Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

438Таълим ва тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои доҳилӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф ва илм дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои доҳилӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд, ки ба масъалаҳои зерини инкишофи ҷомеа вобастагии зич дорад:
- аз сар гузаронидани буҳрони иҷтимоӣ - иқтисодӣ, таъмини сифати баланди зиндагӣ ва амнияти миллӣ;
- барқарор намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳиби фарҳанг ва тамаддуни бойи таърихӣ, ҳамқадами ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ;
- бунёди асосҳои инкишофи иҷтимоӣ -иқтисодӣ ва маънавӣ.
Вазифаҳои асосии тайёр намудани кадрҳо дар низоми ВКД аз инҳо иборат аст:
- тарбияи ватандӯстонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ширкати онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эҳтироми гузошта, соҳиби одоби баланд бошад;
- инкишофи ҳаматарафаи курсантону шунавандагон, ташаккули малакаи худомӯзӣ ва худфаъолиятии шахс;
- ташаккули ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии илмии курсантон ва шунавандагон, инкишофи фарҳанги таҳамулпазирӣ бо дигар халқҳо;
- таҷдиди бонизоми паҳлӯҳои маориф, инъикоскунандаи тағйиротҳо дар доираи фарҳанг, иқтисодиёт, илм, техника ва технология;
- мудом будани маълумот (таҳсилоти олии касбии баъди мактаби олӣ);
- фаъолияти гуногуни муассисаҳои таълимӣ (Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД, Маркази илмии ВКД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД, Марказҳои таълимӣ - методӣ, Курсҳои Олии Академӣ ва такмили ихтисоси кормандони МКД (дар такягоҳи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон), таҳсил ва бозомӯзии кормандон дар кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур);
- инкишофи анъанаҳои МКД дар таълим ва тайёр намудани кадрҳо, ҷалб ба корҳои илмӣ - тадқикотӣ;
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои фаъолияти МКД.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият маорифро самти афзолиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуда буд. Як қатор санадҳои мухиме аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки дар низоми ВКД низ амалӣ карда мешаванд. Аз қабили «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ноябр соли 2006 №484 тасдиқ шудааст), Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-ноябри соли 2007 №529 тасдиқ шудааст), Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2007 №650 тасдиқ шудааст), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2002 №200 тасдиқ шудааст).Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-феврали соли 1996 №71 тасдиқ карда шудааст).
Албатта ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ ва талабот ба кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд. Ҳоло дар шуъбаи адъюнкураи Академияи ВКД беш аз 41- уновонҷӯён тадқиқоти гуногуни илмӣ мебаранд. Теъдоди зиёди онҳо рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бо- муваффақият ҳимоя намуданд. Алҳол Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки нақшаю барномаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва иловагии касбиро амалӣ месозад: тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ мемонад; дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолият тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро иҷро мекунад ва дар самти фаъолияти худ маркази илмию методӣ ба ҳисоб меравад. Муассиси Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бевосита дар тобеияти Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад. Академия дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад. Дар Академия дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавзӯъҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби олимону омӯзгорон тадқиқотҳои фундаметенталии илмӣ гузаронида мешавад. Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Акдемияи ВКД пурра бо фонди китобҳои илмӣ, таълимӣ, бадеӣ, китобхонаи электронӣ, толори конфронсӣ, толори Шурои олимон, толори Шурои диссертатсионӣ, интернети баландсурат таъмин гаштааст. Аксари китобҳои илмӣ ва таълимӣ аз фанни ФОҶ ба қалами боистеъдоди профессор Раҳимзода Раҳимзода Ҳамро таалуқ доранд. Фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва табъу нашр, тарбиявӣ, ҳоҷагӣ ва байналмилалӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Академия ба ҳисоб мераванд.
Санаи 30-юми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз лавҳаи рамзӣ бардошта, расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд ва онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.
Баъд аз ифтитоҳи иншооти нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуда густариши илмро яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академия шумориданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз намуданд: «Академияи Вазоратикорҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкунандагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва тахкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодааанд”.
22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави факултаи №6 (фаъолияти фаврӣ – ҷустуҷӯи) - и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни Академия самимона истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд. Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст. Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, теъдоди зиёди олимону профессорон ба курсантон таълим медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди таълиму тарбия, илм ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус ВКД мунтазам таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хос зоҳир менамоянд. Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гаштаст, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бо дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва 35-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илмро сазоворона пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда иброз доштанд: «Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.Зарур аст, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».
Аз ин лиҳоз омодасозии минбаъдаи кадрҳо барои соҳахои гуногун, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ таҳти ғамхории пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол аз сол сифати омодасозии кадрҳо беҳтар гардида истодааст.
Асламов Б.С., Самиев Н.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...