Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси масоили маориф ва илм дар Паёми Пешвои миллат

436Ироа гардидани Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин дастовард буда, ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар манзур мегардад.
Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузор, аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва татбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд. Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр мегардад, бахши маориф ва илми кишвар мебошад.
Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Пешвои муаззами миллат, соҳаи маориф ва илмро дар сиёсати иҷтимоии хеш самти афзалиятнок шуморида, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва нерӯи ақлонии кишвар, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Аҳли илму маорифи кишвар аз он ифтихор менамоянд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд.
Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон, бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф дар сиёсати давлатии кишварҳо ва ҳамзамон муосирсозии ин соҳа барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии кишварҳо мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, масоили рушд, ҳифз ва амалисозии нерӯи зеҳнии ҷомеа дар шароити кунунӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Таҳлили бахши маориф ва илм дар Паёми имсола, бори дигар таҷассум намуд, ки мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалият дошта, ҷойгоҳи хосеро дар бунёди ҷомеаи солим ва давлати миллӣ соҳиб мебошад. Вобаста ба ин масъала дар Паём қайд гардид, ки “...мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем” .
Возеҳ аст, ки ихтисоси омӯзгорӣ касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд дар муқобили афкори носолим ва хатару таҳдидҳои муосир устувор бошанд. Замири чунин наслҳои созанда, аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи омӯзгор вобаста аст.
Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба шинохти арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқату самимият мебошад. Ин масъулият ва вазифаи муқаддас бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти омӯзгор табдил ёбад.
Бо назардошти чунин рисолати омӯзгор дар ҷомеа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «…омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
Таҷрибаи башарӣ исбот намудааст, ки дар ҷомеае, ки ба мақоми омӯзгор, мактаб ва маориф эҳтиром гузошта намешавад, ба пешрафт ноил нагардида, бесаводӣ фарогир шуда, ҷаҳолату бадбахтӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Ҳамзамон, масъалаи пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобаста дониста шуда, дар Паём таъкид карда шуд, ки «…бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Албата, яке аз омилҳои асосӣ, ки дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии ҷомеа мусоидат менамояд, омили маърифатӣ-фарҳангӣ мебошад. Маҳз ин омил метавонад барои рафъи ҷаҳолату хурофот мусоидат намуда, пеши роҳи гаравиши баъзан ҷавононро ба ғояҳои номатлуби ифротгароӣ гирад.
Бо ин мақсад, аз оғози фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат, масъалаи фарогирии наврасону ҷавонон ба таҳсил дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ суръат гирифта, ҳоло низ идома доранд. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст».
Вобаста ба маблағгузории соҳа низ дар Паём таъкид гардид, ки «…соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад».
Дар баробари дастуру супоришҳои мушаххас ва роҳнамоиҳое, ки барои соҳаи маориф ва илми кишвар дода шуд, бахши муҳими Паёмро дар ин самт, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, алалхусус баланд бардоштани музди маош ва стипендия ташкил медиҳад. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки “...бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”.
Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати одилонаву инсонпарвар ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Таҳлили бахши соҳаи илм низ дар шакли алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт низ дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур гардиданд.
Бо назардошти нақши созандаи илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар Паёми имсола таъкид гардид, ки “...бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Албатта, Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон, заминаи боэътимод гузошта шавад. Маҳз бо иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд.
Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва таъмини ҳамоҳангии илм бо истеҳсолот таъмин карда шавад.
Бо назардошти чунин ҳолат, таъкид карда шуд, ки “...вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Шоҳиён Шуҳрат Шоҳ, сардори курси воҳиди таълимии низомии Академияи ВКД, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...