Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши хадамоти давлатии оташнишонӣ дар пешгирии сӯхтор ва андешидани чораҳои профилактикӣ

57Дар тулли таърих тарақиёти иқтисодии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ҳифзи ҳаёти саломатии инсон, моликияти давлат ва шаҳрвандон аз сӯхтор яке аз функсияҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷода Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти худро дар ду самтӣ асосӣ амали менамояд. Самти пешгирӣ намудан аз сӯхтор ва самти хомӯш кардан аз сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ ва давлатӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирӣ намудани сӯхтор ин самти афзалиятноки Хадамоти давлатии оташнишонӣ нисбат ба хомӯш намудани сӯхтор арзёбӣ карда мешавад, ки назорати дақиқ ва ҷиддиро аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар обектҳои хоҷагии халқ тадбиқ менамояд.58
Назорати давлати бехатарӣ аз сӯхтор ин маҷмъӯи чорабиниҳои профилактикие мебошад, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва таъмини риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтори амалкунанда, дар тамоми субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва тобъеияти идоравиашон, инчунин ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо ва эмин нигоҳ доштани тамоми намудҳои моликият, ба амал бароварда мешавад.Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар самтҳои мушаххасе амалӣ карда мешавад, ки дар алоҳидагӣ самтҳои мазкур моҳияти асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ташкил медиҳанд.
Тибқи муқаррарроти санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии амалкунанда, ки фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро ба танзим медароранд, самтҳои асосии фаъолияти он инҳо мебошанд:
-фаъолияти назоратӣ дар иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин;
-фаъолияти меъёрӣ - техникӣ вобаста ба риояи талаботи зидди сӯхторӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун;
- фаъолияти маъмурӣ - ҳуқуқӣ;
- фаъолияти таҳқиқотӣ аз рӯйи ҳодисаҳои сӯхтор;
- фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ оид ба омӯзонидани аҳолӣ ва коргарону хизматчиён бо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
-кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ - Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ -техникӣ;
Бо мақсади возеъ ва равшан омӯхтани фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, самтҳои асосии онро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳем.
Фаъолияти назоратӣ - бо мақсади таъмини риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар тамоми иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолнишин амалӣ карда мешавад. Он дар шакли санҷишҳои вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, ки дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва мувофиқи нақшаҳои корӣ гузаронида мешаванд, ба амал бароварда мешавад. Санҷишҳои мазкур ба муфассал, назоратӣ ва фаврӣ ҷудо шуда, вобаста ба таъиноти иншоот ва дараҷаи оташхатарнокии он дар марҳилаҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Мақсади гузаронидани санҷишҳо вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншооти хоҷагии халқ аз як тараф, ошкор ва бартараф намудани он камбудиҳое мебошад, ки дар давоми фаъолияти иншоот ба миён омадаанд. Аз ҷониби дигар бошад, дар рафти гузаронидани санҷишҳои вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, шахси мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, дар баробари ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳбарияти иншоот иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои профилактикиеро пешниҳод менамояд, ки дар сурати ба амал омадани сӯхтор, раванди хомӯш намудан ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори онро то ҳадди имкон содда мегардонанд.
Агар аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши муфассал ба маъмурияти иншоот барои иҷроиш амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод карда шавад, пас ҳангоми санҷиши назоратӣ аслан рафти иҷроиши чорабиниҳои пешниҳодшуда мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Вобаста ба натиҷаҳои санҷиши назоратӣ нисбати роҳбарияти иншоот ва дигар шахсони масъул, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон доир ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор хунукназари зоҳир намудаанд, дар доираи ваколатҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ки тибқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, тадбирҳои дахлдор татбиқ карда мешаванд.
Фаъолияти меъёрӣ-техникӣ- вобаста ба риояи талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун самти асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба ҳисоб меравад.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани самти зикргардида шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро зарур аст, ки фаъолияти худро дар заминаи ҳамкориҳои мустаҳкаму судманд бо ташкилоти лоиҳакашӣ ба роҳ монанд.
Зеро, ҳанӯз дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони иншоот, кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор лоиҳаи пешниҳодгардидаро санҷида, ҳалҳои меъмории аз тарафи лоиҳакаши иншоот қабулшударо бо талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда муқоиса менамоянд.
Дар сурати муайян намудани ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи мазкур, дарҳол аз муаллифи лоиҳа бартараф намудани камбудии роҳдодаро талаб кардан зарур аст. Танҳо баъди пурра ислоҳ гардидани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи зидди сӯхтори меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ будани он, лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва ё азнавсозии иншоот аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мувофиқа карда мешавад.
Ҳангоми мувофиқасозии лоиҳаҳо, ғайр аз муқоиса намудани он ба меъёрҳои амалкунанда, шахси мансабдори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро лозим аст, ки ба фармоишгар, намояндагони ташкилоти лоиҳакашӣ дар доираи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ иҷрои як қатор чорабиниҳои зиддисӯхториро пешниҳод намояд
Фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор- дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда, аз он ҷумла, Кодексҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад.
Ин самти фаъолият механизми маҷбуркуниеро ташкил медиҳад, ки аз тарафи қонунгузор ҷиҳати таъмини риояи талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешбинӣ гардидааст. Яъне, мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар сурати муайян намудани ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, дорои ваколатҳое мебошад, ки бо истифода аз онҳо метавонад, роҳбарияти иншоот ва дигар вайронкунандагони қоидаҳои амалкунандаро бо таҳдиди татбиқ намудани чораҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маҷбур созад.
Танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ва ошкор намудани далелҳои дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки метавонанд боиси ба амал омадани оқибатҳои ногувор гарданд, назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор аз ваколатҳои қайдшуда истифода мебарад.
Таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки аксаран ин чораи маҷбуркунӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода, роҳбарони иншоот баъди нисбати онҳо татбиқ намудани чораҳои маъмурӣ, монанди ҷалб намудан ба ҷарима ба маблағҳои гуногун дар самти таъмини бехатарӣ аз сӯхтори иншоот тадбирҳои заруриро меандешанд. Пас хулоса кардан мумкин аст, ки фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба беҳтар гардидани вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншоот ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.
Фаъолияти таҳқиқотии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор- тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Аз рӯйи ҳамаи ҳодисаҳи сӯхторе, ки ба амал меоянд, мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида, дар ҳолатҳои аз тарафи Қонунгузор муайяншуда, фаъолияти таҳқиқро ба роҳ мемонад.
Мақсад аз гузаронидани санҷиш оид ба ҳодисаҳои сӯхтор, қабл аз ҳама муайян намудани сабабҳои ба амал омадани сӯхтор, шахсони гунаҳкори он ва қабул намудани қарори қонунӣ мебошад. Дар сурати дар кирдори шахсони гунаҳкор ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноят, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тадбиқи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешавад.
Бояд илова намуд, ки ба ғайр аз муайян намудани сабаб ва шахсони гунаҳкор, санҷиши ҳодисаҳои сӯхтор дар муайян намудани самтҳои муҳими фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор вобаста ба вазъияти фаврии ба амаломада низ нақши босазоеро мебозад. Зеро дар асоси таҳлили ҳодисаҳои сӯхтори ба амаломада аз рӯйи сабабҳо, объектҳои баамалоӣ, вақт, тобеияти идоравӣ ва ғайраҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ иловагӣ таҳия мегарданд, ки бевосита баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор равона карда мешаванд.
Инчунин, маҳз дар натиҷаи таҳлилҳое, ки дар рафти таҳқиқи ҳодисаҳои сӯхтор ба даст меоянд, муттасаддиёни хадамоти давлатии оташнишонӣ метавонанд маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунандаи амалиеро таҳия намоянд, ки дар оянда боиси коҳиш ёфтани шумораи сӯхторҳо гардад. Дар ҷабҳаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтори иншооти хоҷагии халқ ва маҳаллаҳои аҳолинишин фаъолияти тарғиботию ташвиқотии назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор мавқеи назаррас дорад.
Маҳз тавассути фаъолияти дурусти тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо воситаҳои ахбори омма, аз қабили радио, телевизион, матбуоти даврӣ бо роҳи омода ва пешкаши аҳолӣ гардонидани навору гузоришҳо ва чопи хабару мақолаҳои мухталиф амалӣ карда мешавад, метавон дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва оқибатҳои нохуши он ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.
Самти дигари фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ омӯзонидани аҳолӣ бо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷойҳои зисташон ба ҳисоб меравад. Дар сурати барпо намудани робитаҳои мустаҳками корӣ бо намояндагони хоҷагиҳои манзилӣ-коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо, гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳо ва дар байни онҳо паҳн намудани воситаҳои аёнии тарғиботӣ метавон ба паст рафтани шумораи сӯхторҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат кард.
Ба ҳамин монанд, гузаронидани минимумҳои оташнишонӣ-техникӣ ва сӯҳбату дастурамалҳои дахлдор бо коргарону хизматчиёни иншооти хоҷагии халқ низ дар самти таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ - Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ - низ аз самтҳои асосии фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ба шумор меравад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1995 таҳти №726 Низомнома «Дар бораи дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ» тасдиқ карда шудааст.
Низомномаи мазкур тарзу усулҳои ташкил намудани созмонҳои ҷамъиятии мазкур, ҳуқуқу вазифаҳо, таъминоти иҷтимоӣ, молиявӣ ва ғайраҳоро муқаррар намудааст.
Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ аз зумраи он созмонҳои ҷамъиятие ба шумор мераванд, ки дар сурати дуруст ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти онҳо, дар симои ин созмонҳо ташкилотҳои мададгореро ёфтан мумкин аст, ки дар таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор ва таъмини риояи талаботи қонунгузории амалкунанда марбут ба бехатарӣ аз сӯхтор ҳиссаи босазои худро хоҳанд гузошт.
Барои ин, қабл аз ҳама намояндагони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор бояд, ки ба роҳбарияти иншооти хоҷагии халқ дар ташкил намудани Дастаҳои идоравии оташнишонӣ ва комиссияҳои оташнишонӣ-техникӣ кӯмаки бевоситаи худро расонида, бо аъзоёни созмонҳои мазкур вобаста ба омӯзиши вазифаҳои хизматиашон машғулиятҳои алоҳидаро гузаронанд.
Ҳамин тариқ, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ҳар як самти фаъолияти он дар ниҳояти кор ба рафъи мушкилоти кормандони бахши сӯхторхомӯшкунӣ равона гардидааст. Яъне, фаъолияти бахши сӯхторхомӯшкунии хадамоти давлатии оташнишонӣ бевосита аз сифати фаъолияти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор вобастагӣ дорад, чунки дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо ва эмин нигоҳ доштани моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ қувваю воситаҳои номбурдаро истифода карда, дар рушду инкишофи давлати тозабунёди тоҷикон софдилона ва беғаразона меҳнат намоем. Ана ҳамин омил метавонад боиси болоравии обрӯю эътибори хадамоти давлатии оташнишонӣ гардида, эътимоду боварии халқи Тоҷикистонро ба мо – кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ афзун намояд.

Дотсенти кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори
факултети №5 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия
Сафарбекзода Зикрилло Сафарбек.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...