду даста ҷавоби амиқ ва ҳамаҷониба дода шуд.
Давраи сеюм – «Силоҳбадаст ва хатарнок» буда, ба дастаҳо аксҳои шахсони номаълум ва тавсифи онҳо низ пешниҳод карда шуданд.
Дастаҳо дар кӯтоҳтарин муддат аз пораҳои аксҳои пешниҳодкардашуда (чашму гӯшу даҳону бинӣ ва ғ.) фавран расми пешниҳодшуда, ки бо тасвир мувофиқат аст, тартиб доданд. Дастаи “Дониш” ин вазифаро фавритар иҷро намуда, ғолиби он гашт.
Давраи чорум «Муҳорибаи Титанҳо» (капитанҳо) ном дошт. Дар он капитанҳои дастаҳо ба саҳна даъват карда шуда, ба ҳар капитан 10 савол пешниҳод карда шуд.
Ҳамчун тамошобинон - курсантони факултетҳои № 2 ва № 6, инчунин, курсантони ДОС КДАМ фаъолона иштирок намудаанд.
Ҳангоми танаффус дар рафти озмун, бозӣ бо номи «Ҳозирҷавоб» дар шакли саволу ҷавоб бо курсантон ва ҳакамон гузаронида шуда буд. Барои иштирокчии ҳозирҷавоб аз байни курсантон ва ҳакамон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудаанд.
Баъди ҷамъбасти холҳо аз ҷониби раиси ҳакамон – роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Давлатшоев Ширинбек ғолибони викторина эълон шудаанд, ки он дастаи «Дониш» бо 123 ғолиб ва Дастаи ДОС КДАМ «Сарҳадбонон» бо 122 хол ҷоизадори викторина шуданд ва ба дастаҳо Ҷом, диплом ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин капитани беҳтарин (капитани дастаи «Сарҳадбонон»), «Беҳтарин бонуи ҳуқуқшинос» (аъзои дастаи «Сарҳадбонон»), «Беҳтарин ҷавони ҳуқуқшинос» (аъзои дастаи «Дониш»), инчунин «Беҳтарин сарҳадбон», «Беҳтарин милитсионер» ва «Мухлиси беҳтарин» (курсанти курси 4 факултети № 2) интихоб гардида, онҳо низ ба шаҳодатномаву туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шудаанд.
Баъд аз супоридани Ҷом ва ҷоизаҳо, сухани хотимавии аъзои ҳакамон викторинаи “Лабиринти ҳуқуқӣ” ба анҷом расид.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...