Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём - раҳнамо ва ҳидоятномаи халқ

99428-уми декабри соли 2023 дар маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ҳамроҳи кулли ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, шунида шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, инчунин, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дар замони соҳибистиқлолии он баррасӣ гардид, зеро озодиву истиқлолият барои миллати тоҷик дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он халқи тоҷик бояд минбаъд низ саъю талоши худро равона созанд ва ин неъмати бузурги миллатро чун гавҳараки чашм хифз намоянд.
Зимни суханрони Сарвари давлат қайд карданд, ки: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисодии миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ ба даст омадаанд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд».
Сарвари кишвар дар баромади худ ҳамчунин аз хусуси мақоми омӯзгор дар ҷомеа сухан ронда қайд намуданд, ки «Соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Вобаста ба ин омӯзгоронро вазифадор карданд, ки ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Оид ба дастовардҳои ҷавонон дар соли сипаришуда Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Пас аз шунидани Паёми Сарвари давлат сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С. баромад намуда, оид ба Паёми навбатии Президенти кишвар андешаҳои хешро иброз дошт ва қайд намуд, ки ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор доштанд, зеро онҳо дар ҳақиқат ҳам давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки муассисаро ба баҳои хубу аъло хатм намуда, оянда ҳимоятгари давлату миллат ва номбардори давлату миллати хеш гарданд. Дар осори пурқимати гузаштагонамон ҳазорон панду андарзро дарёбанд, ки дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо таъкид шудааст.
Номбурда зимни сӯҳбат қайд намуд, ки мо бояд кӯшиш кунем, ки муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем.
Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи вазифаҳои имрӯз аз тарафи Сарвари кишвар иброзшуда имкон медиҳад, ки мо ба ҳадафҳои асосии хеш дар соҳаи маориф - баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав ноил шавем.
Қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...